Мушкили савдо дар истгоҳи охирин
Дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон, ки дар охири роҳи аҳамияти ҷумҳуриявидошта қарор дорад, гардиши нақлиёти боркаш нисбат ба дигар ноҳияҳо камтар мушоҳида мешавад. Азбаски интиқоли маҳсулоти ниёзи мардум ба ин макон хароҷоти зиёдро талаб менамояд, арзиши маводи воридотӣ нисбат ба дигар бозорҳои вилояти Хатлон баланд буда, танҳо маҳсулоти анвои маҳаллӣ арзон аст. Гулшан Одинаева, сардори идораи «Тоҷикматлубот»-и ноҳияи Панҷ, иброз медорад, ки ҳамаи ноҳияҳои сарҳадии як роҳи даромаду баромад дошта, ин мушкилиҳои иқтисодиро доранд. Зеро ба ин ноҳияҳои ба қавле «дар истгоҳи охирин» қарор дошта, тоҷирон камтар молу маҳсулот меоранд.
«Ҳатто меваю сабзавоти аз Вахшу ноҳияҳои атроф ба Панҷ ворид шуда, дар бозорҳоямон арзиши баланд доранд. Дар ин ҷо соҳибкороне муваффақ шуда метавонанд, ки бо маблағҳои калон мол ворид намуда, дар он ҳамагӣ 5-10 фисад фоидаи худро монанду халос. Аммо бештари савдогарони бозорҳои мо, ки бо 5 - 10 ҳазор сомонӣ ба хариду фурӯш машғуланд, агар ба моли овардаашон 20 фисад фоидаи худро намонанд, харҷи роҳ ва фоидаи ночизи худро бароварда наметавонанд, – мегӯяд ӯ.
Дар Панҷ «бор»-и савдо ҳам бар дӯши занон аст
Назира Тоҷиддинова, фурӯшандаи бозори марказии ноҳия, иброз медорад, ки даромади дӯконаш барои таъмини рӯзгори оила кифоят мекунаду халос. Баъзан мешавад, ки рӯзҳову ҳафтаҳо чизе ба фурӯш намеравад:
– Рушди тиҷорати хурд мушкилиҳои худро дорад. Барои дар дӯкони тобистон гарму зимистон сард рӯзи дароз мунтазири харидор нишастан, сабру тоқат ва иродаи мустаҳкам мебояд. Имрӯз 80-85 фисади фурӯшандаҳои бозорҳои маркази ноҳияи Панҷро бонувон ташкил мекунанд.
Дигар сокинони соҳили Панҷ низ ба тасдиқи ин гуфтаҳо иброз медоранд, ки вазъияти иқтисодӣ заруратеро пеш овардааст, ки мардон ба муҳоҷирати корӣ, ё дигар пешаҳои сердаромадтар машғул шуда, бозорнишиниро ба бонувон вогузоштаанд.
Назира Тоҷиддинова мегӯяд: «Агар мо, бонувон, ба қарзҳои калони дарозмуддат дастрасӣ медоштем, аз Дубай мол оварда, ҳам тиҷоратамонро пеш мебурдем ва ҳам нархро дар бозори Панҷ паст мефаровардем. Имрӯз маҳсулот то бозорҳои мо аз се - чаҳор даст мегузарад ва ҳар яки он болои арзиши мол фоидаи худро илова мекунад».
Зан ва роҳ
Бинобар гуфтаи тоҷирбонувони Панҷ то вақте роҳҳои маҳаллии мошингард таъмир нагарданду барои рушди тиҷорат дар ноҳия маблағҳои лозима ихтисос дода нашаванд, соҳаи савдо дар сатҳи зарурӣ пеш намеравад.
Раҷабгул Шоева, фурӯшандаи бозори маркази ноҳия, чунин изҳори назар кард: «Дар тӯли 32 соли фаъолияти тиҷоратиам як мушкилиро эҳсос мекунам, ки ин ҳам харобии роҳи мошингарди Панҷ – Қумсангир мебошад. Барои рушди ноҳияи мо бояд пеш аз ҳама роҳи мошингарди Қумсангир – Панҷ – Фархор таъмиру обод шавад».
Дуруст мегӯянд соҳибкорон, ки сабаби кам шудани воридоти нақлиёти боркашонӣ ба ин ноҳия сол ба сол харобу мушкилгузар гаштани роҳи мошингарди Қумсангир - Панҷ - Фархор мебошад. Бахусус, роҳи 60 километрае, ки ин ноҳияро бо роҳи байналмилалии Душанбе- Қумсангир – Панҷи Поён пайваст мекунад, дар ҳолати бад қарор дорад. Мо боварии комил дорем, рӯзе мерасад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи таъмири роҳи мошингарди Қумсангир – Панҷро таҳия ва мавриди амал қарор дода, моро аз бунбасти иқтисодӣ раҳо менамояд, мегӯянд тоҷирону сокинони соҳили Панҷ.
