Модарҷони азизам, инак боз Рӯзи Модарро бе ҳузури ту, бо ҳасрат, бо дарду алам, бо оби дида бари рӯ ва ҳадияи як каф дуо ба руҳи покат мегузаронам.
Модарҷони фариштарӯю накупиндору беозорам, лаҳзае нест, ки ёдат наорам. Бо ҳар бори ёд кардан, симои нуроният пеши назарам падидор мегардад ва дил дар фироқи рӯят месӯзаду сиришк аз дидаҳо сарозер мешавад.
Ҳар сабоҳ ҳини тараддуд чунин менамояд, ки дар роҳрав косаи дами гарм дар даст истодаӣ ва ҳамон табассуми зебо бар лаб мегӯӣ: «Духтарҷонам, агар ҳазор шитоб дорӣ, то нахӯрӣ, раҳоят намекунам». Аммо, дармеёбам, ки ин ҳама хаёле беш нест, диламро пардаи ғам мепӯшонад, аламам мегирад…
Модарҷон, зиндагӣ бе ту сахт аст бароям. Зиндагӣ бо ҳама таровату зебоияш пеши назарам ранг бохтааст. Акнун дарёфтам, ки баракати ҳузурат ҳазор рангорангию зебоӣ доштааст.
Модарҷон, барои ҳама ҷигарбандону пайвандон, зиндаю ҷовидон ҳастӣ. Ҳамеша ба некӣ ёдат мекунанд, аз меҳрубониву хайрхоҳият мегӯянд…
Модарҷон, ҳама ҳарфи панду насиҳататро дар дафтари хотирам нақш баставу онро дастури зиндагии хеш қарор додаам. Мегуфтӣ, ки танҳо барои худ зиндагӣ накунед, умри одами хокӣ бисёр кӯтоҳ аст, ба худ иҷозат надиҳед, ки дилеро биозоред, зеро дили муъмин арши Худост, агар диле озор ёбад, арш меларзад…
Модарҷони ширинам, чиҳил соли дароз, рисолати бузург, рисолати инсонсозиро бар дӯш доштию бо рӯсурхӣ онро ба ҷо овардӣ. Ёдам ҳаст, ҳар гоҳе бо рӯ задани хумори диданат ба мактаби миёнаи рақами 8-и шаҳри Кӯлоб мерафтаму дар мизи охири синф интизори тамом шудани дарсҳоят менишастам. Медидам, ки бо лутфу меҳрубонии зиёд ба шогирдонат муносибат дорӣ. Дасти ҳар якеро гирифта, тарзи дуруст доштани қаламу навиштани ҳарфҳоро ёд медодӣ. Сари ҳар кадомро бо навозиш сила менамудӣ. Ҳамагӣ мисли модари худ дӯстат медоштанд. Медидам, ки бархе бо диданат дар саҳни ҳавлии мактаб «Очаҷо-о-он!» – гӯён дартоз, ба оғӯш мегирандат. Боре ҳам дар ин бора чизе нагуфтаам, акнун мегӯям: маро ҳисси рашк фаро мегирифт, рашки кӯдакона. Ба худ мегуфтам, ки охир Очаҷони ман аст, чаро онҳо ӯро Очаҷони худ мехонанд…
Аз ёдам намеравад. Пас аз хатми мактаб барои ба Донишгоҳ дохил шудан ба пойтахт меомадам. Дилат қарор нагирифт ва ҳамроҳам омадӣ. Баъди супурдани ҳуҷҷатҳо то нимашаб бароям дарс гуфтӣ. Ёдам ҳаст, дар дили шаб барои муҳайё кардани нони даҳони фарзандон сари дастгоҳи дӯзандагӣ менишастӣ. Бедорхобӣ бароят кори маъмул гардида буд. Маро рӯи китоб хоб мебурд. Бо гузашти фурсате сарамро сила дода, бо навозишу меҳрубонӣ бедорам мекардӣ. Донишҷӯ шудам. Дар чанд рӯзе, ки дар пойтахт будем, ба худ иҷозат надодӣ, ки аз кори хайру савоб дастбардор бошӣ. Дар ин ҷо ҳам дасту остин барзадӣ. Хамир шӯридию зувола гирифтию оши бурида омода карда, ба ҳама инъом намудӣ. То охири умр дасти сахоят боз буд, Модарҷон.
Соли 1993 дар мансаби муфаттиши раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Кӯлоб фаъолият менамудам. Вазъият бениҳоят душвор буд. Рӯзе аз тиреза ба берун нигариста, дидам, низомипӯшони мусаллаҳ ба ҳавлии коргоҳ ворид шуданд. Садои боз шудани дари дафтари кориам маҷбурам кард, ки нигоҳ пас гирам. Марди низомии баландқомате дар китф силоҳ ва бо саги бадҳайбат ворид шуда, ба нафрат ба сӯям нигаристу зан аст, гуфта, дарро бо ғазаб пӯшид. Ҳамин лаҳза садои тирпарронӣ баланд гардид. Ҳаросон давида ба кӯча баромадам. Давру бари ниҳоди моро силоҳбадастон бо танку дигар лавозими ҷангӣ иҳота карда буданд.
Пеш аз ҳама чашмам ба модарҷони ҷасурам афтод, ки ҳаросон ба ҳар тараф менигарист. Духтари навкоратро ҷустуҷӯ мекардӣ. Ба хона баргаштем. Гуфтӣ, ки духтарам, давлат барои таълиму тарбияат маблағи ҳангуфт сарф мекунад, акнун имрӯз фурсати он фаро расидааст, ки ту барояш хидмат бикунӣ. Рӯзи дигар бо дуо ба кор гусел кардӣ. Имрӯз сарбаланду рӯсурхам…
Ҳар гоҳе ҳамсояҳоро мебинам, даврам парвона мешаванд. Аз ман туро меҷӯянд, зеро ҳам ба сурат ва ҳам ба сират то ҷое ба ту шабоҳат дорам. Нақл мекунанд, ки модарат ғами ҳамсояҳоро мехӯрд. Дурандешиашро бинед, барои он, ки мо эҳсоси шарм ва худро ногувор ҳис накунем, дар таги халтаҳо гӯшти яхбастаро мегузошту аз болояш нонҳои хушкшударо ва аз дар дароз мекарду мегуфт: «Инҳоро овардам, ки ба хешони деҳотиятон фиристед». Рӯзе набуд, ки таги дег алов намонаду оши буридаю дангичаю палов напазаду ба ҳамсояҳо тақсим накунад… Ҳеҷ аз ёдам намеравад. Рӯзе бо духтарчаам аз дар даромадӣ ва ӯ бо завқ нақл кард, ки аз мактабпулии ҳафтаинааш аз дорухона барои кампири ниёзманд доруҳояшро харида додааст. Ман хандида савол додам, ки агар пулат намерасид, он гоҳ чӣ кор мекардӣ? Дар посух гуфт, ки заруртарин доруҳояшро харида, мегуфтам, ки дигар пул надорам. Аз ҷавоби ӯ хандидам. Хушат наомад. Баъд маломатам кардӣ, ки модар ба фарзанд чунин муомила намекунад… Модарҷон, ҷони ҷонам, кадом амалатро ба забон биорам. Хонаам бе буданат сарду холист. Куҷоӣ, ки сар ба зонуят гузораму бо расидани дастонат ба сарам хастагиам рафъ шаваду неруву тавоноӣ бигирам…
Б. САИДВАЛИЗОДА