Худкушӣ амали номатлуб, ки тамоми дину оин ва фарҳангу тамаддунҳои олам маҳкумаш мекунанд, дар солҳои охир дар Тоҷикистон рӯ ба афзоиш аст. Дар баробари 48 адад зиёд шудани ҳодисаҳои худкушӣ дар соли 2012 нисбат ба соли пештар, синну соли онҳо , ки аз 9 то 78 сола мебошанд, боиси нигаронист. Худкушӣ аз ҳисоби бонувон бештар мушоҳида мешавад.
«Дигар зистан намехоҳам!» Ин андешаи носолим чӣ гуна бар зеҳни инсон ғолиб меояд, ки дар ҳалли мушкилот роҳи охирин ҷисман аз байн бурдани худро интихоб мекунад? Чаро худкушӣ меафзояд? Чӣ гуна инсонҳои руҳан парешону роҳгумзадаро аз худкушӣ наҷот дод? Дар посух ба ин суолҳо масъулини сохторҳои марбута, ҷомеашиносону равонпизишкон ва уламои дин андешаҳои гуногун доранд.
Инсоният худкуширо нишони эътирози фард нисбат ба шароити иҷтимоӣ ва хушунату беадолатӣ медонад. Дар ҷомеаи мо иддае бо нишони эътироз алайҳи хушунати шавҳару дигар пайвандон, гуруҳе аз бечорагӣ дар ҳалли мушкили иҷтимоӣ, нафароне бо сабабҳои ночиз худкушӣ мекунанд. Дар бештар мавридҳо сабаби худкушии шаҳрвандон бемории равонӣ арзёбӣ мегардад.
Гуноҳи нобахшиданӣ
Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон, мегӯяд, ки ислом худкуширо гуноҳи вазнин ва ҷанозаи худкушро манъ кардааст. Худованд бахшояндаи меҳрубон аст, аммо даст ба худкушӣ задани инсони солимақл нишони ноумедист. Азбаски ноумедӣ сифати шайтон аст, ба инсоне, ки ин сифатро касб мекунад, ҷаноза таъсир надорад.
Дар тақвияти гуфтаҳои муфтии кишвар руҳшинос Маҳмуд Кабирӣ мегӯяд: «Аз ҳафт зинае, ки инсон онро сипарӣ мекунад, севумаш зиндагӣ ё худ имтиҳон дар рӯйи замин буда, вақт маҳаки он қарор дорад. Онҳое, ки бе дарки мақсади асосӣ зиндагӣ мекунанд, дучори ҳалокати маънавӣ шуда, аз ин миён бесаводу сустиродаҳо даст ба худкушӣ мезананд».
Тибқи назарияи руҳшиносӣ барномаи инсон қабл аз ба дунё омаданаш дар қандилҳои осмон тарҳрезӣ шуда, марги ҳар нафар вақти худро дорад. Аз ин рӯ нафаре, ки пеш аз муҳлати барояш муайян шуда, ҳаёти худро барҳам мезанад, руҳаш муаллақ мемонад, зеро он олам ӯро қабул намекунад, - мегӯяд Маҳмуд Кабирӣ.
Шерхон Салимзода, прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ таъкид намуд, ки худкушӣ баробари одамкушӣ ҷиноят аст, зеро ҳаёт неъмати беназирест, ки аз баҳри он гузаштан барои инсон гарон аст. Соли 2012 нисбати як соли пеш худкушӣ дар вилоятҳои Суғд 33, Хатлон 14 ва Бадахшон 3 адад афзоиш ёфта, дар шаҳри Душанбе 1 адад ва дар ноҳияи Турсунзода 22 ҳодиса камтар ба қайд гирифта шудааст. Нисбат ба дигар кишварҳои пешрафта сатҳи худкушӣ дар Тоҷикистон паст бошад ҳам, барои мо ташвишовар аст ва прокуратура ҳолатҳои худкуширо мисли куштор баррасӣ намуда, тамоми паҳлуҳои онро мавриди омӯзиш қарор медиҳад.
