Дар Бадахшон оби мусаффои бештар аз 1000 чашмаи хурду бузург фаввора мезанаду муқаддас будани об дар боварҳои мардум, аз ҷумла оинҳои наврӯзӣ ба таври барҷаста ифода ёфтаанд. Ҳар чашма зиёратгоҳ, муъҷиза ва ҷойҳои ободу зебо буда, мавзеи «Чашмаи Носир», воқеъ дар деҳаи Миденшори деҳоти Поршиневи ноҳияи Шуғон, яке аз чунин маконҳои муқаддас аст.
Кадбонуҳо бар ин боваранд, ки рӯзи Наврӯз, агар нафаре пештар аз ҳама субҳи содиқ оби ин чашмаро нӯш ва аз он бо кӯза ва ё сатил ба хона биёраду нону кулча тайёр кунад, рустаниҳо ва гулҳои манзилу ҳавлиро об диҳад, сарсабзӣ, хайру баракат ва сафои рӯзгори ин хонавода дар соли нав бештар мегардад. Соҳибхона ва фарзандон пас аз бедор шудан аз хоб ва дасту рӯ шустан бо навбат оби чашмаро мечашанд. Ин оини наврӯзӣ маросими обрасонӣ ном дошта, байни сокинони қаламрав роиҷ аст. Шоира Зарнигори Муборакшоҳ хуб гуфта:
Рӯзи Наврӯз ҳасту деҳи кӯчакам,
Субҳидам бедор мегардад зи хоб.
Сӯйи чашма мешитобад модарам,
То ки орад пештар бо кӯза об.
Ҳар кӣ хезад пештар аз хоби худ,
Хезаду бо кӯза орад об худ,
Шод ҳар дам хонадони ӯ шавад,
Ризқу рӯзӣ ҳам аз они ӯ шавад,
Ин русуми куҳнае дар деҳи мост,
Халқ мегӯяд, ки ин ҳақ асту рост.
Ҳамчунин, ҳар нафари ба сафар бароянда, зиё¬рати чашма ва нӯши ҷон кардани оби мусаффояшро фарз медонаду ҳар меҳмонеро ҳам, ки ба ин макон меояд, ҳатман ба ин чашма даъват мекунанд. Ин расмро шоири маҳбуб Султон Шоҳзода ба риштаи назм кашида:
Бар кишвари Шуғнони ман, ай дӯсти беҳ аз ҷони ман,
Ҳар гаҳ шавӣ меҳмони ман, ба Чашмаи Носир биё.
Муҳаққиқон чашмаи мусаффо ва чанори сарсабзро рамзи ниҳоли борвари маърифат ва ирфоне, ки ҳаким Носир Хусрав тули солҳои ҳаёту фаъолияташ дар Бадахшон парвардааст ва таъсири афкору андешаи ин адиб, олим, файласуф ва ҳакими оламшумул ба зеҳну қалб ва фарҳанги мардуми ин ҷо арзёбӣ мекунанд.
Гирдогирди чанори чашма абёти панду ҳикмат аз ашъори ҳакими бузург бо ҳунар ва маҳорати баланди хаттоти маҳаллӣ рӯи санг ҳаккокӣ шудаанд. Рӯи тахтасанги чашма, байти ҳаккокишудаи шоири малакутӣ Ҳофизи Шерозӣ, ки амали некро беҳтарин ёдгорӣ аз инсон мешуморад, ҳар бинандаро ба андеша водор месозад:
Дар ин равоқи забарҷад навиштаанд ба зар,
Ки ҷуз накуии аҳли карам нахоҳад монд.
