Ба гуфтаи Тахмина Хуҷамуродова, сармутахассиси бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён, бозомӯзии занону духтарони хонанишин як бахши асосии кори соҳаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, кор бо занон ва оила низ маҳсуб меёбад.
-Дар ин замина мо дар ҳамбастагӣ бо соҳаҳои марбута дар назди ҳар ҷамоатҳои деҳоти ноҳия сехҳои дӯзандагӣ таъсис додаем, ки дар онҳо беш аз 100 нафар бонувон бо ҷойи кор таъмин шуда, дар назди ин коргоҳҳо ҳамин теъдод духтарон ба омӯзиши касбӣ дӯзандагӣ фаро гирифта шудаанд.
Мавсума Ҳакимова, як соҳибкори ҷавони ин ноҳия иброз медорад, ки бонувон бояд бо касбу кори дӯзандагӣ маҳдуд нашуда, балки кӯшиш намоянд, ки маҳсули дигар ҳунарҳои худро низ ба бозор бароварда тавонанд. Мусоҳиби мо баъди таҳлилу омӯзиши бозор моҳе қабл коргоҳи нонпазиро таъсис додааст, то бозори ноҳияро бо нону кулчақанд таъмин намояд. Имрӯз дар коргоҳи нонпазии ӯ се нафар бону кор карда, шабонарӯз ба маблағи 200-300 сомонӣ маҳсулоти истеҳсолнамудаи худро ба фурӯш мебароранд.
Мо ният дорем, ки истеҳсоли нону кулчақандро зиёд намуда, дар баробари таъмини дуконҳои бозор бо ин маҳсулот инчунин ду - се ҷойи нави корӣ барои бонувону духтарони маҳалламон низ муҳайё намоем. Вақте кори нонпазхона ба як маҷрои муайян даромад, бонуи кордонеро масъули он таъйин намуда, худ аз пайи таъсиси маркази ҳунарҳои занона мешавам, - мегӯяд М. Ҳакимова.
Хосият Рӯзиева, як бонуи ҳунарманди Қубодиён бошад аз ҳисоби ҳунари кандакорӣ зиндагии худро пеш мебарад. Дар хонадони Рӯзиевҳо дар як ҳавлӣ 6 оила сукунат дошта, мардон ба чубтарошӣ, бонувон бошанд ба кандакорию рангубори маҳсулот машғуланд. Ба гуфти бону Хосият аъзоёни ин оила аз чӯб 10 намуд асбобу ашёи рӯзгор аз қабили, гавҳора, табақу чумча, яхдону дигар лавозимоти муҳими рӯзгорро тайёр намуда, пешкаши харидорон месозанд.
– Ин ҳунар касабаи аҷдодии оила ба ҳисоб рафта ҷадди мо аз кандакорони маъруфи замони худ дониста мешуданд. Хона ё худ ҷойи сукунати аҳли оила, барои мо натанҳо макони зист, балки коргоҳу бозор низ маҳсуб меёбад. Мо дар ҳавлии худ ба кори доимӣ машғулему маҳсулотамонро низ дар назди дарвозаи хонаамон ба фуруш мегузорем.
Пиронсолони рустои Қубодиён иброз медорад, ки ба истеҳсолот баровардани ҳунарҳои хонагӣ дар гузаштаи қадим ба мисли расму оинҳои мардуми маъмул буд, аммо дар замони шӯравӣ ин анъана камаҳамият шуда, қариб аз байн рафта будаст, аммо ҳоло, ки савдо озод аст, мардум имкон доранд ҳунарҳои қадимаи аҷдодиро аз нав эҳё карда, барои аҳли оилаи худ ҷойҳои корӣ таъсис диҳанд.
Тахмина Хуҷамуродова масъули бахши кор бо занони ноҳия иброз медорад, ки ҷалби бонувон ба рушди ҳунарҳои хонагӣ аз ҳадафҳои асосии роҳбарияти ноҳия ба ҳисоб рафта, дар ин самт якчанд барномаҳо рӯи даст гирифта шудаанд.
– Дар мадди аввал мо рӯйхати ҳунармандонро тартиб дода, дар навбати аввал барои рушди касбу ҳунарашон мусоидат менамоем. Гулдӯзӣ, нақшбандӣ, қолинбофӣ, кандакорӣ дигар ҳунарҳои сӯзанагию бофандагӣ аз зумраи санъатҳои мардумӣ мебошанд, ки дар бозор харидори зиёд доранд. Аммо мардум бинобар надоштани донишу малакаи тиҷоратӣ самараи ин ҳунарҳои худро ба бозор бароварда наметавонанд. Аз ин рӯ мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён тасмим гирифтааст, ки баҳри баланд бардоштани донишу малакаи сокиони русто ба хусус бонувони ҳунарманд як силсила вохӯрию семинарҳои омӯзиширо ба роҳ монад, – мегӯяд Т.Хӯҷамуродова.
Аз натиҷаи омӯзиши бозорҳои минтақа бармеояд, ки дар сурати рушду инкишофи ҳунармандӣ ва ба роҳ мондани истеҳсолоти хонагӣ маҳсули ҳунарҳои мардумӣ дар бозорҳои дохилу хориҷи кишвар харидори худро меёбанд.
Ҷамолиддин САЙФИДДИНОВ