Кӯш то бегонаро хеш созӣ!
Тақрибан ҳазор сол қабл аз ин Унсурулмаолии Кайковус дар китоби «Қобуснома» гуфта буд: «Зан аз қабилаи дигар хоҳ, то бегонагонро хеш карда бошӣ, ки ақрабои ту худ аҳли ту бошанд».
Дар шаҳри Хуҷанд расме роиҷ аст, ки қавми «тӯра» бо «тӯразода», «оя» бо «оязода», «хӯҷа» бо «хӯҷазода» ва «хон» бо «хонзода» риштаи хешутаборӣ мепайванданд. Камтар иттифоқ афтодааст, то «тӯра» бо «хон» издивоҷ карда бошад. Зеро тӯрагон худро аз насаби ашрофзодагону нухбагон мепиндоранд ва издивоҷ бо дигар авлодро барои худ раво намебинанд.
Хеш бегона шуд!
Гулрӯ ва Шариф холабачаанд. Онҳо мисли додару хоҳар бо ҳам меҳрубон буданд. Чун ба камол расиданд, модарон тасмим гирифтанд: «Гулрӯ ва Шарифро ҳамсар месозем!». Ҷавонон зид баромаданд. Модари Шариф намехост аз раъйи худ баргардад. Баъд аз се рӯзи арӯсӣ Шариф «як ба шаҳр рафта меоям» гуфта, аз хона рафт ва худи ҳамон рӯз ба шаҳри Сургути Русия парвоз кард ва пас аз соле тавассути телефон хабар дод, ки дигар намехоҳад бо Гулрӯ зиндагӣ намояд. Ду хоҳар ногап шуд. Шариф, вақте ба Ватан баргашт, ки модар дар ҳоли сақарот қарор дошт. Ӯ гуфт: «Бачам, бубахш маро, хато кардам». Вақте тобути модари Шарифро аз дарвоза мебароварданд, модари Гулрӯ бо чашмони ашколуд мегуфт: «Ту меравию аз ғам халос мешавӣ. Ман бошам, як ҷаҳон алам дар дил, дар ин ғамхона мемонам». Шариф зани нав гирифту соҳиби фарзанд шуд. Вале Гулрӯ то ҳол дар хонаи модар аст.
Ба гуфти Муқаддам Ҳошимова, мудири шӯъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, соли 2011 - 24623 ҷуфт ақди никоҳи хешро ба расмият даровард. Ҳамзамон наздик ба се ҳазор оила вайрон шудааст. Яке аз сабабҳои азҳампошии оилаҳо ин бефарзандӣ бинобар никоҳи хешутаборӣ дониста мешавад.
– Одамҳо сарфи назар аз он ки оқибатҳои фоҷиабори никоҳи байни хешу таборро медонанд, боз ҳам мекӯшанд, ки ин пайванди хунию қавмиро мустаҳкамтар кунанд, – мегӯяд М.Ҳошимова. – Ин раванд бештар дар шаҳри Хуҷанд, деҳкадаҳои Понғози ноҳияи Ашт, Чоркӯҳ, Ворух, Навгилеми ноҳияи Исфара, Гули Сурхи Истаравшан ба назар мерасад. Баъдан, аз ин издивоҷ кӯдакони бемору ноқис ба дунё меоянд. Мардум аз оқибати бадфарҷоми никоҳи хешутаборӣ хуб огоҳанд. Баъзеҳо ҳатто ба мо муроҷиат карда, хостори он мешаванд, ки кормандони шӯъбаҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар маҳалҳо пеши роҳи ин мусибатро бигиранд. Аммо, мо, ин ҳуқуқро надорем. Ақди никоҳ бо ризоияти ҳар ду ҷониб сурат мегирад ва ҳамсарон дар интихоб озоданд. Хуб мебуд, агар намояндагони Порлумони кишвар ба ин мавзуъ таваҷҷуҳ зоҳир мекарданд. Шояд ба Кодекси оила тағйироте ворид намоянд, ки мувофиқи он никоҳи хешутаборӣ манъ карда шавад.
Пажуҳише мебояд
Назар ба суханони Индира Акмалхоҷаева, корманди идораи тандурустии вилояти Суғд, оқибатҳои фоҷиабори никоҳи хешутаборӣ таҳқиқоти дақиқ ва ҷиддӣ мехоҳад. Зеро ин як муаммоест, ки аҳли ҷомеаро ҷиддан нигарон кардааст.
– Бояд гуфт, ки миёни ҳамсарони хешу ҳамхун ҳодисаҳои исқоти ҳамли ғайриихтиёрӣ (бачапартоӣ) бештар ба назар мерасад ва дар ин маврид нақши асосиро вайроншавии мубодилаи ҳормонӣ мебозад. Омилҳои дигаре чун фаъолияти нокифояи тухмдонҳо, ғадуди сипаршакл, ғадуди болои гурдаҳо, ирсият ва ғайра низ ҳастанд,– мегӯяд И.Акмалхоҷаева.
Чунончи Фахриддин Ҳакимов, сармутахассиси соҳаи амрози кӯдаконаи Раёсати тандурустии вилояти Суғд, дар суҳбат ба мо иброз дошт, соли 2011 дар қаламрави вилояти Суғд, 1090 кӯдак бо нуқси модарзодии фалаҷи майнаи сар ва 102 нафар бо иллати қалби модарзодӣ ба дунё омадааст.
Ба андешаи Алиҷон Одинаев, устоди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, тиҷорат ва сиёсати Тоҷикистон, яке аз омилҳои асосии издивоҷи хешутаборӣ ин сарват ва пул аст.
– Бисёр одамҳо соҳиби сарвату пули зиёд гаштаанд ва намехоҳанд, ки он дороӣ ба дасти бегонаҳо гузарад. Сарватмандоне ҳастанд, ки фақат духтар доранд ва писари додару хоҳари хешро хонадомод карда, дороияшонро ба онҳо медиҳанд.
Тилав РАСУЛЗОДА