Ин матлаб дар ҳоле ба дасти хонанда мерасад, ки дар Мактаб-интернати низомаш махсуси ҷумҳуриявии ноҳияи Ҳисор таътил ба охир расида, хонандагон дубора ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Аммо дар ин фасли сармо сардии долонҳои мактаб-интернат, набудани шароити зарурии шустушӯ, камбуди шадиди неруи барқ ва як даста мушкилоти дигар ҳамроҳ бо нимаи дувуми соли хониш ба истиқболи бачаҳои маълулу маҷруҳ оғӯш мекушоянд. Бидуни шубҳа, ин шароит ба вазъи сиҳатии таълимгирандагоне, ки ҳамчунин мебояд дар ин муассиса табобат шаванд, бе асар нахоҳад буд. Он ҳам асари манфӣ…
Шаҳноза Тӯхтаеваи 18 сола, яке аз 318 нафар таълимгирандаи ин мактаб-интернат аст, ки новобаста аз таътил будани муассиса, дар ин макон рӯз мегузаронад, зеро дигар сарпаноҳе надорад. Вай мегӯяд, ки аз 4 сол ба ин сӯ дар ин муассиса ба сар мебарад. Ҳам ятим аст ва ҳам, тибқи ташхиси табибон, маҷруҳи равонӣ. Сарфи назар аз каму кост ва шароити мавҷудаи мактаб-интернат, Шаҳноза мегӯяд, ки ҳолаш хуб аст ва шикояте надорад. Танҳо барқ намерасад, танҳо ҳаммоми дурусте дар ин ҷо мавҷуд нест, танҳо долонҳо «каме» сарданд, танҳо утоқҳои хобу бозӣ гаҳ-гоҳе сард мешаванд, танҳо гоҳо маҷбур мешаванд хӯроки хунук тановул кунанду чойи ноҷӯшида ва ё сард бинӯшанд…
Ҳанӯз ангуштшумории Шаҳноза ба итмом нарасида, яке аз масъулини мактаб-интернат дарро кӯфт ва Шаҳноза аз ҳисоб боз монда, ангуштонашро мушт карду дар ҷайбаш гузошт.
318 кӯдаки маълулу маҷруҳи тоҷик чӣ ҳол дорад?
Ҳамроҳи Шаҳноза Тӯхтаева дар муассисаи мазкур феълан 13 нафар ҷавону наврасону атфоли ятим ва маълулу маҷруҳ бошандаи доимии ин муассисаанд. Шабу рӯзе, ки хабарнигори «Бонувони Тоҷикистон» аз пайи омода кардани ин матлаб буд (даҳаи аввали моҳи январ), 304 нафар таълимгирандаи дигар ба назди ворису волидайни худ ба таътили якмоҳаи зимистонӣ фиристода шуда буданд.
Тавре муовини директори муассисаи мазкур Бободавлат Раҷабов мегӯяд, ин мактаб-интернат 30 сол муқаддам, дар соли 1983 дар мавзеи Хирманаки Ҷамоати деҳоти Сомонии ноҳия Ҳисор бо ҳадафи ба таҳсил фаро гирифтани атфоли маълул, ба мисли гирифторони полиомиелит, буғумдард ва ғайра бунёд шудааст. Пешопеш бояд гуфт, нуқтаи авҷи тазод ин аст, ки ба хотири шифо бахшидан ба ин гуна беморон мебояд дар муассиса гармӣ ба таври ҳатмӣ таъмин бошад, ҳаммоми оби шифобахш, ки сарчашмаи он дар дохили муассиса ҷойгир аст, барои бошандагон ҳамеша дастрас бошад, аммо имрӯз на ин асту на он, вале атфоли фалаҷу буғумдарду полиомиелит ҳастанд.
