Тақрибан баробар ба мактаб расидем. Пурсидам, ки оё онҳо апаву хоҳаранд? Посух гирифтам, ки бонуи дардманд омӯзгор асту нафари ёрирасон шогирдаш. Вақте занги мактаб садо дод, шогирдон аробачаи муаллимаро ба синф бурданд.
Рупиямоҳ Менгибоева, хатмкардаи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 51, Ҷамоати деҳоти Рӯдакии ноҳияи Восеъ аст. Дар дил ҳаваси ҳамшираи тиббӣ шуданро мепарварид. Бисёр мехост дар вақти бемории нафаре ҳабиби ӯ шавад. Бо ҳамин мақсад соли 1998 ҳуҷҷатҳояшро ба Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб супурд. Вале саломатӣ монеъ шуд. Рупиямоҳ аз қадамзанӣ монд. Дигар бе ёрии нафаре ҳаракат карда наметавонист. Ҳарчанд волидайн талошҳо карданд, ӯро назди беҳтарин пизишкон бурданд, натиҷае ба даст наомад. Тан ба тақдир дода, духтарашонро дилбардорӣ намуданд.
Баъд аз чанде ба мактаби азизаш, ба ҳайси омӯзгори фанни технологияи информатсионӣ ба кор оғоз кард.
Ба гуфти Шерафган Садиров, мудири қисми илмии мактаби миёнаи таҳсилоти умумии рақами 51, вақте муаллима Менгибоева ба кор омад, қисме аз омӯзгорон мегуфтанд, ки Рупиямоҳ методикаро наомӯхтааст ва аз уҳдаи кор намебарояд. Ӯро ба муаллими таҷрибадор - Қодиров, ки аз фанни технологияи информатсионӣ дарс медиҳад, вобаста кардем. Ҳамин тавр ӯ ба зудӣ таҷриба гирифту имрӯз яке аз омӯзгорони фаъол ва серталаби мактаб ба ҳисоб меравад. Ӯ дастпарвари ҳамин мактаб аст, дар вақти мактабхонӣ ҳам бо баҳои хубу аъло мехонд. Шахси масъулиятнок мебошад. Агар дарс дошта бошад, ҳатман як соат барвақттар ба мактаб ҳозир мешавад. Шогирдон бисёр дӯсташ медоранд. Ин шаҳодат аз он медиҳад, ки ӯ дар кор бисёр ҷиддӣ аст. Натиҷаи серталабӣ ва кори хуб аст, ки шогирдонаш дар олимпиадаи байнимактабӣ ғолиб омада, ба даври сеюм роҳхат гирифтанд.
Силсиламоҳ Ҳафизова, омӯзгори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 51, мегӯяд, ки Рупиямоҳ пеш аз беморӣ рӯзгорро ба зимма дошт. Аз уҳдаи ҳама кору бори рӯзгор мебаромад. Дар пухтани шириниҳо ва хуришҳои гуногун ҳунари хуб дорад. Ҳатто чевари хуб ҳам ҳаст. Дар ҷашни Наврӯз шолҳои гулдӯзӣ, чодарҳои гулдӯзӣ ва болиштҳои гулдӯзикардаи ӯро ба намоиш гузоштанд, ки аз дигар гулдӯзиҳо беҳтар буданд. Бо фарҳанги баланд суҳбат мекунад. Натиҷаи ҳамин хислатҳои некаш аст, ки вақте муаллима аз дур бо аробачааш намоён мешавад, шогирдон тозон ба пешвозаш рафта, ӯро то ба хонаи омӯзгорон ва ё кабинети корӣ меоранд. Муаллима дар суҳбатҳо мегӯяд: «Имрӯз дар ҷамъият ҳастанд нафароне, ки ба қавле «чор ишкели дуруст» доранду аз кор мегурезанд. Вале аз пойҳо маҳрум бошам ҳам, корро дӯст медорам, мехоҳам дар байни мардум бошам. Дар ободии Ватан ва пешравии ҷомеа каме ҳам бошад, саҳм дошта бошам».
Рупиямоҳ пуртоқат аст, ҳеҷ вақт шикоят намекунад. Чунин дардмандонро бисёр дидаам, вале на ҳама ба мисли ӯ пуртоқатанд. Ман аз ӯ ифтихор дорам. Дар зиндагӣ намехоҳад дастнигари касе бошад. Дар оилаашон ба ҷуз падар касе кор намекунад. Моҳонаи ӯ ва падар манбаи пешбарандаи зиндагии 10 нафар аъзои оила мебошад. Кош, ҳар фарди кишвар мисли Рупиямоҳи матинирода андеша мекард, ки дар ободии Тоҷикистон саҳм дошта бошад», –таъкид менамояд Силсиламоҳ Ҳафизова.
Билоли Шамс