– Дар шаҳри Душанбе нисбат ба соли 2011 худкушии мардон аз 14 то 21 нафар афзуда, дар байни занон аз 42 ба 34 нафар коҳиш ёфтааст. Ин мавзуи доғи бахши кор бо занон ва оилаи шаҳри Душанбе аст, – мегӯяд Саида Зикаева, сармутахассиси бахши мазкур. Зеро худкушӣ нишони бефарҳангию надоштани ҳисси худшиносии занон буда, гувоҳи вуҷуд доштани зӯроварӣ дар оилаҳо ва тарбияи носолими насли наврас мебошад. Баҳри пешгирии худкушӣ барномаҳои муштарак дар самтҳои стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар ҷомеа, консепсияи миллии фаъолгардонии занон ва бедор намудани ҳисси ватанпарастии ҷавонон амалӣ шуда истодаанд. Яке аз вазифаҳои асосии Маркази худшиносии бонувон, ки соли гузашта дар шаҳри Душанбе таъсис ёфт, баланд бардоштани маънавиёти занон ва пешгирии хушунат дар оила мебошад.
Чаро худкушӣ зиёд мешавад?
Аз назари руҳшинос Маҳмуд Кабирӣ сабаби афзоиши худкушӣ коҳиш ёфтани маънавиёти ҷомеа аст. Мутаассифона, бештари масъулони ба маънавиёт сару кор дошта, аз илми маонӣ дарак надоранд. Аз ҷониби дигар, то вақте илмҳои дунявӣ ва дин бо ҳам наоянд, маънавиёт ҷавобгӯ ба хостаҳои ҷомеа шуда наметавонад. Ин руҳшинос таъкид дорад; «Дар давраи гузариш аз як сохти ҷамъиятӣ ба дигар, ки одамон як муддат ба ҳоли худ гузошта мешаванд, ба шуури ҷавонон мушкилот меорад.»
– Тасаввур кунед, зани то 22- солае, ки ҳанӯз ақли пешбинанда надорад, аз оила ҷудо шуда, ба ҳоли худ гузошта мешавад. Фикри инсон шабеҳи тухми инкишофкунанда асту донишу иттилоот образ доранд. Вақте инсонро ноумедӣ фаро мегирад, образҳои гуногун дар зеҳнаш инкишоф ёфта, асабро харобу ба дардҳое гирифтор месозад, ки ҳатто ташхиси тиббӣ онро муайян карда наметавонад.
Акрам Давлатов, директори Маркази равоншиносии вилояти Хатлон, низ сабаби афзоиши худкуширо ба зиёд шудани ғамбеморӣ миёни аҳолӣ рабт медиҳад. «Агар 20 -25 дар сади оламиён бо системаи асаби ноустувор таваллуд шаванд, давоми ҳаёт 90 дарсади инсоният гирифтори ғамбеморӣ мешаванд. Ин бемории сабук аст, аммо боиси пайдо шудани мушкилоти ҷомеа шуда, бо мурури вақт дар ашхоси бесаводу сустирода эҳсоси ноумедӣ ва андешаҳои носолим эҷод мекунад, - мегӯяд ӯ.
Дар ҳамин ҳол ба гуфтаи Саидмукаррам Абдуқодирзода, дар баъзе мавридҳо хурӯҷи бемориҳои васвосӣ низ одамонро ба худкушӣ мерасонад. Аз пурсишҳо бармеояд, ки зери мафҳуми худкуш дар зеҳни мардум симои шахсе тасаввур мешавад, ки мушкилоти ба сараш омадаро таҳаммул надорад. Хулоса, тамоми дину оинҳо ва назарияи илми дунявӣ худкуширо далели носолимии ақл арзёбӣ мекунанд. Вале ҳолати равонии ин афрод ба ҳадде пурмуаммо аст, ки то ҳол илми равоншиносӣ онро пурра кашф накардааст.
