«…То расму оин ва маросимҳои милливу динии худро ба як низоми муайян надарорем ва хароҷоти беҳудаву зиёдатии мардумро аз байн набарем, ба қабулу татбиқи барномаҳои давлатӣ ва сарфи маблағҳои зиёд дар масъалаи паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ ба натиҷаҳои дилхоҳу назаррас ноил шуда наметавонем.»
Эмомалӣ Раҳмон
Аз рӯи маълумоти шуъбаи фарҳанги Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 145 қонуншиканӣ дар масъалаи риоя накардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба қайд гирифта шудааст. Натиҷаи фаъолияти 499 комиссияи танзими доимии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳо нишон медиҳад, ки танзими расму анъана дар кишвар риоя мешавад. Вале аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки ҳанӯз ҳам дар баъзе мавридҳо қисме аз мардум ба қонуншиканӣ роҳ медиҳанд.
Мурдаро мондаву тутхӯрӣ …
Ба наздикӣ барои таъзия ба хонаи як дӯстам, ки қиблагоҳашро аз даст дода буд, рафтам. Он рӯз бояд маъракаи чилро мегузарониданд. Дар рӯи ҳавлӣ тақрибан барои 60-70 нафар мизу курсӣ фароҳам оварда, рӯи дастархонро анвои шириниҳо ва меваҳои ватаниву хориҷӣ зеб медоданд. Ин ҳама танҳо барои мардҳо!
Дар чанд хона барои занҳо айнан мисли ҳамин дастархони пурнозу неъмате ороста буданд. Дар як хона, соҳибхона бо шаш-ҳафт зани дигар ёд аз рафтору кирдори хуби марҳум карда гиряву нола дошт. Таъзиятгарон аввал як-як ба назди соҳибхонаҳо даромада, ба қавле изҳори тасаллият менамуданду баъдан ба хонаҳои дигар мегузаштанд. Ҳар кас аз ҳар хусус гап мезад. Касе ёд аз фавтида намекард. Зане бо садои баланд диққати аҳли нишастро ба худ кашида, дар бораи гаҳворабандони наберааш, ки хароҷоти зиёд кардаасту аз ҷониби қудо иззату ҳурмат надидааст, ба дугонааш шикоят меовард. Ҳама ба таърифу тавсифҳои ӯ гӯшу ҳуш буданд.
Хуллас, дар як ҳавлӣ ду саҳна. Аз гиряву нолаҳои лаҳзаи пеш дар назди мотамдорон дигар дар ин хона нишоне набуд. Мардҳо ҳам аз занҳо гӯё кам омадан намехостанд, ки сари суҳбати гарм дар куҷо буданашонро фаромӯш карда, баъзан хандаву ҳаёҳуяшон то ҳуҷрае, ки мо менишастем меомад. Намедонам ин лаҳзаҳо азодорон худро чӣ гуна эҳсос мекарданд, аммо ман ба ҳайси як меҳмон аз соҳибони хона шарм доштам. Манзара ба хотирам масали «мурдаро монда, тутхӯрӣ»-ро меовард.
Дар маърака масъулони комиссияи танзими доимӣ низ ширкат доштанд, охир бе онҳо ягон ҷашну маросим ва маърака гузаронида намешавад. Вале…
Бонувон қонуншиканӣ мекунанд
Ба гуфти Тоҳир Рашидов, сармутахассиси шуъбаи фарҳанги Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ, Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҶТ» аслан аз ҷониби бархе аз сарватмандону мансабдорон риоя намешавад. Ва ин дабдабаҳои нозаруру худнамоиҳои онҳо тақлиду таассубкориро миёни мардуми оддӣ ба вуҷуд меорад. Ба андешаи ӯ, баъзе аз бонувон низ сабабгори қонуншиканӣ дар ин самт мешаванд. Зеро бештар вақт онҳо сарфу харҷи зиёдатиро дар тӯю маъракаҳо ба вуҷуд меоранд. Омили дигари қонуншиканиҳо хотирбинӣ намудану чашм пӯшидан ҷиҳати ба даст овардани кадом як манфиат ва ё хешутаборбозӣ мебошад.
– Агар комиссияҳои доимӣ ақаллан яктоӣ қонуншиканиро ошкор мекарданд, шумори қонуншиканиҳо ба ҳақиқати воқеӣ наздик мешуд. Мо гуфта наметавонем, ки қонуни мазкур миёни мардум ба пуррагӣ риоя мешавад. Ҳанӯз ҳам ҷашну маросим ва маъракаҳои мо танзимро тақозо мекунанд, – мегӯяд Т. Рашидов.
Ислом ба зоти худ надорад айбе…
Иқдоме, ки ҷиҳати таҳия ва тасвиби Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҶТ» аз ҷониби Президенти кишвар пеш гирифта шуд, таҳаввуле дар афкор ва оини зиндагии мардум ба миён овард. Вале, мутаассифона, мо, аҳли ҷомеа, баъзан хилофи андешаҳою тасмимгириҳои хеш рафтор мекунем. Хурофотпарастӣ то ҷое дар ботини бархе аз одамон ҷой шудааст, ки ҳатто фарқ миёни фармудаҳои дини мубини ислом ва «анъанаҳои эҷодкарда»-и хурофотпарастон гузошта наметавонанд.
– Қонуни мазкур мутобиқ ба фармудаҳои динӣ буда, ислом низ исрофро ҳаром маънидод мекунад, ки маҳаки асосии қонун аст. Ҳадафи ин қонун аз байн бурдани баъзе урфу одатҳои номатлуб ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ мебошад. Масалан, дар моддаи 11-и ҳамин қонун оиди гузаронидани маросими дафну азодорӣ омадааст, ки додани ҳаққи хизмати қабркан ва мурдашӯй иҷозат аст. Воқеан, ин дуруст аст ва дар байни падару бобоёни мо аз қадим ин андеша роиҷ буда, ки қабркану мурдашӯйро бояд розӣ кард, аммо хароҷоти дигар исрофкорист, – мегӯяд ҳамсуҳбатам.
Ба суоли дар маҷмуъ бо ба тасвиб расидани ҳамчунин як қонуне оё ҳаёти иҷтимоии мардум беҳтар шуд. Т. Рашидов мегӯяд, ки дар баробари камбудиҳо пешрафт ҳам ба чашм мерасад. Баъзеҳо бар манфиати оилаашон будани қонуни танзимро дарк карда, онро риоя менамоянд:
– Пештар барои як тӯй ба ҳисоби миёна 8-9 ҳазор сомонӣ харҷ мешуд. Ҳоло ин хароҷот то се маротиба кам шудааст. Аз ҳисоби камхарҷгузаронии ҷашну маросимҳо дар 5 соли амал намудани қонуни мазкур 9 миллиард сомонӣ ба буҷети оилавии шаҳрвандони ҷумҳурӣ фоида ворид гардидааст, – қайд кард Т. Рашидов.
Дар воқеъ, ҳолати иқтисодии ҷумҳурӣ дар соли 2007 зарурати ба миён омадани Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро пеш овард. Ҳадафи асосӣ баланд бардоштани шароити иҷтимоии мардум ва аз байн бурдани сарфу харҷи беҳуда унвон мешуд. Ба гуфти мутахассисон ҷомеа аллакай бар манфиати кор будани қонунро дарк кардааст.
Қутбияи Неъматулло