Тоҷиннисо Раҳимова, сокини ноҳияи Файзобод, ҳанӯз дар замони даргириҳои бемаънӣ фарзанди ҷигарбанди худро ғайри ихтиёр ба хотири дарёфти қутти лоямут ба муҳоҷират гусел кард. Солҳои аввал модар дар ғаму фироқи ҷигарбанд чӣ ҳолу рӯзгоре дошт, худ медонисту Худо…
… Аз бози ба ҳиҷрат рафтани Қурбон акнун тамоми рӯз манзараи тирезаи хонаи онҳоро чеҳраи модари роҳинтизор пур мекард. Танҳо баъди гузаштане аз поси шаб пайвандон ӯро ба ҷойи хоб мебурданд, то каме хастагиаш рафъ шаваду аз пой наафтад. Рӯзи дигар ҳанӯз пеш аз тулӯъи офтоб модар боз назди тиреза қарор мегирифт. Интизорӣ…
Дигар суханони тасаллибахши наздикону пайвандон ҳам ки «Қурбон рӯзи дигар, моҳи дигар, соли дигар ҳатман меояд», гӯён ӯро дилпур карданӣ мешуданд, ба гӯшаш намедаромаданд. Ҳоли зоре дошт модар…
Шояд Худованд оҳи дилашро шунида бошад, ки рӯзе ногаҳонӣ бе ҳеҷ хабар Қурбони азизашро аз он сӯи оина бидид, ки бо пайроҳаи рафта боз ба хона меомад. Қалби ҳассоси модар аз шодӣ метапид, дидаи тораш равшан гашт. Мегиристу дам ба дам сару рӯи ҷигарбандашро мебӯсид, ӯро ба оғӯш гирифта, бо ашки шашқатор илтиҷояш мекард, ки дигар ба Русия наравад.
… Рӯзҳову моҳҳо гузаштанд. Тангии вазъи иҷтимоӣ Қурбонро водор кард, то боз рӯ ба мулки бегона оварад. Ин навбат ӯ танҳо набуд, ду бародари дигар, Умару Акбар майли бо ӯ рафтанро карданд. Бо рафтан рафтанду…
Солҳо паси ҳам мегузаштанд. Боз ҳам модар шабеҳи тасвире рӯзҳову моҳҳоро назди тиреза сипарӣ менамуд. Ин бор дарди модар шадидтар аз пешина буд. Модари қарору оромишро аз даст дода, бархосту роҳ сӯйи мулки рус пеш гирифт. Писаронаш Умару Акбарро дар шаҳри Тюмен дарёфт. Огоҳ шуд, ки Қурбон барои дарёфти кори хубтар рафтаву бедарак шудааст. Бо ҳам ба ҷустуҷӯи Қурбон баромаданд. Ҳама ҷоро гаштанд, аз ҳар нафаре, ки Қурбонро мешинохт суроғашро мепурсиданд, нишон меҷустанд, аммо бефоида. Ҳеҷ кас суроғашро надошт.
Модари ҷигарсӯхтаву ноумедгашта ба Ватан баргашт. Акнун дардаш бедаво буд. Мегиристу мегирист… Боз худро паси тирезаи хона «зиндонӣ» кард. Баъзан хаёлан бо Қурбон сӯҳбат меорост. Дар хусуси дар куҷо будану чӣ гуна зистани фарзанд қиссаҳо мебофт. Дар сӯҳбатҳои хаёлӣ ба фарзандаш зор-зор гириставу мегуфт: «Куҷоӣ ҷигарбанди бемеҳри оча? Дар ин даҳ –двоздаҳ сол агар зиндонӣ ҳам мебудӣ, бояд раҳо мешудӣ, дили дар фироқат сухтаам гувоҳӣ медиҳад, ки зиндаву саломатӣ. Инсоф кун, охир як бор биё, ту ҳаққи чунин беному нишон шуданро надорӣ… Оҳ фарзанди бе нишонам»…
… Чандест ҳамсояҳо модарро паси тиреза чашминтизор надидаву гумон карданд, ки шояд хабари хуше шунида ва бо хотири ҷамъ аз пайи кору бори маъмулиаш аст, аммо модар на хабари хуше шунидаасту на ба ӯ пайке расида. Бо амри қисмат ӯ қароргоҳи беш аз 15 солаи интизориашро тағйир додаст. Модарро дарди фироқ акнун ба бистари беморӣ афкандааст, дигар қуввату мадори ба по рост шудану то назди тиреза омаданро надорад. Чашмони ӯ акнун шабу рӯз ба сақфи хона дӯхта шудаанд...
…Зиндагӣ бо маҷрои худ ҷорист. Ҳаёт идома дорад. Аммо алами беному нишон шудани фарзанд барои модар дардест, ки даво надорад. Ҳар нафаре, ки ба аёдаташ меояд, ҳоли зори апаи Тоҷиннисоро дида, бо ашки шашқатор ба ҷойи дуои шифо аз Худованд илтиҷо мекунад, ки «Худоё, фарзандашро баргардон».
Модар пеши назарҳо рӯи бистар оҳ мекашаду об мешавад…
Зебо Давлатова