Тарбият
Кибриё Сафарова, муовини раиси ноҳияи Бохтар, сабаби афзоиши пошхӯрии оилаҳоро ба коҳиш ёфтани одобу ахлоқ ва маънавиёти ҷомеа рабт медиҳад. Бекорию хонанишинии бонувонро як сабаби дигари сар задани низоъ ва пошхӯрии оилаҳо медонад.
– Баланд бардоштани савияи дониш ва одобу ахлоқи духтарон муҳимтарин масоили ҷомеаи мо мебошад. Моро дар айёми ҷавонӣ модарон дар руҳияи пуртоқатию таҳаммулпазирӣ тарбия менамуданд, – мегӯяд Кибриё Сафарова. – Мутаассифона, имрӯз модарон ба тарбияи духтарон барои омода шудан ба ҳаёти мустақилона камтар аҳамият медиҳанд. Ин аст, ки дар бештар мавридҳои ҷудошавии оилаҳои ҷавон наварӯсон сабаб мешаванд.
Ҷаҳонишавӣ
Муҳайё шудани воситаҳои муосири иттилоотӣ - фарҳангӣ ва ҳамроҳи онҳо ворид шудани фарҳанги бегона арзишҳои миллиро тағйир дода, маънавиёти ҷомеаро дигар мекунад. Дар ҷомеаи мо сол ба сол ҳолатҳои аз телефонҳои мобилӣ пайдо шудани баҳсҳо ва ҷудошавии оилаҳо зиёд мешаванд. Таъсири фарҳангу синамои хориҷӣ, ки ба маънавиёти ҷавонон таъсири манфӣ мерасонад, солҳо мавриди муҳокима қарор дорад, вале то ҳол алайҳи ҳуҷумҳои идеологии беруна «имунитет» пайдо накардаему сабаби пошхӯрии бештари оилаҳои мо ин дар раванди ҷаҳонишавӣ маънавиёти бегонаро қабул кардани ҷавонон мебошад.
Фоҷиа
Муҳоҷирати меҳнатӣ як омили дигари афзоиши пошхӯрии оилаҳо дар кишвари мо аст. Бинобар гуфтаи Кибриё Сафарова, муовини раиси ноҳияи Бохтар, муҳоҷирати меҳнатӣ паҳлуҳои наомӯхта зиёд дорад, ки он дар рафти зиндагӣ эҳсос мешавад. «Муҳоҷирони кории мо оқибати аз зану фарзандон дур зистанашонро вақте эҳсос мекунанд, ки оилаи онҳоро хатари пошхӯрӣ таҳдид кунад. Муҳлатҳои тӯлонӣ дар муҳоҷират қарор доштани мардон ба руҳияи ҳамсарони онҳо бе таъсир намемонад. Муҳоҷирони корӣ ба дарки он нарасидаанд, ки солҳо дар хона набудан барои занон фоҷиа бузург аст».
Дарвоқеъ, ҳиҷрати тӯлонии мардон як мавзуест, ки дар ҳама давру замонҳо мавриди баҳс қарор дошт. Зимни баррасии ин мавзуъ занони водии Вахш иброз доштанд, ки муҳоҷирони тоҷик дар боби қонуну қоидаҳои оиладорӣ ва муҳоҷират ба машварату роҳнамоӣ ниёз доранд. «Ба онҳо фаҳмонида шавад, ки дар чанд муҳлат як бор ба назди зану фарзандони худ баргарданд», зеро шартҳое, ки дар ақди никоҳ назди шавҳар гузошта мешаванд, баъдан фаромӯш мешаванд.
Ба гуфти Эшони Саидҷон, муфтии мусулмонони шаҳри Қӯрғонтеппа, аз чаҳор амри шаръие, ки вақти никоҳ шавҳар ба уҳда мегирад, аз ҳама муҳимаш амри солис, яъне муддати шаш моҳ бе нафақа намондани зан аз ҷониби шавҳар мебошад. «Манзур аз нафақа на танҳо ғизо, балки таъмини нафақаи шаҳвонии зан низ ҳаст. Ба муҳоҷирони корие, ки аз мо муҳлати шартии ба хона баргаштанашонро мепурсанд, посух медиҳем, ки он 3-4 моҳро ташкил медиҳад. Аммо шароити иқтисодӣ имкон намедиҳад, ки онҳо дар чаҳор моҳ як маротиба аз Русия ба Ватан баргарданд», – мегӯяд Эшони Саидҷон.
Талоқҳои қалбакӣ
Як сабаби асосии афзоиши азҳампошии оилаҳо ин талоқҳои қалбакӣ мебошанд, ки ин раванд дар минтақаи Осиё бесобиқа аст. Идае аз мардон ба хотири пайдо намудани мақоми шаҳрвандии Русия никоҳи расмии худро бекор намуда, бо бонуе дар он ҷо никоҳи қалбакӣ мебанданд. Аҷобати кор дар он аст, ки баъзе бонувони тоҷик ба хотири ҷой ва кор ёфтани шавҳаронашон дар Русия ба бекор кардани ақди никоҳи қонунии худ розӣ мешаванд.
