Дилафрӯз дар хонаводае ба воя расид, ки модар ба хотири суботу пойдории оила ҳуқуқҳои инсонии худро сарфи назар мекард, то дар баробари ҳама гуна хушунату зӯроварии шавҳар сабру таҳаммул дошта бошад. Дашному таҳқир ба унвонии зодмандони зан барои шавҳари ӯ як одати маъмулӣ гардида буд. Модари бечора аз тарс ва ё хотири бесаробон намондани тифлаконаш бошад, ки ин ҳама фишору зӯровариро аз ҷониби ҳамсараш таҳаммул мекард.
Дилафрӯз, ки баъди хатми таҳсилоти миёна хоҳони идомаи таҳсил дар донишгоҳро дошт, аммо аз забони падар ҳукми дигар шунид: «Ба ҳеҷ куҷо намеравӣ, дар хонаи шавҳар аз пухтупази ғизову тозагии хонаву дар мепурсанд, на аз диплом». Ҳамин тавр, баҳси зану шавҳар атрофи ояндаи духтар боиси латукӯби Назокат аз сӯи ҳамсараш гардид. Рӯзи дигар бо ибтикори духтари наврас масъулони Маркази дастгирии ҳуқуқии занони ноҳия бо хонаводаи онҳо ташриф оварда, бо ҳамсарон суҳбат оростанд ва аз ин пас, муносибати сарвари оила бо зану фарзандон тағйир ёфт. Ин лаҳзае аз саҳнаи иҷронамудаи ҳаваскорони навраси ноҳияи Дӯстӣ буд, ки манзури ҳозирини ҳамоиши «Пешгирӣ аз зуроварӣ дар оила» гардид.
Зӯроварӣ дар оила ва мавриди хушунати ҳамсарон қарор гирифтани иддаи бонувони таҳсилнодида, аз мушкилоти умдаи хонаводаҳои рустонишини навоҳии дурдасти вилояти Хатлон ба ҳисоб меравад. Дар пояи пурсишу таҳлилҳои иҷтимоӣ ҷомеашиносон ба чунин натиҷа расидаанд, ки нобаробариҳои иқтисодӣ, хушунати равонӣ ва зӯроварии ҷисмонию шаҳвонӣ нисбат ба занону духтарон дар муҳити хонаводаҳо боиси даст ба худкушӣ задани занону духтарон, пошхӯрии оилаҳои ҷавон ва дигар ҳодисаҳои нохуш мегардад.
Амина Юсуфӣ, сармутахассиси бахши САҲШ-и ноҳияи Дӯстӣ, сабаби асосии нобаробариҳои гендерӣ ва поймол шудани ҳаққу ҳуқуқҳои иҷтимоии занону духтаронро дар оила ба бесаводию сатҳи пасти маърифатнокии хонаводаҳои русто марбут медонад. - Барои аз байн бурдани зӯроварӣ нисбат ба занон дар оила бояд корҳои фаҳмондадиҳиро дар чанд самт миёни қишрҳои мухталифи аҳолӣ ба роҳ монд. Чаро ки хушунату зӯроварии хонаводагӣ аслан миёни ҳамсарони синни аз 30 сола боло ҷой дорад, ки аз иттилооти зарурӣ бархӯрдор нестанд.
Ба гуфтаи Амина Юсуфӣ аз суҳбат бо муроҷиаткунандагон ба САҲШ бармеояд, ки як сабаби муноқишаҳо ва ҷудошавии оилаҳои ҷавон аз эътирози наварӯсон алайҳи мавриди зӯроварӣ қарор гирифтани онҳо маншаъ мегирад, ки баъдан онҳоро ба унвони арӯсони саркаш аз хонаи шавҳар меронанд.
- Дар дигар маврид асабонияти мардон боиси баҳсу ҷанҷолҳои оилавӣ ва мавриди зӯроварӣ қарор гирифтани занону кӯдакони бегуноҳ мегардад. Ба иддае аз ҷавонмардон одат шудааст, ки бо ҳисси асабоният ва хашму ғазаби аз ҷойи кор бардоштаашон ба хона баргашта, ҳама қаҳру ғазаби худро бар сари ҳамсару фарзандони худ мерезанд,- изҳор медорад Рӯзигул Рустамова, мудири бахши кор бо занон ва оилаи ноҳияи Дӯстӣ. – Феълан, дар ҳолати беморӣ ба табибон муроҷиат накардани бонувони хонашин далели мавҷудияти зӯроварии иқтисодӣ дар хонаводаҳои онҳо мебошад. Чаро ки бештари заннону духтарони деҳ аз лиҳози иқтисодӣ вобастаи шавҳару бародарони худ буда, бидуни ризоияти онҳо натанҳо хостаҳои иҷтимоии худро амалӣ карда наметавонанд, балки бе иҷозати онҳо ба ташхиси тиббию муроҷиати духтурон ҳам рафта наметавонанд.
