Ҳифзи суботу сарсабзиҳо ва саҳмгузорӣ дар рушду нумӯи ояндаи ноҳияи Тоҷикобод, ки бо азми фарзанди фарзонаи миллат Бобоҷон Ғафуров созмон ёфтаву дар замони соҳибистиқлолӣ бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ободу зебо гардидааст, масъулияти ҷонии ҳар як сокини ин хуррамзамин маҳсуб меёбад. дар ин росто, бонувон дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёт заҳмати бурдборона мекашанд.
Гадозода Меҳринисо аз дастпарварони аҳди Истиқлол аст, ки дар қатори ҳазорон нафар духтарони лаёқатманди рустоҳои дурдасти кишвар таҳсилоти олиро ба итмом расонда, дар зинаҳои роҳбарӣ фаъолият мебарад. Дар рустои Шаҳристони деҳкадаи Зарафшон андар хонадони зиёӣ чашм ба олами ҳастӣ кушода, баъди хатми Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ соли 2007 тариқи Квотаи президентӣ ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дохил шуд.
- Моро аз хурдӣ дар руҳияи меҳнатдӯстиву дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ба воя расондаанд, ки бо заҳмати хӯшачиниву коҳкашонӣ, ҷамъоварии шибиту ҳезумворӣ аз дашту сахраҳои кӯҳистон дастёри модарам дар таъмини рӯзгори хонавода будем, - қисса оғоз кард Меҳринисо. – Андар он саҳрои корзор бонувону духтарон бо таронасароӣ ва мушоираву сабқатҳои дилнишини фарҳангӣ кӯфти кор бароварда, лаҳзаҳои истироҳатро ба базму маҳфилҳои пуршӯри ҳунарварӣ табдил медоданд. Ҳамин сон, баъдан ҳунарҳои зеборо дар маҳфилу чорабиниҳои фарҳангии мактабӣ сайқал дода, дар озмунҳои ҳунарӣ номбардори мактабу зодгоҳи худ будам.
- Муҳити рустоҳои дурдасти кӯҳистон ба кас сабру шикебоӣ, ризқи фаровону баракати беназир мебахшад. Ҳолиё он лаҳзаҳои бебозгашти наврасиро ба ёд оварда, таҳсин ба модари заҳматқаринам мегӯям, ки дар пастиву баландиҳои ҳаёт моро китобхону ҳушманд ва хушбину тавоно ба воя расонд.
Солҳои ноамнии 90-уми садаи бист, ки дар макотиби деҳот омӯзгорон камчин буданд, модари саводмандам бо шаҳодатномаи хатми синфи 11 дар МТМУ № 12 дарс мегуфт. Бо эҳсосоти бузургу беҳамтои модарӣ ва кору пайкори офаринаш симои идеаливу устоду роҳнамои ҳамешагиам дар зиндагист. Ҳолиё ҳам дар тарбияи фарзандону фаъолияти рӯзмарраам чун сипари устувору такягоҳи боэътимод ба ман неруи тавонмандӣ мебахшад ва ба гоҳи серкориву пеш омадани сафарҳои корӣ хотирам ҷамъу қалбам осуда аст, ки дар ҳамсоягӣ ӯро дорам.
Дарвоқеъ, сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа дар ҳаёти иҷтимоиву фарҳангии сокинони рустоҳои дурдаст таҳаввулоти бузурги маданӣ бахшида, ҷаҳолату хурофотпарастӣ ва хушунат нисбат ба занону духтаронро аз байн бурд. Бо гузашти солиён даҳҳо тан духтарони лаёқатманд тибқи Квотаи президентӣ сазовори номи донишҷӯ гардиданд. Дар ин миён Меҳринисо низ баъди хатми таҳсилоти олӣ бо роҳхати Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ба зодгоҳаш баргашта, ҳамчун омӯзгори фанни физика ба фаъолият пардохт. Баъди се соли муаллимӣ бо дархости Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод ба вазифаи мудири бахши кор бо занон ва оила пешбарӣ гардид.
- Дар давраи панҷсолаи фаъолият дар бахши кор бо занон ва оила тадбирҳои андешидашуда ҷиҳати пешгирӣ аз ҷудошавии оилаҳо, ба роҳ мондани чорабиниҳои фаҳмондадиҳии аҳолӣ вобаста ба риояи Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва ба таҳсилоти оливу касбӣ фаро гирифтани духтарон натиҷаҳои хуб ба бор меовард, - иброз дошт дар идомаи суҳбат Меҳринисо. – Дар ин миён бо пешниҳоди роҳбарияти ноҳия роҳбарии МТМУ № 1-ро ба уҳда гирифтам. Пас аз як сол, раиси нави ноҳия маро дубора ба мансаби мудири бахши кор бо занон ва оилаи ноҳияи Тоҷикобод таъин бинмуд.
