Нурхотун Қазоқова бо аҳли хонаводааш ҳар сол аз баҳор то тирамоҳ дар айлоқ маскан гирифта, чорвои худу мардумро нигоҳубин мекунад. Онҳо рӯзе беш аз 100 сар моли майда ва 20 сар модаговро дастӣ медӯшанд. Аммо нарху наво ва сифати маҳсулоти ширии истеҳсолкардаашонро, ки дар бозор хеле зуд тағйир меёбад, дида, дилозурда мешаванд.
– Фурӯшандаҳо чакаи бар ивази се сомонӣ аз мо харидаашонро бо нархи 9 – 12 сомонӣ ва қаймоқро бо чакка омехта, хеле гарон мефурӯшанд. Беинсофии савдогаронро бо заҳмати оилаамон муқоиса карда, ба ҳайрат меафтам. Натиҷа ин аст, ки мо аз субҳ то шом дар кӯҳу пушта, зери офтоби сӯзон заҳмат мекашему роҳаташро тоҷирон мебинанд.
Зулфиямо Мирзоҳаётова, сокини Ҷавшангоз, ҷавониашро ба ёд оварда, мегӯяд, ки баргузории слёти чорвопарварон дар маҳал ба мақсади ҳавасмандгардонӣ ба як анъана табдил ёфта буд. Бонувон ба пешсафони мусобиқаи сотсиалистӣ – Аслибегим Орифмамадова ва Назарбегим Назардодова барин говдӯшон, ки аксу номашон лавҳаҳои фахрӣ ва саҳифаҳои рӯзномаву маҷаллаҳоро оро медод, ҳавас мекарданд, орзу доштанд, ки мисли онҳо машҳуру пешсаф бошанд.
Барои мӯйинаи бузҳои зотӣ тоҷирзанони қирғиз ба адир меоянд. Ҳарчанд 1 кг мӯйина дар бозори кишвари ҳамсоя бо нархи аз 50 то 80 доллари амрикоӣ фурӯхта мешавад, онро аз бонувони бадахшӣ бо нархи 20 сомонӣ мехаранд. Чорвопарварон муфт аз даст рафтани молашонро донанд ҳам мегӯянд, ки то туъмаи кирму кайк шудан мӯйинаро бо нархи паст фурӯхтан авлотар аст.
Аммо аз харобии роҳ ва камчинии васоити нақлиётӣ на фақат чорвопарварон, балки кулли сокинони маҳал ранҷ мебаранд. Ба наздикӣ як модар ҳангоми таваллуди тифл сахт бемор шуд ва то наздиконаш сӯзишвориву мошин дарёфт карданд, ки фурсат аз даст рафт. Дар роҳ тифл солим ба дунё омаду мошин боз ба Ҷавшангоз баргашт.
Бадии роҳ ва камии нақлиёт мушкилоти ягонаи сокинони Ҷавшангоз нест. Онҳо низ мисли мардуми деҳоти Сежд дар асри 21 низ аз ҳамагуна васоити мухобиротӣ маҳруманд.
Ақлимо Додихудоева, модаре, ки барои хидмати арзандаи фарзандаш аз номи сардори яке аз қисмҳои ҳарбии ҷумҳурӣ пайваста номаҳои ифтихорӣ мегирад, бо сабаби набудани робитаи телефонӣ, моҳе 80 сомонӣ сарф карда, барои шунидани овози писараш тавассути телефон ба маркази шаҳр меояд.
– Ба ҳайси парастори тиббӣ 150 сомонӣ маош мегирам. Айни ҳол писарам дар госпитал табобат мегирад ва ман ҳар ҳафта ба маркази ноҳия ва ё шаҳр меравам, то овози ӯро шунавам. Бо ӯ суҳбат мекунаму дилам каме ором мегирад, –мегӯяд ӯ.
Сокинони Ҷавшангоз аз мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия талаб доранд, ки ҳадди ақал мардумро бо алоқаи доимии телефонӣ таъмин ва аз сарсониву саргардонии роҳ халос намоянд.
Дар ҳамин ҳол бештари айлоқҳои Бадахшон бе элчизан (бонувони ширдӯш ва омодасози маҳсулоти ширӣ) мемонанд. Ҳатто дар маҳалли бо анъанаи чорвопарварӣ машҳури Ҷавшангоз аллакай зиёда аз 30 айлоқ холӣ мондааст.
Ҳангоми «тақсими мерос»-и шӯравӣ ба чӯпонону сокинони маҳал чизе нарасид. Аммо имрӯз, вақте мардум барои дарёфти ризқ аз пайи чорво ба адир меоянд, маълум мешавад, ки чарогоҳҳо соҳиб доранд.
– Ҳамасола барои истифодаи адир ва чарогоҳҳои гирду атроф ба моликони онҳо бо назардошти пардохти андоз дар маҷмуъ 2600 сомонӣ маблағ месупорем, – мегӯяд Зулфиямо Мирзоҳаётова.
Дар Ҷавшангоз бонувонеро низ дидан мумкин аст, ки бо сабаби дар муҳоҷират қарор доштани шавҳаронашон маҷбуранд барои пеш бурдани рӯзгор вазифаи даҳмардагиро низ ба зимма бигиранд.
Ш.Мирзоҷалол