Аз шумори умумии бошандагон 241 нафар писар ва 77 нафар духтар дар муассиса рӯз мегузаронанду таҳсил мекунанд. Ва ин теъдод ба ду гуруҳ тақсим мешавад: гуруҳи аввал бачаҳои полиомиелит ва касалиҳои фалаҷ - ҷисман носолим ва ё дорои ягон норасоии ҷисмонӣ. Гуруҳи дувум бачаҳои ноқисулақл (руҳан носолим).
Ҳамчунин миёни ин бачаҳо нафарони ятим ва аз оилаҳои носолим низ ҳастанд. Маълулону маҷруҳоне, ки падару модар доранд, дар айёми таътил ба манзилҳояшон фиристода мешаванд. Вале онҳое, ки бар изофаи маълуливу маҷруҳӣ ятим низ ҳастанд, ҳамчун бошандагони доимии мактаб-интернат дар ин макон истиқомат мекунанд.
Парадокс: об ҳаст, ҳаммом нест
Бободавлат Раҷабов, ки аз соли нахустини бунёди мактаб-интернат дар ин ҷо фаъолият мекунад, меафзояд, ки ин муассиса дар гузашта аҳамияти умумишӯравӣ дошт. Кӯдакони маҷруҳу маълул аз бархе кишварҳои Иттифоқи Шӯравӣ низ барои табобату таҳсил ба ин макон оварда мешуданд.
– Он замон ҳамаи шароит барои ин гуна кӯдакон фароҳам буд. Ҳаммоми оби гармамон дар ҳолати хуб нигаҳ дошта мешуд, ки ин муассиса бидуни ҳаммоми оби шифобахшаш ҳич аҳамият надорад. Хуллас, тақрибан ҳич камбудӣ надоштем. Бино хеле васеъу боҳашамат сохта шудааст. Масоҳати умумиаш 9,5 гектарро дар бар мегирад. Худи иморат дар маҷмуъ аз 21600 метри мураббаъ иборат аст. 60 ҳуҷраи хоб, 28 синфи таълимӣ, 13 утоқи таълимӣ, толори варзиш, толори шиноварӣ ва ғайра сохта шудаанд. Дар ҳоли ҳозир нигаҳдории ин адад синфхонаву толору хонаи хоб хеле душвор аст ва ҳам муассиса дар ҳолати на он қадар хуби молиявӣ қарор дорад, – меафзояд Раҷабов.
Аз ваҷоҳати муовини директор ҳувайдост, ки ҳолати кунунии муассиса андуҳи кӯдакони маълулу маҷруҳу ятимро дучанд гардонида, вазъи ноҷурашонро ваҳимтар менамояд.
Дар воқеъ, аз замони бунёдшавӣ то кунун, бо гузашти 30 сол ин муассиса таъмир нашудааст
- Боми бино хеле фарсуда шуда буд, барфу борон мустақиман дар долони иморат мерехт. Бо дастгирии Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон моҳи марти соли 2012 таъмири бомро ба анҷом расонидем, - меафзояд муовини директор.
Як нуктаи дигари тазод инҷост: сарчашмаи оби шифобахши дараи Алмосӣ, ки гуфтем дар дохили муассиса ҷойгир аст, аз бинои асосӣ ҳамагӣ дар масофаи 100 метр ҷорӣ мешавад. Дар соли 1998 ба якборагӣ лӯлаҳо фарсуда шуда, интиқоли об ба дохил қатъ гардидааст. Дар зарфи 15 сол муассисаи мазкур ҳамагӣ 100 метр лӯла пайдо накардаст, ки обро то дохили бино бирасонад. Тавре дар акс мебинед, болои чашмаи оби шифобахш, ки гармиаш ба 40 дараҷа мерасад, як чаҳордеворӣ бунёд ва дохили он як соға (ванна) гузошта шудааст. Атфоли маълул бо навбат ба ин чаҳордеворӣ оварда шуда ҳаммом мегиранд. Барои 318 нафар як соға! Суоле шояд хотири ҳар хонандаро мушавваш созад, ки аз ин ҳаммому аз ин табобат чӣ суде? Як маълул то он ки ҳаммом бигирад, бояд чанд рӯз навбат бипояд? Чаро бо гузашти 15 сол аз мавҷудияти ин мушкилӣ касе лаб во накард?