Чашма макони ободу зебо буда, назди он осорхона, чойхона, мактаби мусиқӣ ва Қасри фарҳанг қомат афрохтаанд. Бо ширкати Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди чашма шаҳраки ободу зебои замонавии Ваҳдат -маркази ноҳияи Шуғнон бунёд ёфта, ин маконро боз ҳам ҷаззобтар гардонд. Ба ифтихори 1100-солагии Носири Хусрав чанд сол қабл дар саҳни чашма пайкараи мармарии шоир ва донишманди оламшумул гузошта шуд, ки китоб дар дастону бари сина инсонро ба омӯхтани илму дониш даъват мекунад…
Дар наздикии чашма осорхонаҳои Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур ва арбоби давлатӣ Моёншо Назаршоев мақом ёфта, дар деҳаи Саройи Баҳор намунаҳои мактаби хаттотии хушнависон таваҷҷуҳ ҷалб мекунанд. Дар китобхонаи ин ҷо дастхатҳое мавҷуданд, ки зиёда аз 500 сол умр дошта, асрори китобҳои мушкбез, сиёҳӣ, давот ва килку тарзи тайёр намудани онҳо дар ин маҳал боқӣ мондааст.
Об дар забони мардум бо таъбирҳои гуногун ифода ёфта, маънои ҳаёт, ҷонбахшанда, рӯшноӣ дорад. Қатраҳои боронро ба лӯълӯъ ва марворид ташбеҳ додаанд. Обро асоси мавҷудоти олам, сабзишу рӯиши олами наботот ва инсон медонанд. Олимон исбот кардаанд, ки об чун сароғози ҳаёт дар рӯйи замин худ низ хусусияти зинда дошта, нисбат ба муҳити атроф хеле ҳассос аст. Аз навои шодиовар оби даруни зарф гӯё мавҷ мезанаду ба рақс меояд ва аз садоҳои мағшуш тира мегардаду ба худ мепечад. Ба қавли муҳаққиқон, об ба шодӣ ва ғами инсон ва табиати гирду атроф шарик асту ноаён вобаста аз таъсири муҳит сохторашро тағйир медиҳад.
Мардуми кӯҳистон ба оби нӯшокӣ ва полизӣ ниёз ва эътиқоди сахт доранд. Гандидани обро убол медонанд. Беҳуда нагуфтаанд, ки «об омад, ҷон омад». Ба шахси ногаҳон аз чизе тарсида, барои рафъи ваҳм аз дилаш об медиҳанду ба рӯйи нафари аз бемадорӣ ва ё беморӣ аз ҳушрафта низ қатраҳои об мепошанд.
Дар кандани ҷӯйбор, ки одатан аз камари кӯҳу пушта мегузарад, хурду калон ба таври ҳашар ҳисса мегузоранд. Дар оғози кор дуои пир мегиранд, вақте ҷӯйбор сохта шуд, кадбонуҳо ба истиқболи об нону кулча тайёр мекунанд. Пеш аз сар додани об, модарон ба рӯйи тифлони гаҳвора қатраҳои об, ки рамзи ҳаёт, рӯшноӣ ва тозагиву покӣ аст, мепошанд. Дар ин рӯз ҳама дастҷамъона миробу мирҷӯй интихоб мекунанд.
Ба андешаи муҳаққиқон, барои он ки инсон хона, деҳа ва ватанашро дӯст дораду аз зебоиҳои он лаззат барад, завқи зебоипарастӣ ва муносибати дилсӯзона ба муҳити атрофро аз хурдсолӣ дар ниҳодаш парвариш бояд дод. Дар тозаву озода нигоҳ доштани табиати гирду атроф, ба вижа занон, саҳмгузоранд. Ба зинда нигоҳ доштани анъанаҳо марбут ба об ва боло рафтани фарҳанги экологӣ ташаббусҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба истифодаи самаранок ва ҳифзи захираҳои об, ки аз минбари ҷаҳонӣ садо доданд, боис мегарданд.
Табиати худододи Тоҷикистон саршор аз оби чашма ва рӯдҳои кӯҳӣ ҳасту мардум обро муқаддас мешуморанд ва муносибат ба ин сарвати бебаҳо дар фарҳанги мардумӣ ва оинҳои наврӯзӣ ифодаи барҷаста ёфтааст.
М. САИД