Бетаваҷҷӯҳии волидон
Вазъи иҷтимоӣ бештари сарварони оилаҳоро водор месозад, ки вақти хобу истироҳатро ҳам барои дарёфти қутти лоямут сарф намоянд. Олима Мусоева, сокини шаҳри Душанбе иброз медорад, ки дар шароити кунунӣ оилаҳои миёнаҳол имкони таълим фарзандро надоранд.
-Музди маош ва даромади ману шавҳарам барои ғизо ва сару либоси фарзандон кифоят мекунаду барои таъмини онҳо бо китобу дигар шароитҳои таълимӣ не. Аз тарафи дигар дар пайи таъмини рӯзгор бештари волидон вақти бо фарзандон дарс тайёр карданро ҳам намеёбанд.
Аз сӯҳбат бо бонувони оилаҳои камбизоат маълум шуд, ки ба фарзандони онҳо муҳити атроф таъсири сахт мерасонад. Наврасон шурӯъ аз 12-13 солагӣ ҳасосу мушоҳидакор шуда, нахустин хулосаҳои худро бобати ояндаи худ тарҳрезӣ мекунанд. Наврасони оилаҳои миёнаҳол бештар ба шахсоне (бозорнишину муҳоҷирони корӣ) монанд шудан мехоҳанд, ки шароити хуби зиндагӣ доранд. Аз ин рӯ, шароити иҷтимоии оилаҳо низ ба раванди таълиму тарбияи насли наврас таъсиргузор аст.
Аммо ба гуфтаи Туйчӣ Маҳмадиев, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, мушкили иҷтимоӣ баҳонаи камтаваҷҷӯҳии волидон дар таълими фарзандон шуда наметавонад. «Зеро инсон, ки тамоми ҳастии худро баҳри беҳдошти зиндагии фарзанд мебахшад, бояд ба тарбияи равонии фарзандон диққат диҳад. Ба фарзандон дуруст фикр карданро омӯзад ва таваҷҷӯҳи насли наврасро ба илму донишандӯзӣ ҷалб намоянд, на таъминоти моддию молии ӯ»
Равоншинос Сафаралӣ Раҳимов, иброз медорад, ки сабаби камтаваҷҷӯҳии волидон дар тарбияи фарзанд, ин коҳиш ёфтани маънавиёти ҷомеа аст, ки як муддат аз воситаҳои фарҳангӣ дар канор монда, хушбахтиро танҳо дар молу сарват мебинанд. Бар замми ин ворид шудани фарҳанги Ғарб ба маънавиёти ҷавонон, дастрасӣ ба маводи коҳишдиҳандаи ахлоқ тавассути интернет, ба маънавиёти онҳо таъсири бад гузошта истодааст.
Муҳоҷирати корӣ, низ ба сатҳи одобу ахлоқ ва таълиму тарбияи наврасон таъсири худро гузоштааст. Ҳоло дар бештари оилаҳое, ки падар дар Русия қарор дорад, таррбияи фарзандон бар дӯши модаронест, ки худ саводи кофӣ надоранд. Дар назардошти мушкилоти мавҷуда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд»-ро зарур шуморид. Аммо ин Қонун вақте натиҷа медиҳад, ки назорат аз рӯи иҷроиши он дар маҳаллҳо ҷиддӣ ба роҳ монда шавад.
Норасоии омӯзгорон
Дар ибтидои соҳибистиқлолии давлатдории мо, вазъи иқтисодӣ-иҷтимоии ҷомеа, норасоии омӯзгорон, китобу мизу курсӣ ва дигар ашёи таълимӣ низ ба сатҳи таълиму тарбия таъсири манфии худро расонид. Дар панҷ шаш соли охир сатҳи зиндагии мардум ва шароити таълим дар мактабҳо рӯ ба беҳбудӣ овард, аммо сатҳи таълиму тарбия ҷавобгӯи талаботи рӯз нест. Абдусамад Мирзоев, сардори раёсати муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар тақвияти ин гуфтаҳо иброз дошт:
– Вазорати маориф, ки таъмини таълимоти босифатро вазифаи асосии худ мешуморад, шурӯъ аз соли 2000-ум ба ислоҳоти соҳа оғоз карда, дар ин муддат 1300 мактаб ё худ сеяки муассисаҳои таълимии кишвар аз нав бунёду таъмир карда шудаанд. Насли аввали китобҳои дарсӣ дастраси хонандагон гардида, насли дуввуми он дар арафаи табъу нашр аст.
