«Дуборамуҳоҷирон»
Деҳа тӯли 30-40 сол чун аксар деҳоти қадимаи собиқ ноҳияи Даштиҷум қариб, ки беодам монд. Ашхоси ба ин ҷо баргашта зиндагиро аз сифр оғоз намуда, хона бунёд кардаву манзили зист сохтанд, ба умеде , ки ин ҷонфидоии онҳо баҳри обод кардани як гӯшаи диёр, агар қадр ҳам нашавад, ақаллан дар таъмини ояндаи фарзандон бартарие хоҳад дошт. Шояд аз муҳите, ки таҳдашт тӯли 30-40 сол барояшон додаву дар 4-6 сотих замин 5-6 оила мезист, халос мешаванд. Вале маҳз дар ҳамин давра сохти ҷомеа дигар гашту онҳо солиёни зиёде чун дар асрҳои қадим бе барқу нишоне аз тараққиёт сабурона зистанд. Имрӯз дуборамуҳоҷирон умед доранд, ки рӯзе аз ҷониби масъулини вазорату идораҳои зидахл ба қавле «сӯйи ғарибон як назар» ҳам шаваду зиндагии мардуми кӯҳистон каме ба рӯзгори мардуми асри 21 наздик мешавад.
Айни замон дар ин деҳаи дорои табиати нодир, ки олучаву себҳо, туту чормағз ва ҳар буттаву дарахташ аз барг дида меваи бештар доранд, тақрибан 30 хоҷагӣ иқомат дорад.
Чун дар аксари манотиқи кӯҳистон мардуми деҳаи Миёнатук ҳам аз мушкилоти роҳ, об, мактабу маориф, тиб, беиттилоӣ, фарҳангу савдо ва ҳазору як мушкили дигари иқтисодиву иҷтимоӣ орӣ нестанд. То ба як-ду сол пеш, ҳатто барои гуфтугӯ бо телефонҳои мобилӣ онҳо ба 3-6 км болотари кӯҳ баромада, тамос бо «ҷомеаи маданӣ» мегирифтанд. Вале имрӯзҳо ба ҳар кунҷу канори ҳавлии хеш рафта, мавҷҳои телефонҳои мобилиро «меқапанд»-у шукр мегузоранд, ки аз ҳоли фарзандони муҳоҷирашон дар Русия ва ақрабои раҳдурашон бохабар мегарданд.
Ҷанозаи дур аз хона
Бунгоҳи тиббӣ барои ин мардум дар масофаи 15 км ҷойгир буда, ҳамагӣ ду корманди он бо маълумати миёна ба 6 деҳаи дигар ҳам «хизмат» мерасонад. Раҷабалӣ Зарифов, ба қавли ин мардум, ягона духтурашон ба ниёзмандони деҳоти Шоҳони Таг, Шоҳони Тор, Сангунел, Ёждара, Нимдара ва Миёнатук, ки ҳар кадоме аз 30 то 100 хоҷагӣ дорад, бояд ёрии тиббӣ расонад. Оё бо чунин доираи « васеъ» – и хизматрасонии тиббӣ метавон аз саломатии ин мардуму доруву дарду дармони эшон чизе гуфт?
Ҷиёнгул Фармонова, сокини ин деҳаро 17 июли соли равон, хурӯҷи бемории сактаи қалб ба фиғон овард. Вале бемореро, ки аз ҷояш ҷунбондан хатари маргзо дорад, тӯли як шабонарӯз касе ёрии тиббӣ расонида натавонист. Аҳли оилаи раҳгумзада худро ба чаҳор тараф зада, илоҷе наёфтанду бо ҳамон роҳҳое, ки ҳатто номи «роҳ»-ро сазовор буда наметавонанд, ба қавли мардум сари сангу кулӯх муддати 6 соат бо мошини тамғаи «Нива» (сахтиву тангии онро тасаввур кунед) ба шаҳри Кӯлоб оварданд. Ҳарчанд аксарият медонистанд, ки ин амал барои бемори сактаи қалб марги ногузир асту баъди он зинда мондани инсон тақрибан ғайриимкон, вале илоҷи дигаре набуду нест. Бояд дарди сангини ин занеро, ки модари 12 фарзанд аст, дармон меҷустанд.
Баъди як шабонарӯз Ҷиёнгул Фармонова, ҳарчанд табибони Маркази минтақавии бемориҳои қалби шаҳри Кӯлоб зиёд талош карданд, аз дунё гузашт. Аз сабаби сангинии роҳ майитро, ки аз дили аз фишори дард кафидаву тани тӯли 3 рӯзи дар мубориза бо марг афгоре дошт, ба хонааш, ба нишемани бо орзуҳо бунёд кардааш, ба кулбаи бо сад машаққат дар кӯҳистон сохтааш, бурда натавонистанд. Ӯро дар ҳавлии падар дур аз хонадон ба он хотир ҷаноза карданд, ки дар «роҳ»-и шинохта бо унвони Кӯлоб -Хоруғ, ки ҳатто инсони сиҳату саломат ҳам ҷон ба ҳақ таслим карданӣ мешавад, дигар бозпас бурда намешуд.