Роҳҳои пешгирӣ аз худкушӣ
Фирӯза Камолова, мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ, пешниҳод дорад, ки барои пешгирии худкушӣ назоратро аз болои филмҳои ба бозор воридшуда, ҷиддӣ намуда, дар маҳаллаҳо марказҳои боварӣ таъсис шаванд. Дар робита ба таъсири филмҳо ба руҳияи наврасон бону Фирӯза ёдовар шуд, ки соли гузашта навраси 9- солаи шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми бозӣ дар иҷрои «нақш»-и Йигит худро ба ҳалокат расонид.
Худсӯзии сокини 78-солаи шаҳри Қӯрғонтеппаро бошад, масъулини шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳр чунин шарҳ медиҳанд: «Ӯ фарзандони зиёде ба воя расонид, аммо дар айёми пирӣ писаронаш ба ӯ аҳамият намедоданд ва модари пир ба ҷойи дифоъ аз ҳуқуқҳои иҷтимоии хеш, худсӯзӣ кард» Ба гуфти Мастура Орифова, сармутахассиси шуъбаи мазкур, касбомӯзию маърифатнокии бонувон як воситаи асосии пешгирии худкушӣ мебошад. Баъд аз ҷалби духтарон ба таҳсил дар синфҳои болоӣ ва таъсиси марказҳои дастгирии бонувон, сатҳи худкушӣ коҳиш ёфт.
Дар мавриди пешгирӣ аз худкушӣ равоншинос Маҳмуд Кабирӣ мегӯяд, бояд машваратгоҳҳои равонӣ, динӣ, генетикӣ ва иҷтимоиро зиёд намуда, соҳаи табобати равонии мардумро фаъол намуд. Зеро солҳо боз мардумро бо тибби «медикамодӣ» табобат мекунему ба омилҳои равонӣ, ки сабаби 25 дарсади бемориҳоанд, аҳамият намедиҳем. Соли гузашта созмони ҷамъиятии «Маонӣ» 47 нафари дар ҳолати ноумедӣ қарор доштаро аз худкушӣ наҷот дод.
Ба андешаи Акрам Давлатов, директори Маркази равонпизишкии вилояти Хатлон, баҳри пешгирии худкушӣ тадбирҳои зеринро бояд роҳандозӣ кард:
а) Таҳияи барномаҳои коҳиш додани сатҳи ғамбеморӣ.
б) Рушди соҳаҳои фарҳанг ва варзиш дар маҳалҳо.
в) Бозомӯзии духтурони дигар соҳаҳо оид ба ғамбеморӣ ва ташкили ҳуҷраҳои асабшинос барои табобати равонии мардум.
г) Ҷалби занони хонанишин ба истеҳсолоти хонагӣ.
д) Ҷоннок намудани фаъолияти шӯроҳои маҳаллӣ дар самти омӯзиши вазъи иҷтимоии аҳолӣ ва роҳҳои ҳалли он.
Хулоса
Аз маълумоти Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, ки ҳудуди 52 дарсади шахсони даст ба худкушӣ зада занону духтарон мебошанд. Маҳбуба Азимова, сармутахассиси ин кумита иброз медорад, ки дар бештар маврид вазъи иқтисодӣ, баҳсу мунозираҳо ва хушунати оилавӣ сабаби даст ба худкушӣ задани бонувон мешавад. Бо қабули қонун “Дар бораи пешгирии зӯроварии хонаводагӣ” хушунати оилавӣ аз байн рафта, сатҳи худкушиҳо низ коҳиш меёбад.
Ҳакиме фармудааст: “Ду мард аз милаҳои зиндон нигоҳ мекарданд, яке олудагӣ медиду дигаре покӣ. Ҳама ҷойро аз назари покӣ бингаред” Яъне зиндагӣ ҳамон чизе аст, ки мо фикр мекунем ва хушбахтии инсон дар дасти худи ӯст. Аз ин рӯ, хушбахт будан аз худи мо вобаста аст ва омилҳоеро, ки ба ҳолати эмотсионалӣ меоранд, бояд сарфи назар кард. Зеро волотарин саодат ин ҳастии мост ва набояд онро қурбонии эҳсос кард.
Ҷамолиддин Сайфиддинов