Назар ба хабари расида аз Ситоди Раёсати Вазорати корҳои дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҳодисаи нахустин рӯзи 28-уми декабри соли 2012 дар деҳаи Куруши ноҳияи Спитамен шомгоҳон рух дод.
Сокини деҳаи мазкур Давлат Аноров бо мақсади об кардани гази моеъи гӯё «яхкарда», зарфи газдорро ба дохили ҳуҷраи истиқоматияш дароварда, дар паҳлӯи бухории тавассути ҳезуму ангишт фаъолияткунанда гузоштааст. Зарфи газдор аз гармии бухорӣ васеъ шуда, баъдан таркида ва ба чаҳор сӯ пош хӯрдааст.
Дар натиҷа, яке аз аъзоёни оила Дилдора Анороваи дусола бинобар сӯҳтани қисми зиёди баданаш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад. Чаҳор нафари дигар бошанд, бо ҷароҳатҳои сангини ҷисмонӣ ва ташхиси «сӯхтани бадан аз 10 то 60 дар сад» дар бемористони марказии ноҳияи Спитамен бистарӣ мешаванд.
Ду рӯз пас аз ин ҳодиса фалокати дигаре дар ноҳияи Зафаробод рух дод, ки сабабаш таркиши зарфи газдор дониста мешавад. Ин таркиш низ талафоти ҷонӣ ба пай дошт.
Назар ба суханони муовини сардори Хадамоти оташнишонии Раёсати Вазорати корҳои дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Раҳимҷон Пиров ҳодисаи мазкур санаи 1-уми январи соли равон дар ҳавлии истиқоматии сокини шаҳраки Зафаробод Дониёр Миров ба вуқуъ омадааст. Ӯ дар ҳолати мастӣ хостааст зарфи 5-литраи гази моеъдорро таъмир кунад, вале бинобар балад набудан дар ҳунари таъмири асбобҳои газӣ балони газдорро таркондааст. Дар натиҷа, сӯхтор ба амал омада, 12 метри мураббаъро фаро гирифтааст. Бар асари ин таркиш ҳамсари соҳибхона Муниса Исоеваи 49-сола ва наберагонаш Майрам Ризоеваи 6-сола ва Муҳаммадҷон Ризоеви 4-сола дар ҷойи ходиса ба ҳалокат расидаанд. Худи Дониёр Пиров ва меҳмони хонавода Ҳалим Исоев, ки сокини деҳаи Зосуни ноҳияи Айнӣ будааст, бо ҷароҳатҳои гуногун дар бемористони марказии ноҳияи Зафаробод бистарӣ мешаванд. Ҳамчунин, ҳангоми хомӯш кардани сӯхтор сардори басти хадамоти оташнишонии ноҳия Ихтиёр Мирзоев ва оташнишон Анвар Раҳимбоев аз дуди ғализи сӯхтор заҳролуд шуда, дар бемористон бистарӣ шудаанд.
Дар пайи ин ҳодисаҳо роҳбарияти Хадамоти оташнишонии вилоят тасмим гирифтанд, ки кормандони ин ниҳод дар ҳамаи ҷамоатҳои деҳоту шахракҳои вилоят аз наздик бо мардум сӯҳбату вохӯриҳо доир намуда, дар мавриди қоидаву шеваҳои дурусти истифодаи зарфҳои гази моеъдор маълумот пешниҳод намоянд.
Тилав Расулзода