Баъзе оилаҳое, ки бо чунин сабабҳо расман ҷудо мешаванд, дар асоси никоҳи мусулмонӣ ҳаёти оилавии худро идома медиҳанд. Яъне онҳо ба хотири беҳдошти шароити кору зиндагӣ дар муҳоҷират, ба ин амал даст мезананд.
Нусратулло Азизуллоев, номи шартии мусоҳиби мо, ба хотири пайдо кардани мавқеи шаҳрвандии Русия аз оилааш, ки 6 фарзанд дорад, расман ҷудо шудааст. Ба гуфтаи ӯ корфармоёни рус барои иҷрои як ҳаҷми муайяни кор, агар ба шаҳрвандони Руссия аз 40 то 70 ҳазор рубл музди меҳнат диҳанд, ба муҳоҷирони хориҷӣ аз 10 то 25 ҳазор рубл.
Аммо ба гуфти Бибигул Собирова, мудири бахши САҲШ ноҳияи Бохтар, ба хотири пайдо кардани шаҳрвандии Русия аз ҳамсари худ расман ҷудо шуда, бо занони дигар никоҳи қалбакӣ бастан, бадбахтиест, ки фоҷиа дар пай дорад. Аз ин рӯ, мебояд шаҳрвандонамонро аз ин амалҳои носолим пешгирӣ намоем.
Маънавиёт
Аз пурсишҳо маълум гардид, ки мардум сабаби асосии афзоиши сатҳи азҳампошии оилаҳоро ба коҳиш ёфтани маънавиёти ҷомеа рабт медиҳанд. Аз кор мондани почтаҳои маҳаллӣ ва мушкили дастрасии мардуми дурдасти рустоҳо ба матбуоти даврӣ як омили паст шудани сатҳи саводнокии бонувони хонанишин ва маънавиёти мардуми русто аст ва рух додани ҳолатҳои «никоҳу талоқҳои қалбакӣ» - и муҳоҷирони тоҷик бозгӯйи дар кадом сатҳ қарор доштани маънавиёти ҷомеа аст.
Ба андешаи Хайринисо Саидова, коршиноси масоили ҷомеашиносӣ, омилҳои пошхӯрии оилаҳо аз як тараф мушкилоти иҷтимоӣ, аз сӯйи дигар риоя накардани арзишҳои динӣ аст. Миллати дорои чунин фарҳанги бою ғанӣ ҳуқуқи ба ин ҳад коҳиш додани одобу маърифати оиладориро надорад. Ба гуфти Хайринисо пошхӯрии ҳар оила барои ҷомеаи мо як бадбахтӣ аст. Вақте ҷавонони мо оилаҳои худро саришта карда наметавонанд, чӣ гуна эътимод намоем, ки онҳо неруи ояндасози ҷомеа мебошанд.
Роҳи наҷот
Бибигул Собирова, мудири бахши САҲШ ноҳияи Бохтар, як роҳи пешгирии афзоиши ҷудошавии оилаҳоро дар густариши ҳамкориҳои мақомоти маҳаллӣ бо шахсиятҳои муътабари динӣ мебинад.
– Муллоҳое, ки навхонадоронро никоҳи мусулмонӣ мекунанд, муваззафанд, ки ба онҳо шартҳои исломии ақди никоҳ ва оиладориро фаҳмонанд, то дар ҳолати баҳсу мунозираҳои оилавӣ як ҳарфи ноҷо боиси пошхӯрии оилаҳо нагардад.
Гулнисо Ҷӯраева, ки таҷрибаи 13 солаи кор дар бахши САҲШ ноҳияи Панҷро дорад, як роҳи пешгирӣ аз пошхӯрии оилаҳоро дар ҷиддӣ гирифтани аҳдномаи никоҳ мебинад. Зеро дар ҳолатҳои баҳси ҷудошавӣ оилаҳое, ки аҳдномаи никоҳ доранд, тарафҳо медонанд, ки моликияти оила байни зану шавҳар баробар тақсим хоҳад шуд. Роҳи дигари пешгирӣ аз афзоиши ҷудошавии оилаҳо ин баланд бардоштани савияи дониш бо роҳи ҳатмӣ намудани таълими духтарон баъди синфи нуҳум мебошад, – мегӯяд Г. Ҷӯраева. Дар баробари ин мебояд, ки таълими фанни маърифати оиладориро дар мактабҳои миёнаи таълимоти умумӣ аз нав ба роҳ монд.
Ҷамолиддин Сайфиддинов
Маълумоти оморӣ
Дар соли 2011 дар вилояти Хатлон 37 ҳазору 340 ақди никоҳ ба қайд гирифта шуда, ҳамчунин 1549 ақди никоҳ бекор карда шудааст. То 1-уми ноябри соли 2012 дар ҳудуди вилояти Хатлон 28 ҳазору 823 оила нав барпо шудааст. Дар ин давра 1415 оила ақди никоҳи худро бекор кардааст, ки аз ин 811 оила бо қарори судҳо ва 598 оила бо ризояти тарафайн ва 6 оила бо аризаи яке аз ҳамсарон ақди никоҳи худро бекор кардаанд.