Меҳринисо Гадозода баъди се соли фаъолият дар ин ҷода аз моҳи феврали соли 2023 муовини раиси ноҳия оид ба иҷтимоиёт таъин гардид. Пешрафту дастовардҳои соҳаи иҷтимоиву маънавиёт ва умуман дастгоҳи идеологии ноҳияи Тоҷикобод аз интихоби дурусти кадрҳои таҷрибадор дар мансабҳои роҳбарӣ гувоҳӣ медиҳад, ки роҳбарони ноҳия то масъулони раёсату шуъбаҳо бо заҳмату садоқат дар арсаҳои корзор обутоб ёфтаанд.
– Бо таваҷҷуҳи ҷиддӣ дар самти тарбия ва фароҳам овардани шароиту имкониятҳои таҳсилоти оливу касбии духтарон роҳбарият дар интихоби кадрҳо дар соҳаи хизмати давлатӣ ба занону духтарон афзалият медиҳанд. Ба хотири амалӣ гардидани ҳадафҳо дар ин самт илова ба татбиқи барномаву стратегияҳои давлатӣ ҷиҳати фарогирии кадрҳои ҷавон, бахусус ҷавондухтарон, ба такмили ихтисосу курсҳои бозомӯзӣ тадбирҳои ҷиддӣ андешида шудааст.
Алҳол дар соҳаҳои тандурустии ноҳия 156 нафар, маориф 90 нафар бонувон фаъолият доранд, ки беш аз 80 дарсади онҳо дорандагони Квотаи президентӣ мебошанд. Албатта, дар деҳоти кӯҳистон занони омӯзгор зиёданд, лекин аз нишондоди афзоиши духтарони омӯзгор дар рустоҳо масъала мубрам мемонад, зеро иддае аз ҷавондухтарони тибқи Квота муассисаҳои олиро хатм карда, баъди издивоҷ дар дигар ноҳияҳо зиндагӣ ихтиёр мекунанд. Дар ин муддат баъзе оилаҳои ҷавони таҳсилдида ба ноҳия ҷалб мегарданд, аммо ҷиҳати татбиқи ҳадафҳо дар ин самт бояд аз ҳоли ҳозир тадбирҳои ояндабин андешидан ҳатмӣ аст, - иброз дошт ӯ.
Ба андешаи муовини раиси ноҳияи Тоҷикобод, ба хотири самаранокии Квотаи президентӣ дар таъмини ноҳияҳои дурдаст, мисли Тоҷикобод, беҳтар мебуд, ба тағйири баъзе бандҳои Низомнома дар бораи озмуни Квотаи президентӣ, ба ҷавондухтарони аз шавҳар ҷудошуда низ имконият дода мешуд, то ба таҳсилоти олӣ фаро гирифта шаванд, зеро тибқи Низомнома дар Озмуни довталабони Квота танҳо ҷавононе иштирок мекунанд, ки соли равон муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро хатм карда истодаанд.
Мушкили дигар дар самти истифода набурдани шумораи имтиёзҳо барои ҷавонони ноҳияи Тоҷикобод ин аст, ки солҳои охир даври ҷамъбастии комиссияи қабул ба Квота дар ноҳияи Рашт доир мешавад. Ҳол он ки солҳои пешин он дар ноҳияи Тоҷикобод гузашта, роҳбарияти ноҳия имкони иштирок ва назорат аз рафти шаффофияти озмунро доштанд. Ҳамзамон, дар баробари ин мушкилиҳо, масъалаи ҳалталаб дар ин самт ин аст, ки нақшаи талаботи ноҳия ба кадрҳои соҳавӣ дар панҷ сол як маротиба ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо пешниҳод мегардад. Аз ин рӯ, ба манфиати кор мебуд, ки лоақал дар ду сол як маротиба дурнамои талаботи ноҳияҳои дурдаст ба кадрҳои ҷавон бозбинӣ карда шавад.
Тибқи маълумоти масъулони МИМҲД-и ноҳияи Тоҷикобод, дар асоси нақша ҳамасола барои ҷавонони лаёқатманд 24 Квотаи президентӣ пешбинӣ гардидааст, аммо дар соли 2023, бинобар мушкилиҳои зикршуда, нақшаи мазкур иҷро нагардид, ҳол он ки норасоии кадрҳо аз ҳисоби духтарон дар соҳаи хизмати давлатии ноҳия мушоҳида мегардад.
- Итминони комил дорам, ки баъди пешниҳодҳои фавқ онҳо мавриди омӯзишу баррасии Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати маориф ва илм, кумитаҳои дахлдор қарор гирифта, дар соли 2024 вобаста ба фарогирии ҷавонони лаёқатманди ноҳияи Тоҷикобод бо Квотаи президентӣ ва дигар бурсҳои омӯзишӣ ба натиҷаҳои баландтару дилхоҳ ноил хоҳем гашт, - гуфт дар хотимаи суҳбат Меҳринисо Гадозода.
Ҷамолиддин САЙФИДДИН,
Далер ШАРИФЗОДА,
ноҳияи Тоҷикобод