Маълум аст, ки шаҳру шаҳристонҳо аз рустову деҳкада бо хиёбонҳои чаманкоришудаву ҷодаҳои мумфарш, хонаҳои баландманзилу бозор ва корхонаву ширкатҳои бузургу пешрафта фарқ мекунанд. Лозим ба ёдоварист, ки решаи калимаи «маданият» аз вожаи арабии «мадина», ки маънояш шаҳр аст, об мехӯрад. Бо ин навиштаҳо гӯшраси хонандагон мегардонам, ки шаҳриён бо маданияти вижаи шаҳриёнаашон бояд намуна ба дигарон бошанд. Аз катибаҳо ва муаррихони бостониву кунунӣ бармеояд, ки шаҳриён ҳеҷ гоҳ барзгару молдор набуданд ва дар ҳаволиву маҳватаи гирди хонаашон гулкорӣ мекарданду халос. Дар равнақ ёфтани гулпарварии хонагии хоруғиён саҳми Боғи набототи Помир беназир аст. Айни ҳол ҳар сокини шаҳр дар хонаи худ гулҳои хонагӣ дораду дар ҳавлиҳои на он қадар калони худ гуна-гуна гулҳои майдонӣ шинондаанд.
Борҳо дидаву шунидаам, ки сайёҳон чаманҳои пургулро аккосӣ карда, бо лабони пуртабассум «шаҳри шумо зебост» ҳам мегуфтанд. Мутаассифона, на ҳамаи чаманзори шаҳри Хоруғ намуди дилкашу мунаққаш дорад. Яке аз чунин мавзеъҳои дилгиркунанда Боғи ғалабаи шаҳр аст. Ҳангоме ки шахс аз гулистонҳои дар саҳну боғу давру бари Аскари фотеҳ воқеъгашта, дидан мекунад, сарчархаку дилбеҳузур мегардад. Аввалан, теъдоди алафҳои бегона дар ин гулзор аз гулу гулбуттаҳо бештар аст. Дувум, баргҳои зарди рехтаву пажмурдаи гулҳо нишона аз он доранд, ки гулбунҳо на ҳама вақт аз обу ғизои кофӣ мустафиданд. Торҳои зарду хазандаи алафи бегонае, бо номи зардпечак пояи гулҳоро он қадар печидаву шираи онҳоро он қадар макидаанд, ки бештари гулбуттаҳо гул накарда, хазон гаштаанд. Чунин вазъиятро дар гулзорҳои назди Осорхонаи вилоятӣ ва Содиротбонк дидан мумкин аст. Дар як гӯшаи гулзори Содиротбонк гиёҳҳои каҳзак(хрен) худнамоӣ мекунанд. Кас ба ҳайрат меафтад, вақте ки каҳзак, офтобпараст ва ё кадуро дар дохили гулзор мебинад. Наход роҳбарони муассисоти номбурда то ҳол намедонанд, ки ҷои кадуву офтобпарасту каҳзак саҳро аст, на гулзори хиёбонҳои маркази шаҳр. Манзараи гулзорҳои назди Маркази ҷавонон ва ширкати хусусии «Хушкор» табъи бинандаро хира месозад. Анбуҳи гиёҳҳои худрӯи сершоху барг дар дохили гулзорҳо он қадар зиёданд, ки махмалгулу кавкабгулҳо дар зери сояи онҳо қариб наменамоянд.
