24
Ноябр, 2024
Якшанбе
24
Ноябр, 2024
Якшанбе
Сарсаҳфа
Хабарҳо
Сиёсат
Варзиш
Зебоӣ
Аз ҳар боб
Феҳрист
Президент
Иқтисод
Фарҳанг
Тандурустӣ
Ҳуқуқ
Иҷтимоъ
Чеҳра
Мусоҳиба
Ҷавонон
Қонунҳо
Маҷаллаҳо
Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
Дастархон
Нигористон
Иртибот
Дар бораи мо
Тамос
Хатогӣ
JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED
8 – МАРТ 8 - МУШКИЛИ ИНТИЗОРИ ҲАЛ
.
Баъзе аз мушкилоти зани тоҷик ба касалии кӯҳнашуда монанд аст. Аммо чаро «доруи нав» маризии дигарро ба бор меорад?
Вақте мавзӯи муносибати давлат бо мушкилоти мавҷудаи зани тоҷик мавриди баррасӣ қарор мегирад, пеши рӯи мо бояд ҳамон лаҳзае аз солҳои аввали ҷанги шаҳрвандӣ биёяд, ки дар матлабҳои хотиравӣ аз фаъолияти президент Эмомалӣ Раҳмон ишора шудаанд. Тавре дар як матлаби хотиравӣ дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» (соли 2001) нақл шудааст, яке аз рӯзҳои сарди зимистони соли 1993 раиси тозаинтихоби Шӯрои Олӣ ба сӯҳбату дидорбинии гурӯҳе аз одамон меравад, ки дар ноҳияи Панҷ, наздикии сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ҷамъ омада буданд. Зимни сӯҳбати самимона Эмомалӣ Раҳмон ҳар қадар кӯшиш менамуд, то одамонро ба асли ҳодисаҳо ва рисолати ватандорӣ таҳрик бидиҳад, аммо чун мардум хисороти зиёди молӣ, болотар аз ин, азобу шиканҷаи зиёди рӯҳиву маънавӣ ва талафоти ҷонӣ дида буданд, ҳарферо пазируфтан намехостанд. Дар ҳамин ҳолат, нигоҳи Сарвари давлат ба як пиразани даридалибосу бемор меафтад, ки дар қатори дигарон бо ӯ баҳс мекард. Раиси Шӯрои Олӣ аз минбар поин мешавад ва ба назди ин кампир меояд. Баъдан, рӯ ҷониби ҳозирин оварда мегӯяд:
– Ҳоло Ватани азизи мо – Тоҷикистон ба ҳолати ана ҳамин модар монанд шудааст. Ҳеҷ чиз надорад. Таги куртаи тунуку дарида асту бемор ҳам шуда. Оё кӣ метавонад аз баҳри модари худ барои нодориву ночориаш бигзарад?
Мегӯянд ин ҳолат то андозае ба ҳолати рӯҳии одамон таъсиргузор шуд, ки аксарияти онҳо аз ҷилои Ватан худдорӣ карданду омода будани худро барои дар якҷоягӣ ҳал кардани мушкилоти Тоҷикистон изҳор доштанд…
Дар ҳақиқат, ин ҳодисаи ягонаи кӯмаки занону бонувони тоҷик барои бунёду азнавсозии давлатдорӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб намеравад. Вале ин ҳам воқеият аст, ки мушкилоти худи бонувон тайи ин муддат коҳиш наёфтааст. Дуруст аст, ки феълан занону духтарон на он мушкилотеро доранд, ки дар аввали солҳои истиқлол доштанд. Бовуҷуд, баъзе аз мушкилоти онҳо ба истилоҳ ҳамон касали кӯҳнашударо мемонад, ки дар сурати шифо наёфтан, ҳолати беморро вазнинтар мегардонад ва ахиран ба маризии табобатнашаванда табдил меёбад.
1. Чаро бонуе бояд серпултар аз мард набошад?
