Агарчанде оғоз ва ҷамъбасти фаъолияти истеҳсолӣ дар ҷумҳурӣ аз рӯйи тақвими милодӣ андоза мешаванд, аммо анъанаи баргузории шабнишиниҳои солинавии кормандони корхонаву муассисаҳо торафт аз байн меравад ва таҷлили Соли Нави милодӣ ҳар чӣ бештар ба анъанаи хонаводагӣ табдил меёбад. Соли Навро аҳли оила сари дастархон сарҷамъ ва бо арчаи сарсабз пешвоз мегиранд. Арзишҳои нави фарҳангӣ ба тарзи гузаронидани ҷашни солинавӣ таъсир гузошта, онро худ аз худ ба танзим дароварданд.
Воқеан, дар вилоят афродеро дучор омадан мумкин аст, ки бо ифтихор аз ширкат варзидани аъзои хонадонашон дар ҷашни арӯсу домодии духтар ва ё писарашон дар шаҳрҳои Русия ва ё дигар мамолики дуру наздик қисса мекунанд ва шумораи ашхосе, ки мехоҳанд ба онҳо пайравӣ намоянд, бештар мешавад. Падару модар ва дар бархе аз маврид хешовандони наздик ба хотири ширкат дар маросим муваққатан ба сафи муҳоҷирон мепайванданд. Аммо баҳои ҳузури ҳатто як нафар дар чунин ҷашнҳои бурунмарзӣ бо назардошти хароҷоти роҳ ва дигар масорифи зарурӣ бештар аз ҳазор доллар аст.
– Ҷашни арӯсию домодӣ воқеаи муҳим дар ҳаёти ҳар як шаҳрванд аст ва ба хотири ин лаҳзаи ширинтарини ҳаёт месазад, ки пули зиёд масраф кард. Аммо муҳоҷироне, ки дар шароити сангинтарини маҳрумиятҳои иҷтимоӣ кор мекунанд, бояд ба исрофкорӣ роҳ надиҳанд. Ба ҷойи ин хуб мешуд, ки бо ин маблағ барои арӯсу домод амволе харид шавад, то хонаводаи нав онро ба нафъи рӯзгор истифода барад,– изҳор дошт сокини Хоруғ Давлатсултон Раҳматхудоева.
Яке аз иштирокдорони машварат ҳодисаеро ёдовар шуд, ки зодмандони як дӯсташ дар ҷашни пурдабдабаи писарашон дар Маскав ширкат варзиданд. Азбаски меҳмононро он рӯз пулис дар «облава»-и навбатӣ дастгир кард, курсиҳо холӣ монданду тӯйдор дар назди соҳиби тарабхона қарздор шуд. Волидон муддати як сол маҷбуранд, ки тақдири муҳоҷиратро бо фарзандон бо ҳам бубинанд.
Ахиран, афзоиши ҷангу ҷидол байни ҷавонон дар тӯйҳои «экспортӣ» сабаб шудааст, ки бо дастури маъмурини бархе аз ноҳияҳои шаҳри Маскав баргузории маъракаҳо барои муҳоҷирон дар тарабхонаҳо мамнуъ эълон гардад. Сармутахассиси Ҷамоати деҳоти Нишуспи ноҳияи Шуғнон Хушбахт Шермамадов баён дошт, ки ба манзури ба танзим даровардани ҷашнҳои серхароҷоте, ки дар муҳоҷират баргузор мешаванд, аз ҳамдиёрони муҳоҷираш маслиҳат хост. Пас аз баррасӣ ба хулосае расиданд, ки баргузории тӯйи калон дар муҳоҷират фақат масрафи беҳудаи пул асту ба сарсониву саргардонӣ сабаб мешавад. Аз ин рӯ, беҳтар аст, агар арӯсу домод имконияти дар зодгоҳашон гузаронидани тӯйро надошта бошанд, дар муҳоҷират барои 20-30 нафар шахсони наздиктаринашон дар қаҳвахона зиёфати хоксорона диҳанд. Онҳо қавл доданд, ки каммасраф гузаронидани маъракаҳоро дар муҳоҷират байни ҳамватанон тарғиб мекунанд.
Танзим дар ҷашнҳои арӯсиву домодӣ ва хатнасурҳое, ки дар шаҳру навоҳии вилоят баргузор мешаванд, эҳсос мегардад. Акнун дар тӯйҳо фақат як намуди хӯрок мепазанд. Дастархони ҷашниро аз меваву сабзавот ва санбӯсаву шириниҳои дастии сифатан хубу серғизо оро медиҳанд.
Аз ин рӯ, соли 2012-ум дар шаҳри Хоруғ барои вайрон намудани қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҳамагӣ як нафар ба маблағи 2 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст.
Масъулин оид ба корҳои дин ва комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба танзим изҳор доштанд, ки танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар муҳоҷират аз доираи ваколаташон берун бошад ҳам, ҳисси масъулият ва мавқеи шаҳрвандӣ онҳоро маҷбур месозад, ки ҳам дар Ватан ва ҳам дар муҳоҷират ба муқобили исрофкорӣ мубориза баранд.
Мирзоҷалоли Шоҳҷамол