Ҳаёт ва фаъолияти касбии ин ду зани хушсимову хушгуфтор ва корозмудаи ноҳияи Ишкошим, ки айни ҳол давлати пирӣ меронанд, бо амри тақдир ба ҳам монанд аст. Вақте дар бораи яке сухан мегӯянд, беихтиёр аз дигаре ёд меоранд. Ин бонувон солиён дар вазифаҳои масъул кор кардаанд ва бар ивази заҳмати душвор, бурдбориҳо, худгузаштанҳо ба мукофоти қиматтарин - маҳбубият ва иззату обрӯи зиёд сазовор шуданд.
- Сари мисли қуллаҳои Помир баланд, виҷдони чун чашмаҳои кӯҳистон соф ва дилу дастони тоза сифатҳое ҳастанд, ки Бибигулшод Мирҷонова ва Сунбулмо Самадова ба шарофати заҳмати садоқатмандонаашон некномӣ ёфтаанд, ҷавҳари инсонӣ ва сифатҳои касбии онҳо дар солҳои душвори дигаргуниҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ бештар зоҳир шуда, имтиҳони таърихро гузашт, - изҳор медорад муовини раиси ноҳияи Ишкошим Ашам Холдорзода.
«Осорхона»-и апаи Сунбулмо
Кӯдакистони маркази ноҳияи Ишкошимро мардум «осорхона» ва ҳам «гӯшаи виҷдон» меноманд. Чунин шуҳрат ба муассиса ба шарофати заҳматҳои Сунбулмо Самадова насиб гашт. Вай доманаи 50 сол аз рӯзи таъсис онро роҳбарӣ кардааст. Бо саъю талошҳои мудир кӯдакистон ободу зебо ва ба яке аз беҳтарин муассисаҳои тарбиявӣ дар вилоят табдил ёфт. Боиси ҳайрат аст, ки мизу курсӣ, қолинҳои тозаву озода, бозичаҳои қариб ним аср пеш харидшуда, дар баробари амволи нав, ҳоло ҳам олами кӯдаконро оро медиҳанд.
- Кӯдакистон намунаи барҷастаи муносибати шахси дилсӯзу бовиҷдон ба моликияти ҷамъиятӣ аст. Мудир аз кӯдакистон сӯзанеро ҳам ба берун бурдан намемонд, дар солҳои ноамнӣ, зарурате пеш меомад, амволи шахсиашро дар хизмати кӯдакистон қарор медод. Ба моли мардум, ба амонат хиёнат накард, онро бо виҷдони пок нигоҳ дошт. Ба шарофати чунин афроди ангуштшумор дар кишвар моликияти давлатӣ аз талаву тороҷ ҳифз ва бо беҳтар шудани имконияти молӣ ободтару зеботар гардиданд, -
мегӯянд сокинони солманд.
Дар ноҳия 5 кӯдакистон ва калонтаринаш дар марказ воқеъ аст. Қариб нисфи сокинони маркази ноҳия ва деҳоти гирду атроф худро фарзандони апаи Сунбулмо мешуморанд. Вай ҳар як кӯдакро ба сифати модар ба парасторӣ мегирифт ва имрӯз бо дидани онҳо, ки ҳама бонувону мардони шинохтаанд, лабонаш ба табассум моил мешаванд.
Хонаводаи Сунбулмо ҳам шабеҳи як кӯдакистони дигар буд. Вай ба шахсе ба шавҳар баромад, ки ҳамсараш бар асари беморӣ фавтида, чор кӯдаки хурдсолаш аз навозиши модар маҳрум монда буд. Ӯ бачаяконро зери бағал гирифт. Дар зиндагии ҳамҷояи хушбахтона 8 фарзанди дигар илова гашт. Вай ҳеҷ гоҳ байни онҳо фарқе намегузошту тамоми кӯшишу ғайраташро барои таълиму тарбияи онҳо ва бачаҳои кӯдакистон равона сохта буд.