Ҳарчанд маҳсулоти маҳаллӣ дар бозорҳои Панҷ арзон аст, деҳқонону савдогарон андеша доранд, ки интиқоли он ба бозорҳои вилоят ва пойтахти кишвар хароҷоти роҳҳои вайронаро намепӯшонад.
Бонуи соҳибкор: "агар маблағ медоштам…"
Фарида Хушвахтова, фурӯшандаи дӯкони либос, дар зарфи 20 соли ба тиҷорат машғул буданаш, фарзандони бепадар мондаашро тарбия ва ба воя расонид. Имрӯз ҳамроҳи писараш дар ду дӯкон ба хариду фурӯши маҳсулоти воридотӣ машғул аст. «Агар ноҳияи мо ҳам бо Афғонистон роҳи мошингард медошт, тиҷорат дар ин ҷо тараққӣ мекард», – мегӯяд ӯ.
Фаришта орзу дорад, ки баробари дастрас намудани маблағ дар ноҳияи Панҷ бунёди гармхонаҳоро ба роҳ монад. Зеро дар фасли сармо помидору бодиринги барвақтие, ки аз дигар ноҳияҳо ворид мекунанд, ниҳоят нархи баланд доранд. Аммо вақте маҳсулоти маҳаллӣ пухта мерасад, нархи он дар бозор ба ҳадди ниҳоӣ паст мефарояд. Зеро солҳои охир содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз ноҳияи Панҷ коҳиш ёфта, ҳосили деҳқон арзиши худро гум мекунад. Ин аст, ки гаронии маҳсулоти воридотӣ ва арзонии анвои маҳаллӣ заминдоронро аз кори саҳро дилхунук менамояд.
Нархи «сиёҳ» – и тиллои сафед
Имсол деҳқонон нуриҳои маъданӣ ва маводи сӯхтро бо нархҳои «осмонӣ» харидорӣ намуда, пахта парвариш намуданд. Аммо дар мавсими ҷамъоварии ҳосил нархи як тонна дар ҳудуди ноҳия ҳамагӣ 350 доллар арзиш дошт, ки ин ҳатто хароҷоти солонаи деҳқонро намепӯшонад. Аз ин рӯ, то охири даҳаи моҳи октябр деҳқонон ҳосили ҷамъовардаи худро дар хонаҳояшон нигоҳ медоштанд. Ин дар ҳолест, ки дар ҳамон шабу рӯз нархи 1 тонна пахта дар навоҳии Фархору Қумсангир ва Ҷалолиддини Румӣ 450-500 доллар арзиш дошт.
Хоҷагидоре, ки аз ифшои номаш худдорӣ кард, оид ба нарху навои пахта чунин ибрози андеша дорад: «Бо чунин муносибат оқибат хоҷагидорон ҳам заминҳои худро партофта, ба мардикорӣ мераванд. Зеро мо ба хароҷоти ҳангуфт пахта парвариш менамоем, аммо дар вақти ҳосилғундорӣ нархи пахтаи хомро аз 350 доллар боло намебардоранд. Баъзе деҳқонон аз ночорӣ пахтаҳояшонро бо нархи арзон мефурӯшанд, қисми дигар ҳосили ҷамъовардаашонро дар хонаҳояшон нигоҳ медоранд. Зеро нархи имрӯзаи пахта ҳатто хароҷоти парвариши онро намепӯшонад. Пас, деҳқон то кай ба манфиати дигарон кор мекунад?»
Раиси ноҳияи Панҷ Абдуҷон Таваккалов зимни суҳбат иброз дошт, ки дар вохӯрӣ бо соҳибкорон ба мувофиқа расида, нархи ҳар тонна пахтаи хомро аз 350 ба 400 доллари амрикоӣ баланд бардоштаанд. Аммо ҳамин нарх ҳам кишоварзонро қонеъ карда наметавонад.
Ҳамин тавр, харобии роҳу дар «истгоҳи охирин» ҷойгир будани ноҳияи Панҷ боиси коҳиш ёфтани гардиши маҳсулот гардида, ба пешрафти савдо, кишоварзӣ ва саноат таъсири манфии худро расонидааст. Нархҳои осмонии маҳсулоти воридотӣ ва арзонию ба фурӯш нарафтани маводи маҳаллӣ, беҳдошти сатҳи зиндагии мардумро дар ноҳияи Панҷ зери суол мебарад.
Ҷамолиддин САЙФИДДИНОВ