Дар ноҳияҳои дурдасти кишвар аз замони шӯравӣ мардум нисбат ба таҳсили духтарон назари нек надошт ва ин ақида имрӯз ҳам дар бархе аз шаҳру ноҳияҳо дида мешавад, вале вазъи сиёсиву иҷтимоии ҷомеа тақозо дорад андешаи мардум нисбат ба соҳибкасб шудани духтарон дигар шавад.
200 бонуи соҳибдиплом
Хушбахтона, баъд аз вохӯриву суҳбатҳо бо бонувони ноҳияи Нуробод вазъро дар ин ноҳия дигаргуна дарёфтем. Сайрам Бухориева, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод, иброз медорад, ки солҳои охир худи волидон барои ба мактабҳои олӣ дохил намудани духтаронашон ба мо муроҷиат мекунанд.
«Дар муддати 70 соли шӯравӣ танҳо 17 бону дар ноҳия соҳиби маълумоти олӣ гашта буд. Хушбахтона, аз соли 2001 то имрӯз зиёда аз 200 нафар мактабҳои олиро хатм намуда, дар ноҳия фаъолият доранд. Ҳоло 85 нафар духтарони ноҳияи Рашт дар мактабҳои гуногуни кишвар таҳсил мекунанд. Имрӯзҳо бонувони Нуробод дар қиёс ба солҳои гузашта хеле пешрафтаанд, ки ин боиси хушнудист», –мегӯяд ӯ.
Маълумоти оморӣ нишон медиҳад, ки танҳо соли 2012 сездаҳ нафар тариқи озмун ба мактабҳои олӣ дохил шудаанд. Соли равон Фароғат Ҷамолова бо Квотаи президентӣ донишгоҳро хатм намуда, ҳоло ба сифати раиси Ҷамоати шаҳраки Дарбанд фаъолият дорад. Ҳамчунин 3 нафари дигар бо тахассуси рӯзноманигор донишгоҳро хатм намуда, дар ноҳия фаъолият доранд. Хеле хурсандиовар аст, ки имрӯз бонувони Нуробод чун занони минтақаҳои дигар дар тамоми соҳаҳо фаъолият ва нақши назаррас доранд. Ҳоло нигоҳи онҳо ба зиндагӣ дигар шудааст.
Мушкили занон
«Мушкили асосии занони ноҳияи Нуробод набудани ҷои кор аст. Дар шаҳраки Дарбанд сехи дӯзандагӣ ба кор оғоз карда, барои 30 нафар пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин дар ҳамкорӣ бо шуъбаи агентии шуғли давлатӣ курсҳои кӯтоҳмуддати дӯзандагӣ, занбӯриасалпарварӣ, тайёр кардани ҳар гуна шарбатҳо фаъолият менамоянд ва бонувон баъди хатми курсҳои махсус соҳиби шаҳодатномаҳо мегарданд», – ёдовар мешавад дар идомаи суҳбат С. Бухориева.
Пош хӯрдани оилаҳои ҷавон
«Вайроншавии хонаводаҳои ҷавон дар ноҳия ба як мушкили доғ мубаддал гардидааст. Яке аз сабабҳои асосии пош хӯрдани оилаҳои ҷавон омода набудани духтарон ба издивоҷ аст. Аксар духтарони аз шавҳар ҷудошуда, нав синфи 11- ро хатм кардаанд. Онҳо ба мушкилоти зиндагӣ тоб намеоранд. Мардҳо ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта, то чанд сол барнамегарданд. Арӯси бечора маҷбур аст зиндагиро ба танҳоӣ пеш барад ва ба суханони хусуру хушдоман таҳаммул кунад. Албатта, дар ин ҷо падару модарон низ гунаҳкоранд. Байни арӯсу хушдоман нофаҳмӣ сар мезанад. Муҳоҷирати меҳнатӣ, агарчӣ ба иқтисодиёти ноҳия ва буҷети оила манфиат меорад, аммо муносибатҳои хонаводагиро коста месозад. Нуробод меваи фаровон дорад ва хуб мешуд дар ин минтақа як корхонаи коркарди мева сохта шавад, ки мардон дар он кор кунанду ба муҳоҷират камтар раванд», – ибрози назар мекунад ҳамсуҳбатам.
Бонувони соҳибкасб шавед
– Бонувони азиз, соҳибмаълумот шавед. Зеро зани соҳибмаълумот метавонад фарзанди солиму бамаърифат тарбият намояд. Пешрафти ҷомеа аз саводи зан вобаста аст. Мо аз сиёсати давлат миннатдорем, ки занҳоро дастгирӣ мекунад, аммо агар мардҳо бештар дар Ватан кор мекарданд, ҷудошавии хонаводаҳо кам мешуд. Мутаассифона, набудани ҷои кор мардонро маҷбур месозад рӯ ба муҳоҷират оранду занонро ба гӯшаи фаромӯшӣ супоранд, – таъкид менамояд дар фарҷоми суҳбат Сайрам Бухориева.