Оё маълулон ҳаққи дарёфти имтиёзро надоранд?
Ба дурустӣ, ки бештар аз ҳар муассисаи дигар Мактаб-интернати низомаш махсуси ҷумҳуриявии ноҳияи Ҳисор ба нерӯи барқ ниёзмандтар аст. Дар ин макон барқ тибқи реҷа интиқол дода мешавад. Масъулон мегӯянд, шомгоҳон аз соати 18 то 21 ва субҳгоҳӣ аз соати 6 то 8 ба нерӯи барқ дастрасӣ доранд. Муовини директор мегӯяд: сари субҳ ва ё шом ҳоло хӯроки бачаҳо напухтааст, ки барқ хомӯш мегардад.
- Хати сурх, яъне хати барқи доимӣ то наздикии муассисаи мо омадааст. Тақрибан 1-1,5 км масофа аст. Дар мавзеи Академияи футбол барои наврасон (?) хати барқи доимӣ кашида шудааст. Мо ба раиси ноҳияи Ҳисор ва Ширкати СХК «Барқи Тоҷик» нома навиштем, ки ба мо ҳам барқи доимӣ диҳанд. Аз ширкат ҷавоб омад, ки, мутаассифона, онҳо наметавонанд ин масъаларо ҳал намоянд. Ҳоло ба Вазорати маориф, ки муассисаи мо дар тобеияти ин ниҳод аст, муроҷиат кардем. Нуриддин Саидов, вазири маорифи Тоҷикистон, омаданд, аҳволи моро диданд. Чӣ хулоса бароварданд, ҳоло намедонем ва ҳамчунин намедонем, ки ин мушкилӣ кай ҳал мешавад. Бисёр мехостем муроҷиати моро ба назар бигиранд. Зеро ин кӯдакон хеле оҷизу нотавонанд, рӯи аробаи маъюбӣ нишастаанд, бархеашро на даст меҷунбаду на пой. Ба ҳаминҳо, ки имтиёз дода нашавад, дигар ба кӣ имтиёз додан мумкин аст!? - бо дард ва бо суол муроҷиат мекунад Бободавлат Раҷабов.
Илоҷи дарди маълулон: 100 метр лӯла…
Тасодуф буд ва ё амдан, ки барои инъикоси вазъи кунунии Мактаб-интернати низомаш махсуси ҷумҳуриявии ноҳияи Ҳисор маҳз ба маҷаллаи «БТ» муроҷиат намуданд. Бигзор номи нафаре, ки ба маҷалла муроҷиат кард, махфӣ бимонад. Аммо иддаои муроҷиаткунанда аз он чизе, ки рӯи саҳфа омад, фарқ дошт. Ӯ на танҳо ҳамаи ин мушкилотеро, ки зикрашон рафт, изҳор дошта буд. Балки гуфта буд, ки як вазъи бесару сомонӣ дар муассиса ҳукмрон аст. Ба ҳангоме ки мушкилоти зикршударо мум-кин аст бо чашми одӣ дид, тасаввури он чизе, ки пушти парда мегузарад, душвор хоҳад буд?
То лаҳзае, ки ба ин суол посух пайдо мегардад, Шаҳноза Тӯхтаева ҳамроҳи таълимгирандагони дигари ин мактаб-интернат аз сардиву торикӣ ва бе ҳаммому ғизои хунук (ва кӣ медонад боз аз кадом дардҳои дигар?!) ранҷ мебаранду лаб зери дандон гузошта, сабр мекунанд. Вале кист, ки намегузорад 100 метр лӯла аз сарчашмаи оби гарми шифобахш ва ҳазору панҷсад метр сими барқ барои бошандагони маълулу маҷруҳи ин муассиса кашида шавад?
Ё. Ҳалимов
Душанбе-ҳисор-Душанбе