Таассуб, шӯҳратпарастӣ, худнамоӣ, «обрӯ»-ву зоҳирпарастӣ, ки исрофкории беҳуда дорад, хонаводаро фақиру касод ва бебисоту ҳатто қарздор менамояд.
Нигинамо Ризоева, сармутахассиси Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо мақсади коҳиш додани камбизоатӣ ва ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми ҷумҳурӣ, гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ бо ибтикорӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон панҷуним сол пеш Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид. Вай дар ҷараёни дар амал татбиқ гаштан бо ҷиҳатҳои мусбати худ ба мардум писанд омада, иҷрои он ба ҳукми анъана табдил гашт ва дар натиҷаи дастгирии васеи аҳли ҷомеа, фаъолияти пурсамари мақомотҳои дахлдор пеши роҳи исрофкории маъракаҳо гирифта шуд ва дар ҷашнҳову маросимҳо хароҷотҳои зиёд ба эътидол оварда шуданд.
Ва дар ин замина боиси тааҷҷуб ва нигаронист, ки ҳарчанд маъракаҳои расмӣ ба низоми муайян даромада бошанд ҳам, дар таҷлили баъзе оинҳои иловагӣ исрофкориҳои нав ба нав анъана шуда истодаанд ва ташаббускори чунин исрофкорӣ аксари вақт бонувони муҳтарами мо мебошанд. Бо тақозои хизмат бо чанд нафар занони маҳаллаи 82-и ноҳияи Синои пойтахт суҳбат доштам. Яке аз онҳо бо ҳузни зиёд аз баргузории тӯйи хонадоршавии духтараш гила карда, иброз дошт, ки ба хонаи бародараш қарзгирӣ рафта истодааст. Зеро ки дар асоси қонуни танзим маъракаҳои мо камхарҷ шуда бошанд ҳам, намоишкории беҳуда ва мусобиқа барои харидани ҷиҳозҳои пурқимати бисёр ба арӯс аз ҷониби волидони ӯ ба ҳукми анъана даромадааст. Аз модар пурсидам, ки сабабгори исрофкорӣ кист, агар, масалан шумо шароит надошта бошед, ба қарз ғӯтидан дуруст нест. Модар посух дод, ки ҷиҳози духтарамро пурра бо мебелҳои хориҷиву бо зару зевар муҳайё насозам, ӯ дар хонаи хушдоманаш таънасор гардида, зиндагияш нотинҷ мешавад. Аз он, ки духтарамро хонавайрон бинам, қарзгирӣ ба ман осон аст. Ба ин бовар кардан нахостам, вале дар як деҳаи ноҳияи Ваҳдат шоҳиди ҷанҷоли дигари оилавӣ шудам, ки он гуфтаро тасдиқ кард. Ду арӯси аввала сеюми навбахтро таъна мезаданд, ки дар ҷиҳози аз хонаи падар овардаи вай дивани хоб ва мебели «Стенка» нест, пас ин арӯс қадр надорад. Вақте аз ҷиҳози овардаи худашон пурсиданд, калонӣ посух дод, ки дар вақти келиншавии ман ин чизҳо «мӯд» набуд. Бубинед, ҳирс ва мусобиқа занҳои камбизоатро ба чи ҳол мерасонад. Исрофкорӣ аз амалҳои носавобе мебошад, ки шариати исломӣ инсонҳоро аз ин амал манъ месозад. Зеро исроф ҳеҷ гоҳ муъҷиби хушнудии Худованд набуд, балки Худо ашхоси исрофкорро дӯст намедорад.
То расму оин ва маросимҳои милливу динии худро ба як низоми муайян надарорем ва хароҷоти беҳудаву зиёдатии мардумро аз байн набарем, ба қабулу татбиқи барномаҳои давлатӣ ва сарфи маблағҳои зиёд дар масъалаи паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ ба натиҷаҳои дилхоҳу назаррас ноил шуда наметавонем.
Эмомалӣ Раҳмон
Исрофкорӣ ва ташкили маъракаҳои бебунёд дар маросимҳои мотам ҳам ба мушоҳида мерасанд. Дар бисёр ҳолатҳо боз ҳам бонувон «ташаббускорон»-и ин маъракаҳои серхарҷ ҳастанд. Ҳамин гуна мусобиқа ва худнамоишдиҳӣ миёни занон дар баъзе манотиқ то ба ҳадде расидааст, ки баъзан миёни бонувон бо шавҳаронашон ихтилофу ҷанҷолҳо рух медиҳанд. Яъне мардон, ки аслан маблағҳои оилавиро дар даст доранд, ҷонибдори танзиму камхарҷ шудани маросимҳоянд, аммо занон ба ҷурми тақлиду таассуби худнамоӣ аз дигар «навоварон» ақиб монданӣ нестанд. «Ман аз кӣ камӣ дорам», «Накунем, айб мешавад», «Фалонӣ қандаша занад, обрӯ кард», «Накунем, шарманда мешавем».
Ин аст нигоҳи баъзе бонувони мо ба зиндагӣ, ба танзим ва ба сомони рӯзгори худашон. Ин гуна мафкура ва маърифати рӯзгордорӣ оё метавонад моро, ё шумо, бонувони азизро, аз фақр, қарз, бебисотӣ ва ба гуфти худатон «шармандагӣ» раҳо бахшад?
Гоҳо ба худ меандешем, ки шояд аз надоштани савияи баланди дониш ва фарҳанги муосир занҳо ба чунин исрофкорӣ роҳ медиҳанд.
Мақоми зан дар ҷомеаи мо баланд меистад. Модар худ мактабу мадрасаи ҳаёт аст. Агар зан хубу порсо бошад, мардон ва аҳли оила азоб намекашанд. Вале исрофкориҳои беҳудае, ки вақтҳои охир аз тарафи занҳои гиромии мо зиёд шудаанд, ба онҳо шараф намеоранд ва ба зарари оилаи худи онҳо мебошанд. Ба фикри мо дар танзими хароҷоти ҷашну маросимҳо маҳз бонувони азизи мо метавонанд саҳми бештаре гузоранд. Зеро ки аввалан хароҷоту масрафи оила бар дӯши занҳост ва ҷои пинҳонӣ нест, ки хоксорона ё пурдабдабаву серхароҷот таҷлил ёфтани маърака маҳз аз занҳо вобастагии сахт дорад.
Умед мекунем, ки минбаъд модарони мо пеши хароҷоти беҳударо гирифта, буҷети оиларо барои баланд бардоштани дониш ва соҳиби касбу кори сазовор гаштани фарзандони худ босамар истифода мебаранд.