Суолҳои посухталаб
Ҷиёнгул Фармоноваро дур аз хонадон ба хок супурданд, вале суолҳои зиёде боқист, ки ин қадар мардуми дигари ин деҳоти кӯҳистон, дар шароити чун солҳои пеш аз инқилоб бо гов ҷуфт кардаву бо чана бор мекашонанд, бояд рӯ ба раҳми Худо то чанди дигар бизиянд? Фарзандони бе мактабу муаллимашон ғуломони ояндаи Русия зода бишаванду беморонашон мувоҷеҳи марг?
Оё дар асри 21 як акушеркаро танҳо бо як танометри фишорсанҷӣ дар хидмати 6 деҳа тасаввур кардан мумкин аст? Ин ҳам дар деҳоти аз ҳамдигар дар масофаи 15-30 километр дур…
Оё маоши корманди тиббӣ барои пиёдаву кашола ба хизмати ин қадар одам расиданаш бо доллар муқаррар шудааст ё…?
Оё марги ин зан мисоли ягонаест, ки бе ёрии тиббӣ ҷон ба ҳақ таслим намуда? Оилаҳое, ки имкони бурдани бемор ё мурдаи хешро ҳам ба ягон шаҳре надоранд, чӣ кор бояд кунанд?
Барои зани тоҷик дар мисоли Ҷиёнгул Фармонова аз беморие бе ёрии тиббӣ мурдан шояд ба қавле «норма» бошад. Вале ку кафолате, ки дигар занони ҳомила, пирони барҷомонда, тифлакони маъсуми ин деҳотро ду корманди тиб, бо маълумоти миёна, дар чунин масофаи дур, баъдан низ аз марг наҷот мебахшанд?
Ку омӯзгоре, ки бо чунин шароити сангин дуриву вайронии то ба ҳоли роҳе, ки даҳсолаҳо атрофи номаш сару садоҳо баланд аст, ба кор мераваду хоҳиши ба шогирдон сабақ гуфтан мекунад? Пас дар даҳсолаи баъдӣ низ мутахассисе аз ин деҳот бояд омода нашавад?
Талабагони синфи ибтидоиро хатмкардаи ин деҳот бояд тақрибан 6-7 километр роҳи кӯҳиеро, ки зимистони сангин яхбандиҳояш калонсолонро метарсонад, тай карда, барои таҳсил дар мактаби 9 сола ба деҳаи Ёждара бираванд. Оё дар шароити кӯҳистоне, ки дар ду-се километр бо як нафари зинда вохӯрдан ё нахӯрдани кас гумон аст, метавон духтарчаи 12-14 солаи худро бе тарсу ҳарос ба саводомӯзӣ фиристод?
Ҳанӯз перомуни кафолати сифати таълим ва замина барои ояндаи соҳибмаълумотии ин духтарак масъала нагузоштаем. Ва ё барои кӯҳистониён доштани маълумоти ибтидоӣ кифоя аст?
Агар мо чашм бипӯшем, ки барои 30-60-100 хоҷагӣ мактаби таҳсилоти миёна сохтан ғайриимкон аст, пас агар даҳҳо ҳазор шаҳрвандони дар чунин деҳот ба воя расидаамонро маҳкум ба бесаводӣ, беиттилоӣ, беробитагӣ ва дурафтодаву ҷудо аз марокизи фарҳангиву маданӣ бидорем, оё метавонем бигӯем, ки онҳо низ раъйдиҳандаву андозсупору баробарҳуқуқ бо дигаронанд? Онҳо низ шаҳрвандони ҳамин ҷомеаанд.
Агар зимистони сахти имсола роҳҳои тахту ҳамвори асфалтпӯши шаҳри Душанберо ба ин ҳол овард, пас дар бораи роҳҳои ноҳияи Шӯрообод, ки ҳанӯз солҳои шӯравӣ сохта шудаву ба даҳсолаҳо боре таъмиру тармимро надиданд, чӣ метавон гуфт? Хайрият имрӯзҳо кор дар ин шоҳроҳ ба роҳ монда шудааст, вале кай он анҷом меёбаду мардум осоиш, суолест матраҳ.
Агар корвони пурбори мошинҳои аз Чин меомада бо «Фура» -ҳои пурбору вазнин раҳи гузари худро дар ин кӯҳистону селроҳаҳо «муайян» намекарданд, чӣ мешуд?
«Худоё, моро зинда ба хонаамон расон!»
Мардуми сахтҷони кӯҳистон бо ин ҳама мушкилот аламу гила аз касе надоранд. Ҳол он ки проблема, ба қавле аз сару гӯшашон мерезад. Bа мушкилоти инҳо проблемаи танҳо имрӯз не, ба даҳсолаҳои баъдист, ки онҳоро боз ба қафотар хоҳад бурд.
Вале мушкилтарин мушкилашон ҳамон тавре мардум зимни суҳбат ишора мекарданд, роҳ аст. Зеро бо ин ё он сабаб аз деҳа берун раванд, масалан ба самти Кӯлоб, танҳо дар дил як ниёиш доранд: Худоё, моро сиҳату саломат ба назди пайвандон расон!
Аммо ояндаи фарзандони бесаводашон ва ба чунин зиндагии сангин сабр кардану шукр гуфтанашон касро дар таҳайюр мегузорад. Шукрона аз зиндагии сангин, аз бемаърифативу ба гӯшаи фаромӯшӣ рафтани ин оилаҳои кӯҳистонро танҳо худашон мефаҳманду Худо.
Р. Шарифзода,
Б. Юсуфова