Ба гуфти Фароғат сабаби хориҷ гаштанаш як мактуби «сиёҳ» аз номи мақомоти ноҳияи Нуробод мешавад, ки дар он мазмунан чунин омада буд: «Ба сабаби он ки Фароғат Ҷамолова шароити таҳсил дар донишгоҳро надорад, ба ҷойи ӯ довталаби дигар фиристода мешавад».
Зиндагӣ дар садафи хеш гуҳар сохтан аст,
Дар дили шуъла фуру рафтану нагдохтан аст.
Иқбол
– Азбаски он вақт ҷавону бетаҷриба будам, маро ғайриқонунӣ ихроҷ намуданд. Вақте барои арз назди Эраҷ Сафаров, раиси вақти ноҳияи Нуробод, омадам, ӯ гуфт: «Духтарам, ман хабар надорам, ки муовинам бо имзои ман чунин мактуберо ба донишгоҳи тиббӣ фиристодааст».
Эраҷ Сафаров ба муовинаш супориши қатъӣ медиҳад, ки ҳақдори асосии Квотаро дубора дар донишгоҳи тиббӣ барқарор намояд. Аммо вақте онҳо ба Душанбе меоянд, муовини раиси ноҳия ва дигар «ҳамкорон»-аш ба Фароғат пешниҳоди нав иброз медоранд: «Агар хоҳӣ, ба факултаи дорусозии донишгоҳ дохилат мекунем. Вагарна илоҷи дигар нест, хайр дар насибаат ҳамин будааст….»
Ҳамин тавр, Фароғат бо ашки шашқатор ба Нуробод бармегардаду дар ҷойи ӯ фарзанди муовини раиси ноҳия дар факултаи духтури умумии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон таҳсилро идома медиҳад.
– Рӯз ба рӯз аламу ғазабам зиёдтар мешуд, аммо чорае ба ҷуз сабр надоштам. Қасд кардам, ки рӯзноманигор шавам. То чунин роҳбаронеро, ки бо кирдори нопокашон ҳокимияти давлатиро назди мардум беобрӯй мекунанд, аз тариқи матбуот фош намоям.
Фароғат нахуст омӯзишгоҳи педагогии ноҳияи Нуробод ва баъдан факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намуда, соли 2010-ум ба зодгоҳаш бармегардад.
– Вақте бо дипломи рӯзноманигорӣ баргаштам, нигоҳам ба зиндагӣ дигар шуда, фикр мекардам бо навиштани матлабҳои танқидӣ мушкилоти водии Рашт ҳалли худро намеёбанд. Бояд дар якҷоягӣ бо мардум алайҳи ноадолатиҳо мубориза бурд. Зеро адолатро на бо гуфтор, балки бо амалу кирдори шоиста метавон барқарор кард, – мегӯяд ӯ.
Фароғат фаъолияташро ҳамчун котибаи раиси ноҳия оғоз намуда, баъдан дар вазифаҳои мутахассис, сармутахассиси шуъбаи умумии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод кор мекунад. Аз соли 2011 –ум раисии Ҷамоати шаҳраки Дарбанди ноҳияро ба ӯҳда дорад.
«Шудааст лаҳзаҳое, ки аз табиб ё журналист нашуданат афсӯс хӯрда бошӣ?» –мепурсам аз ӯ.
– Қаблан чунин андеша доштам, аммо ҳоло ба худ иҷозат намедиҳам, ки гузаштаи талхро ба хотир орам. Гарчанде орзуям амалӣ нашуд, аммо аз қисмати худ розиам. Роҳбарию масъулияти ҳалли масоили иҷтимоии беш аз 1500 нафар аҳолии Ҷамоати шаҳраки Дарбанд бароям вазифаи ифтихорӣ аст, зеро дар лаҳзаҳои шикасту ноумедиҳоям қавл дода будам, ки адлу инсофро ба роҳ мемонам.
Ба гуфти Фароғат ҷомеа вақте дар руҳияи созандагӣ кору зиндагӣ мекунад, ки мардум дар симои мансабдорон инсонҳои одилу ҳақиқатпараст ва идеали худро бубинанд, на тақаллубкору ҳаққи мардумхӯрро.
– Роҳбарон, ки пайваста дар мадди назари мардум қарор доранд, бояд ҳар субҳу шом ба худ суол диҳанд, ки мардум дар бораи онҳо чӣ андеша дорад? Муносибат бо мардум бисёр масъулияти ҳассос аст. Дар назди мо масъулини шаҳраки навтаъсиси Дарбанд вазифаҳои ниҳоят ҷиддӣ гузошта шудааст: қабули оилаҳои муҳоҷир, ҷобаҷогузорию ҷалби онҳо ба корҳои ҷамъиятӣ. Афкори мардум дар бораи мо, масъулини ҳокимиятҳои маҳаллӣ, баҳои сиёсии мост, – мегӯяд ӯ. –Имрӯз муносибат ба мардуме, ки зиндагиашон аз ҳисоби муҳоҷирати меҳнатӣ аст, кори осон нест. Дар чунин муҳити иҷтимоӣ бояд бонувони роҳбар донишу малака ва ба чӣ кор қодир будани худро нишон дода тавонанд.
Дар марҳилаи вусъат ёфтани муҳоҷирати сокинон ба шаҳраки Дарбанд масъулони ноҳияро мебояд, ки ба аҳолии аз русто омада рафтору маданияти зиндагӣ дар муҳити шаҳрро биомӯзанд. Барои ҷорӣ намудани тартибу интизом дар шаҳрак баъзан зарур меояд мардумро «сиёсат» кард, то талаботи шаҳрдориро риоя намоянд, иброз медорад Фароғат Ҷамолова. –Лаҳзаҳое мешаванд, ки миёни масъулини ҳокимияти маҳаллӣ ва мардум баҳсу мунозираҳои ҷиддӣ эҷод мешаванд. Дар ин ҳолат роҳбар бояд тарзе рафтор кунад, ки эътимоду боварии одамон аз мақомот коста нашавад. Зеро мардум дар симои мо намояндаи давлатро мебинад.
Дар суҳбат атрофи истиқлолият ва самараи он ба ҳаёти иҷтимоии бонувони навоҳии дурдасти кишвар Фароғат чунин иброз дошт: «Соҳибистиқлолии давлатӣ самти зиндагии бонувони Нурободро тағйир дод. Таваҷҷуҳи духтарони навоҳии кӯҳистон ба мактабҳои олӣ аз дастовардҳои муҳими даврони истиқлолии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Аммо дар самти фаъолгардонии бонувони русто дар корҳои давлатию ҷамъиятӣ бояд духтаронро дар муҳити озоду демократӣ тарбия ва ба воя расонид. Аз ҷониби дигар дар баланд бардоштани мавқеи занон дар ҷомеа бонувонро мебояд, ки худ фаъолу мубориз бошанд».
Дар ноҳияи Нуробод иҷроиши барномаҳои марбут ба фаъолгардонии бонувон дар корҳои ҷамъиятӣ чашмрасанд. Фароғат бо изҳори хушнудӣ аз ин иброз медорад, ки афзоиши теъдоди бонувон дар мақомоти маҳаллӣ орзуи ҳамаи мо, занони тоҷик аст. «Агар орзуву ҳадафҳои мо ифодагари ормонҳои мардум бошанд, пас ҷаҳду талош баҳри расидан ба мақсади пешгирифта муҳимтарин рисолат бароямон дар зиндагист. Зиндагиро орзуҳои зебо, мубориза барои расидан ба орзуҳо, ширину рангин менамояд».