Масъулони сохторҳои марбутаи ноҳияи Дӯстӣ изҳор медоранд, ки дар доираи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирӣ аз зӯроварӣ дар оила» ин муддат бо кулли сокинони ноҳия чорабиниҳои воқифгардонӣ доир сохта, сокинонро ба созгории оила ва пешгирӣ аз хушунату поймолкунии ҳаққу ҳуқуқҳои ҳамдигар ташвиқ карда истодаанд. - Маҳз баъди бардоштҳои худ аз ин гуна семинару машваратҳои ҳуқуқшиносӣ занону духтарони мавриди зӯроварӣ қарор гирифта, ба мақомоти дахлдор муроҷиат мекардагӣ шуданд, - изҳор медорад Рӯзигул Рустамова.
Тибқи иттилои Маркази дастгирии ҳуқуқии занони ин ноҳия дар 9 моҳи соли ҷорӣ 70 ҳолати муроҷиати занону духтарони ҷабрдида ба мақомоти дахлдор ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 33 муроҷиати расмӣ тибқи моддаи 93 қисми 1 барассӣ карда шудааст. Бояд гуфт, ки дар бисёр ҳолатҳои баҳсу муноқишаҳо ва ҷудошавии оилаҳои ҷавон зӯроварии иқтисодӣ ҷониби шавҳар нисбат ба бонувон мушоҳида мешавад, ки занон аз ҳуқуқи истифодаи манзил, хӯрок, либос молу мулк ва дигар воситаҳое, ки ҷабрдида тибқи қонунгузории ҶТ ба онҳо ҳуқуқ дорад, маҳрум мегардад.
Аз суҳбату вохӯриҳои фаҳмондадиҳӣ бо занону духтарони деҳоти дурдасти ин ноҳия бармеояд, ки бештари онҳо намедонанд, ки кадом аз амалу кирдорҳои шавҳарону бародарон нисбат ба онҳо хушунату зӯроварӣ дониста мешавад. Тавре Соҷида Ниёзмаҳмадова як сокини ноҳияи Дӯстӣ иқрор меояд, занони таҳсилнодида огаҳӣ надоранд, ки дар ҳаққи истифодаи манзил, ғизо, сару либос ва дигар воситаҳои ниёзманди хонавода мисли мардон ҳуқуқҳои баробар доранд. Пас, куҷо расад он ҳама таънаву таҳқир ва паст задани шаъну эътиборашон аз тарафи шавҳар, ки онро як амри маъмулӣ дониста, сабру сукутро ихтиёр менамоянд, то мабодо хонавайрону бесарпаноҳ намонанд.
Хулоса, хушунату зӯроварӣ дар хонаводаҳои русто аз масоили печидаест, ки иддае аз сокинон пурра пешгирӣ намудани онро дар ҷомеа имконнопазир мешуморанд. Чаро ки аз бархе рафтору кирдори мардон дар оила, ки тӯли қарнҳо идома меёбад, дар зеҳни ҷинси латиф ин андешаи ботилро нақш намудааст, ки гӯиё «мард бо ҳама кору кирдори хубу номатлубаш мард мемонад, вале зани солеҳа занест, ки дар баробари ҳама мушкилу шикасту рехти зиндагӣ собиру таҳаммулпазир бошад» Ин ва дигар омилҳои равонию иҷтимоӣ боис бар он мегардад, ки бештари сиру асрори мушкилоти оилавӣ аз назари ҷомеа пӯшида мемонад. Аммо баъзан эътирозу нидои аз дудмони хонавода фаротар садо баровардаи занону духтарони ҷабрдидаро нодуруст мефаҳмему бо таври худ шарҳу тавзеҳ медиҳем. Ин мавзӯъро ба гуфтори як тифли маъсум хотима мебахшем, ки ба суоли «Лаҳзаи фаромӯшношудании ҳаёт» ба хатҳои ларзида нигоштааст; «Рӯзе аз мактаб ба хона баргашта, ҳайрон шудам, ки чаро имрӯз модарам маро дар остони ҳавлӣ пешвоз нагирифт. Давида ба хона даромаданӣ шудам, ки дари хонаамон кушода нашуд. Аз даруни хона садои оҳу войи модарам ба гӯш мерасид. Ман ба тамоми овоз фарёд кардам, Модарҷон! Ин дам дар кушода шуду падарам ғур-ғуркунон аз хона баромада куҷое рафт… ва ман модарамро оғӯш намуда, аз шодӣ гиря кардам. Модарам ҳам мегирист».
Ҷамолиддин Сайфиддин, ноҳияи Дӯстӣ