Зане бо иродаи оҳанин
Дар Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии ВМКБ қолин ва туҳфаҳои гаронбаҳое ҳастанд, ки онҳоро Бибигулшод Мирҷонова дар солҳои гуногуни дар вазифаҳои масъул кор карданаш, тақдим намудаст. Чунин туҳфаҳоро одатан мизбонони рӯзҳои фарҳангӣ ва чорабиниҳои сатҳи ҷумҳурӣ ва кишварҳои ҳамҷавори дӯст бо нишони эҳтиром ба роҳбарони ҳайатҳо тақдим медоштанд. Бибигулшод мегуфт, ки дар симои вай мардуми Бадахшон қадр мегардиду вай туҳфаҳоро ба Осорхона месупурд, то ки ҳама аз тамошояшон баҳра бардоранд.
- Бо амри тақдир дар солҳои душвортарини ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар паҳлуи раиси вилоят Ғарибшо Шаҳбозов дар симати муовин чунин зане ба мисли Бибигулшод Мирҷонова кор мекард, ки шахси хеле фарҳангӣ буду иродаи оҳанин дошт ва мардум вайро эҳтиром мекарданд. Се забон - тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекиро хуб медонист. Дар мавқеъ устувор буду дар изҳори ақида бебок. Як неруи ниҳоние аз ниҳодаш мисли вулқон рӯй мезад. Бибигулшод қобилияти гӯш кардани мусоҳибон ва аз рӯйи ақли солим баҳо додан ба авзоъро дошт, - ёд меорад Файзи Мирҳасан, раиси вақти телевизион ва радиои ВМКБ.
- Бибигулшод Мирҷонова танҳо барои ба мавҷ рафтани маълумоти боэътимод имзо мегузошт. Бо ибтикори ӯ радиомарафони вилоятӣ ба манзури дастгирии иҷтимоии гурезагони иҷборӣ баргузор гардид. Аз маблағи хайрия ба хонаводаҳои зиёди гурезаҳо мадад расонда шуд.
Оғози роҳи касбӣ барои ин зани сиёсатмадор ҳамвор набуд. Сағираи бекасу кӯйи аълохони мактаб имконияти таҳсил дар донишкадаро надошт, дар колхоз кор кард, лаёқаташро аз фанни риёзӣ ба назар гирифта, пас аз соле ба курси муҳосибӣ, ки дар Хоруғ ташкил шуда буд, роҳхат доданд. Довталаб савори мошини боркаш худро аз деҳаи дурдаст ба шаҳр расонд. Бо хатми он чор сол дар ҷамъияти матлубот фаъолият бурд. Чанд бор муфаттишон натиҷаи корашро санҷида, мегуфтанд:
- Шумо аз ҳад зиёд дурусткоред, офарин.
Бибигулшод Мирҷонова азми қавӣ кард, ки соҳиби маълумоти олӣ мешавад. Барои роҳхат гирифтан ба идораи «Тоҷикматлубот» омад. Ба Донишкадаи кооперативии Самарқанд дохил шуд. Пас аз хатми он дар сохтор¬ҳои «Тоҷикматлубот» кор кард, баъд дар ташкилотҳои ҳизбиву мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ба нафъи ҷамъият ва Меҳан заҳмат кашид. Вай субот, амният ва раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсиониро дастоварди бузургтарини даврони истиқлол медонад ва пешравиҳоеро, ки ҷумҳурӣ дар фосилаи кӯтоҳи таърихӣ ноил шудааст, бемисл мешуморад.
Агарчанде Бибигулшод Мирҷонова ва Сунбулмо Самадова бознишастаанд, ҳамчун узви ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва Шурои куҳансолон дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсӣ фаъолона ширкат меварзанд. Воқеан, чунин бонувоне, ки сарбаландӣ ва обрӯ аз меҳнати ҳалол ёфтаанд, барои насли ҷавон намунаанд.
Ш. МИРЗОҶАЛОЛ, ноҳияи Ишкошим