Бино ба иттилои вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов, дар соли 2012 аз ҷониби ноболиғон 625 қонунвайронкунӣ, ки содиркунандагонаш наврасонанд, сабт шудааст. Назар ба соли 2011 ин нишондод 80 маврид зиёдтар унвон мешавад. Рамазон Раҳимов мегӯяд, ноболиғон бештар даст ба дуздиву авбошӣ мезананд. Аммо дар як соли охир ҳолатҳои таҷовуз ба номус ва қатл низ содир кардаанд, ки ин падидаҳо мақомотро ба ташвиш овардааст.
Ҷузъиёти ҷиноятҳое, ки аз ҷониби ноболиғон дар соли 2012 содир шудааст, чунин аст: дуздӣ - 433 ҳолат, авбошӣ - 50 ҳолат, ғорат –23 маврид, қаллобӣ - 12 ҳолат, таҷовуз ба номус –8 ҳолат, қатлу куштор – 5 маврид, роҳзанӣ - 5 ҳолат ва ғайра.
Аз мавридҳои дигари ҷинояткорӣ ва қонуншикании ноболиғон ин муноқишаҳои байни мактабӣ будааст, ки низ мақомтро дар ташвиш гузоштааст. Рамазон Раҳимов мегӯяд, дар соли гузашта дар шаҳри Душанбе чанд мавриди муноқишаҳои байнимактабӣ сабт шудааст, ки ноболиғон бо корд ва дигар олот ба ҳамдигар дарафтодаанд.
Нафиса Юнусова, дотсенти кафедраи равоншиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мегӯяд, дар воқеъ чунин суръати афзоиш ва даст ба ҷиноятҳои мутааддид задани ноболиғон мояи нигаронӣ аст. Ба гуфтаи ин равоншинос, омилҳои зиёде ҳастанд, ки боиси аз масири муқаррарӣ баромадани ноболиғон мегарданд. Хонум Юнусова ба таври мушаххас аз ин омилҳо ном мебарад: ҳолат ва фазои носолими хонавода, мактаб ва кӯча.
– Ҳоло наврасон на ба волидайну омӯзгорони худ тақлид мекунанд, балки аз ҷавононе пайравӣ мекунанд, ки бо ягон вижагӣ ба мисли сару либоси хоси худ, тарҳи мӯй ва ё рафтори фарқкунанда аз дигарон тафовут дошта бошанд. Барои ноболиғ на ҳамеша дучархаи дуздидааш, лозим аст. Вай бо ин рафтори худ дар назди ҳамсолонаш мехоҳад собит кунад, ки ҷасур ва далер аст, - меафзояд равоншинос.
Нафиса Юнусова мегӯяд, ки ноболиғон дар даврони муосир идеалҳои дигар доранд. Ҳамзамон ба гуфтаи равоншинос, нобаробарии иҷтимоӣ, мушкилоти хонаводагӣ, дастрасӣ ба маҳсулоти аудиоӣ ва видиоии тарғибгари тамоюлҳои манфӣ, бозиҳои компютерӣ ва Интернет, ки дар он ноболиғи беназорат ҳама чизро пайдо карда метавонад, сабабҳои афзоиши зуҳуроти номатлуб миёни ноболиғон мегарданд.
Аммо, боиси таассуф аст, ки ноболиғони даст ба ҷиноят зада, гоҳҳо ангушти шашуми ҷомеа мегарданд. Ба вижа дар мақомоти тафтишотӣ ва муассисаҳои махсус бо ноболиғони ҷиноят содир карда, ба таври бояду шояд муносибат намекунанд. Ҳолатҳое ҳам ҷой дорад, ки бо эшон рафтори ғайриқонунӣ сурат мегирад.
Тибқи натоиҷи мониторинги «Шиканҷа ва муносибати бераҳмона нисбат ба кӯдакон дар низоми адолати судӣ барои ноболиғон дар Тоҷикистон», ки соли 2012 аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази ҳуқуқи кӯдак» дар якҷоягӣ бо дафтари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ анҷом шудааст, маълум гардидааст, ки мавридҳои зиёди поймолшавии ҳуқуқи ноболиғон дар марҳилаи дастгир шудан, ба шуъбаи корҳои дохилӣ расонидан ва ба ҳангоми тафтиш содир мешудааст. Дар ин мароҳил ҳамчунин ҳуқуқи ноболиғон оид ба дарёфти кумаки ҳимоятгар ва иртибот бо волидайн низ поймол мегардидааст.
Бино ба гуфтаи Тоҷиддин Ҷалолов, сарвари Созмони ҷамъиятии «Маркази ҳуқуқи кӯдак» дар рафти мониторинг масъалаҳои зерин рӯ задаанд:
- То кунун дар Тоҷикистон низоми алоҳидаи адолати судӣ барои ноболиғон фароҳам нашудааст. Низоми мавҷуда бештар ба самти ҷазо додан равона гардидааст, дар ҳангоме, ки барои кӯдак низоме лозим аст, ки ба самти бозтарбия нигаронида шуда бошад;
- Ноболиғоне, ки аз ҷониби мақомти тафтишотӣ дастгир мешаванд, ба шуъбаҳо оварда мешаванд ва он ҷо эшонро муфаттишоне бозпурсӣ мекунанд, ки аксаран донишҳои кор бо ноболиғонро надоранд;
- на ҳамеша ширкати равоншинос ва омӯзгорон ба ҳангоми бозпурсии ноболиғон таъмин мегардад.
Аммо дар маҷмуъ, барои пешгирии қонунвайронкунӣ ва ҷинояткории ноболиғон мутахассисон ва равоншиносон маслиҳат медиҳанд, ки бояд машғулиятҳои берун аз мактабӣ ва донишгоҳӣ тақвият дода шаванд, майдонҳои варзишӣ бунёд гардад, то ки кӯдакон ва наврасон барои машғул шудан ба корҳои номашруъ фурсат пайдо накунанд.
Ё. Ҳалимов