Сабаби дигари коҳиш ёфтани сифати таълим ин норасоии омӯзгорон дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ арзёбӣ мегардад. Тибқи иттилои Вазорати маориф агар дар соли 2006-ум омори норасоии омӯзгорон дар кишвар ба12 ҳазор мерасид, аммо танҳо соли ҷорӣ, 7200 нафар мутахассиони ҷавон ба мактабҳо фиристода шудаанд, - мегӯяд Абдусамад Муллоев.
– Дар ноҳияҳое, ки масъалаи норасоии омӯзгорон ҳалли худро ёфтаанд, акнун ба марҳилаи навбатӣ - таъмини сифатии омӯзгорон шурӯъ кардаанд. Вале то кунун дар баъзе навоҳии Суғду Хатлон ва нисбатан шаҳри Душанбе норасоии кадрҳои омӯзгор мушоҳида мешаванд, – мегӯяд ҳамсӯҳбатам.
Аз сӯҳбат атрофи норасоии омӯзгорон дар макотиби шаҳри Душанбе чунин андеша ғолиб аст, ки ҷавонони шаҳр таваҷҷӯҳ ба касби омӯзгорӣ камтар доранд. Зеро насли ба воситаҳои иттилоотӣ дастрасӣ дошта, бештар касбу ҳунарҳоеро интихоб менамоянд, ки ё музди маоши баланд дорад ва ё имкони кору зиндагӣ дар хориҷаро барояшон фароҳам созад.
Зинаи таълими томактабӣ
Аз таҳлилҳо бармеояд, ки мушкилоти ҳалношуда дар самти таъмини таълимоти босифат ин омода набудани зиннаи аввалии таълим аст. Имрӯз теъдоди муассиасҳои томактабии кишвар, ки заминагузори маълумоти ибтидоӣ барои кӯдак маҳсуб меёбанд, ниҳоят камшуморанд. Тибқи омори расмӣ айни ҳол ҳамагӣ 10 фоиз кӯдакони кишвар дар муассисаҳои томактабӣ фаро гирифта шудаанду халос. Имрӯзҳо дар шаҳру навоҳии кишвар бунёду ба истифода додани муассисаҳои томактабии типпи гуногун мушоҳида мешавад, аммо теъдоди ин муассисаҳо ниҳоят камшуморанду талаботи ҷомеаро пурра қонеъ карда наметавонанд.
Сифати кадрҳои омӯзгорӣ
Ба қавли маорифчиёни собиқадор як сабаби паст шудани сифати таълим дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ин коҳиш ёфтани сатҳи тайёркунии мутахассисон дар макотиби олии кишвар низ ҳаст. Камбудиҳои ҷиддӣ дар низоми баҳогузории хонандагон ва ҷавобгӯйи меъёрҳо набудани баҳодиҳии хонанда шаҳодат аз он медиҳад, ки имрӯз кадрҳои сусту бетаҷриба дар тамоми сатҳи таълимот вуҷуд дорад.
Мутаассифона, то имрӯз масъулони баъзе мактабу шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо мушкилоти мавҷударо рӯйпӯш карданӣ мешаванд. Ин «ғамхорӣ»-и масъулон монеи рафти ислоҳоти соҳа гардида, ҳалли саривақтии мушкилиҳоро ба таъхир мемононад. Аз тарафи дигар ба гуфтаи Абдусамад Муллоев беҳдошти сифати таълим кори як солу ду сол нест.
Хулоса, масъулини Вазорати маорифи кишвар мутмаинанд, ки дар ояндаи наздик бо таъмини пурраи инфраструктураи соҳа, таъмини барқу санҷишгоҳҳои фаннӣ ва дигар тадбирҳо, барои таъмини таҳсилоти босифат шароити мусоид фароҳам меояд. Аммо то муҳайё шудани шароитҳои пешбинишуда чӣ бояд кард?, Чаро сифати таълиму тарбия дар сатҳи шароитҳои фароҳамовардашуда ҷавобгӯй нест? Чаро «прогул» дар дарсҳо аз ҷониби омӯзгорон зиёд мешавад? Ин аз намунаи суолҳоест, ки кушода боқӣ мемонад.
Ҷамолиддин САЙФИДДИНОВ