Солҳои 1989 - 1994 мудирии боғчаи кӯдакони рақами 5- и шаҳраки Фархорро ба ӯҳда дошт. Соли 1994 ба нафақа баромада, соли 2012 аз олам гузашт.
Ғаффор Умаров, шавҳари марҳум Саломат Ҷӯраева, лаҳзае аз хотироти даврони ҷавониашро ба ёд оварда мегӯяд: « Ман курси якуми донишгоҳро хатм карда, ба деҳаамон омадаму дар мактаби миёнаи рақами 23 ба ҳайси сарпешоҳанг ба кор даромадам. Саломат синфи 10-умро хатм мекард. Ба ӯ гуфтам, ки агар ба ман ба шавҳар бароӣ, туро барои таҳсил кардан ба донишгоҳ мебарам. Розӣ шуд.
Аз байн се моҳ сипарӣ гашт. Саломат- арӯси се моҳа ба ман гуфт, ки ба ваъдаи додаат вафо мекунӣ?
Ҳамин тавр, ӯ барои маълумоти олӣ гирифтани худ дар иродааш устувор монд ва ба мақсад расид».
Ҷӯрахон Неъмат, собиқ муовини раиси комиҷроия ва котиби якуми ҳизби коммунисти ноҳияи Фархор, ки муддати 7 сол ҳамроҳи Саломат Ҷӯраева кор кардааст, он замонро ба ёд оварда мегӯяд:
– Соли 1974 муовини аввали раиси комиҷроия будам. Мавсими ғундоштани ҳосил аз дамидани субҳ то соати яки шаб дар сари замини пахта меистодем. Дар он замон ҳизби коммунист ҳам шахсро ҳаматарафа санҷида, баъд ба кори роҳбарӣ таъйин мекард. Саломат Ҷӯраева бисёр зани ҷасур, арзанда ва босавод буд. Дар баробари мо, мардон, монда нашуда меистод. Ман ба ӯ мегуфтам, ки хонаат бирав, вақт аз нисфи шаб гузашт. Саломати бонангу номус мегуфт, ки чӣ хел Шумо дар ин ҷо истеду ман хона равам? Саломат зани покизаву босавод, ҷасур ва яке аз бонувони пешқадами ҷумҳурӣ ба ҳисоб мерафт.
Хосият Қосимова, нахустин зани маълумоти олидори ноҳияи Фархор, ки имрӯз дар нафақа буда, баробари ҷавонон ба шогирдон сабақ медиҳад, мегӯяд: « Саломат Ҷӯраева дуюмин нафари маълумоти олидори ноҳияи Фархор дар ҳамон солҳо буд. Мо бо ҳам дугона будем, рафту омад доштем. Дар кор маслиҳатчии хубе буд. Мудом дар андешаи ҳолу рӯзгори зердастон буда, аз аҳволи онҳо ҳар рӯз пурсида меистод, муносибати инсондӯстона дошт. Ҳамин хислатҳои неки инсонӣ сабаб шуд, ки ӯро чӣ дар вақти роҳбар будан ва чӣ дар айёми нафақа мардум эҳтиром мекард».
– Ҳа, ҳама меҳнат намуда, ҷон мекоҳонанду шумо, роҳбарони хоҷагӣ, шарм накарда, дар айни долу зарби кор дар сояи дарахтон баҳузур роҳат карда истодаед? Агар ин бегоҳ хоҷагӣ 1,5 фоизи нақшаи пахтаро насупорад, бо шумо дар бюрои райком дигар хел гап мезанам.
Роҳбари вилоят хайру хушро нася гузошта, ба мошинаш нишаста ҷониби қитъаи дигар ҳаракат намуд.
Охирҳои мавсими пахтачинӣ ғундоштану супурдани 1,5 фоизи нақшаи солона кори миёншикане буд. Саломат ва Аноргул дар миёни пахтазор лолу ҳайрон монданд. Аноргул , ки қабл аз хатм намудани Донишгоҳи кишоварзӣ дар хоҷагии ба номи Ленин ронандаи мошини пахтачинӣ буд, баъди хомӯшӣ чунин пешниҳод намуд:
– Апаи Саломат, ман ҳозир ба гараж мераваму мошин пахтачиниеро, ки ронандааш бемор аст, гирифта пахта мечинам. Шумо бо чинакчиҳо суҳбат гузаронед. Кӯшиш мекунем, ки супориши роҳбари вилоят иҷро гардад.
Соати 3-и шаб охирин тележкаи пахтаро ба корхонаи пахта фиристоданду баъд ду бону ба хонаҳояшон рафтанд.
Аз тангназарии нафаре аз роҳбарони ҳамонвақта соли 1977 бе сабаб ӯро аз вазифаи муовини раиси комиҷроияи ноҳияи Фархор озод карданд. Вай барои дарёфти адолат ва исботи туҳматҳо ба назди котиби аввали Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Ҷаббор Расулов рафта, бегуноҳии худро исбот намуд.
– Ман бо Саломат Ҷӯраева 15 сол котиби ҷамоат будам. Он замон мардум бештар барои пӯшонидани боми хонаҳояшон, барои дастрас кардани шифер муроҷиат мекарданд. Раиси шӯро касеро ноумед намегардонд. Инчунин оилаҳои ҷавон бо мушкилоти оилавиашон муроҷиат мекарданд. Ба онҳо тарзе суҳбат мекард, ки қаҳру ғазабашон паст мешуду ба хона бармегаштанд. Ӯ ба хонаи ҳар як оила рафта, аз наздик бо онҳо суҳбат мекард ва роҳу равиши зиндагии мустақилонаи ҳаётро сода карда мефаҳмонд. Намехост оилаи ҷавони навбарпошуда, вайрон шаваду кӯдакон ятим монанд. Баъди чанд сол онҳо ба идораи ҷамоат омада, ба муаллима ташаккур мегуфтанд, – мегӯяд Зариф Сайфиддинов, собиқ котиби Шӯрои деҳоти Комсомоли ноҳия.
Саломат Ҷӯраева аз шумули аввалин занони соҳибмаълумоти минтақаи Кӯлоб буд. Дар он солҳо сари мансаби мардона, яъне роҳбарӣ нишастани занон кам ба чашм мерасид. Зеро дар паҳлуяш марди мушфиқу дилогоҳ буд. Шавҳаре, ки дӯсташ медошту даркаш мекард, аз ӯ ва амалҳояш ифтихор менамуд.
Саломат Ҷӯраева рӯзгори хушу пурсамареро пушти сар кард. Хизмати фидокорона ба халқу Ватан умре дар дили саршор аз меҳру муҳаббаташ макон гирифта буд. Устоду тарбиятгари садҳову ҳазорон нафароне буд, ки танҳо ба роҳи рост ҳидояташон мекард. Роҳи дигареро барои худ ва шогирдонаш ҳаргиз қабул надошт.