Сафина Шабдолова, мудири шуъбаи муҳити зисти шаҳри Хоруғ, дар суҳбат чунин ибрози назар кард: «Солҳои охир мақомот ба поксозиву гулкорӣ ва сабзкории шаҳр диққати махсус медиҳад. Ҳар баҳорон кормандони хоҷагии коммуналии шаҳр дар ҳамкорӣ бо сокинон дар кӯчаву хиёбонҳо гулу гулбутта ва ниҳолҳои ороишӣ мешинонанд. Танҳо дар соли 2012 дар гулзорҳои шаҳр теъдоди панҷоҳ ҳазор кӯчати чаҳордаҳ навъи гул шинонда шуд. Имсол ҳабдаҳ бонуи гулкор ва се коргари обмон аз аввали моҳи апрел то моҳи октябр ба кор ҷалб шуданд. Мақомоти шаҳр тӯли чор сол аст, ки барои тавлиди кӯчати гул гармхонаеро ба иҷора гирифтааст. Мушкилоти асосии коргарони хоҷагии коммуналии шаҳр баъди шинондани кӯчат оғоз мегардад. Замоне ки кӯчатҳои гул аз гармхонаи гарму серрутубат ба майдон интиқол меёбанд, муқовимати онҳо дар муқобили сармо хело заиф мешавад. Бар замми ин, баъзе шабҳо ҳарорати ҳаво якбора паст шуда, аксари ниҳолчаҳои нозукро сармо мезанад. Борҳо ман шоҳиди он гаштаам, ки гулкорҳо чандин бор дар ҷои ниҳолҳои осебдида такроран ниҳол шинондаанд. Баъдан, ҳар қадар нуриҳои органикиву минералиро дар гулзорҳо андозем ҳам, гулҳо хуб нумуъ намекунанд, зеро хоки зери гулбуну чаманзорҳо серсангу камғизост. Майдон ва замини гулкорӣ кам аст ва мо имкони дам додани гулзорҳоро надорем. Ин аст, ки гулзорҳоро ҳар сол зардпечак танида, ҳусни онҳоро доғдор мекунад».
Парӣ Ғуломҳайдарова, сармутахассиси кумитаи муҳити зисти ВМКБ, бар он назар аст, ки дар зебову ободсозии шаҳр саҳмгузории сокинон бояд бештар бошаду шикоят аз масъулини шаҳр камтар. -Бубинед, тарбияи гул ва фарзанд ба ҳамдигар хело монанданд, яъне тифлро зодану гулро шинондан кори саҳл нест, вале тарбияи ҳардуи онҳо масъулият ва заҳмати фаровон мехоҳад. Аксари идораву корхонаҳое, ки ҳавлиҳои гулкорӣ доранд, бояду шояд ба рушду нумӯи онҳо мароқ зоҳир намесозанд. Худи обмониву хишова кори сангин нест, вале аксари сокинон онро ба худ ор медонанд. Бар замми ин, сагу гурбаҳои бесоҳиб ба дохили гулзорҳо даромада, онҳоро поймолу ифлос месозанд. Мутаассифона, аксари шаҳриён маданияти баланди беҳсозии муҳити зистро надоранд.
Шанбе Ғаффоров, сармутахассиси Хадамоти назорати давлатии фитосанитарӣ ва карантини растаниҳо дар ВМКБ, мегӯяд, ки солҳои пеш ҳеҷ гуна тухмӣ, ниҳоли дарахту бутта ва кӯчати гул ба ВМКБ бе иҷозатнома-сертификат ворид намешуд. Пайдо гаштани зардпечак дар чаманистонҳои шаҳр мушкилоти ягонаи сокинони шаҳру вилоят нестанд. Феълан дар вилоят теъдоди бемориҳои хавфнок растаниҳо ва ҳашароти зараррасон хело зиёд гаштааст. Масалан, дар заминҳои хоҷагиҳои сабзавоткории ҷамоати деҳоти «Дарморахт» дар муддати ду соли охир алафи бегонаи карантинии шумгиёҳ (заразиха) пайдо шудааст, ки маҳв кардани он душвор аст. Албатта, бо роҳи киштгардон, дам додани замин ва кандану буридани рустаниҳои аз зардпечаку шумгиёҳ осебдида метавон то як андозае теъдоди ин алафҳои бегонаро кам кард, вале пурра нест кардани онҳо дар заминҳои қариб аз ҳосилмонда ғайри маҳол аст. Барои пурра тоза кардани замин аз зардпечаку шумгиёҳ мутахассисону масъулон бояд аз манбаи мутмаин тухмиву ниҳолро харидорӣ намоянд, на аз савдогароне, ки барои даромади муфт шуда, ба сифати тухмии вориднамудаашон аҳамият намедиҳанд. Заҳмату масраф барои сабз будани чаманзорҳо кам аст. Аз ин ҷост, ки мушкилот бисёр мешавад. Бемуҳобот, ин аз бетафовутии атрофиён аст, ки гулистонҳо хор мешаванд ва гули ин гулистонҳо ба ҳоли зори худ гуё аз забони Хоҷа Ҳофиз мегӯяд:
Дар ин чаман макунам сарзаниш ба худрӯӣ,
Чунон ки парваришам медиҳанд, мерӯям.
Довудшоҳи Сулаймон