Агар ба фазои иқтисодии Тоҷикистон, хоса пас аз шурӯи ҷанги шаҳрвандӣ, хира шавем, мебинем, ки бонувон дар азнавсозиву рушди минбаъдаи ин соҳаи муҳим, аз ҷумла тиҷорат дар кишварамон саҳми беназир доранд. Ба ҳар сурат, бо сабабҳои айниву зеҳнӣ маҳз бонувон буданд, ки дар ин солҳои барои ҳамагон мушкил аз ночорӣ ба хариду фурӯши молу коло машғул гардиданд. Бар илова, аввалин тоҷирони воридкунандаи мол аз хориҷ, хоса аз Русияву Ӯзбекистон, Туркия ва Эрон занон ба ҳисоб мераванд. Зеро машғул гардидан ба ин гуна тиҷорат барои мардон дар он айём хавфи зиёд дошт.
Бо ин ҳама, фазои ноороми сиёсиву иҷтимоии он замон имкон надод, ки бонувон ба тиҷорати ҷиддӣ машғул гарданд. Аз ҷумла, хусусигардонии моликияти давлатӣ тақрибан бе иштироки фаъолонаи занон сурат гирифт. Дар назардошт бо он ки бонувони тоҷик дар шароити бисёр сангин фаъолиятҳои аввалияи иқтисодиву тиҷоратиро шурӯъ кардаанд, метавон бо итминон гуфт, ки дар сурати дастгирии ҷиддии онҳо саҳмашон дар пешбурди иқтисодиёти кишвар бамаротиб бештар хоҳад шуд. Албатта, айни замон Ҳукумат бо додани грантҳои президентӣ шояд барои то ҷое ҳал гардидани мушкилоти бархе аз бонувони соҳибкор мусоидат карда бошад. Аммо ин роҳи ҳалли ниҳоӣ нест. Бо ду сабаб: а) ҳаҷми ин грантҳо чандон бузург нест; б) маблағи қарзии иловагиро бо он фоизҳои баланди бонкӣ, ки мо дорем, дарёфт кардан номумкин аст. Зеро ҳолатҳои бо сабаби баланд будани фоизҳои бонкӣ муфлис шудани бонувони соҳибкор кам нестанд. Ҳамчунин баланд будани сатҳи андозу боҷҳои гумрукӣ ба кисаи кампули бонуи соҳибкор таъсири манфие мерасонад.
Ҳоло лоиҳаи нави Кодекси андоз мавриди баррасист. Дар ин замина пешниҳод кардани баъзе аз имтиёзҳо ба бонувони соҳибкор аз аҳамият холӣ нест. Чунин таҷриба дар баъзе аз кишварҳои шарқӣ, ки онҳоро «бабрҳои иқтисодӣ» низ меноманд, вуҷуд дорад. Махсусиятҳои зани соҳибкор дар Тоҷикистон, тавре ишора кардем, дар ду паҳлу ифода меёбанд: 1) онҳо дар шароити вазнин фаъолият доштанду таҷрибаи хуб андӯхтаанд; 2) масъулиятнокии онҳо аз мардони пулдор, ки «аз ҳеҷ чиз сарват кардаанд», бамаротиб бештар аст ва ин ба сифати кору рӯзгорашон бетаъсир намемонад.
2. Чаро зане набояд «ҳамакора» бошад?
Агар таваҷҷӯҳ кардаед, президент Эмомалӣ Раҳмон вақтҳои охир ба самтбандӣ дар фаъолиятҳои соҳибкории бонувон ва умуман машғулиятҳои онҳо таъкиди бештар мекунад. Дар чандин ҷаласаҳо ва ҳам дар паёми ду соли ахир ба Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Тоҷикистон супориш ҳам дода шуд, ки номгӯи аслии машғулиятҳои бонувонро маълум намоянд, то ба ин васила роҳҳои мусоидат ба фаъолияти онҳо мушаххас гардад. Дар ҷаласаи солонаи Ҳукумат низ сарвари давлат ба раисони бонкҳо муроҷиат кард, то сафи бонкирҳо ва ходимони соҳаро аз ҳисоби занону духтарон афзоиш диҳанд.
Бояд дар назар гирифт, ки мавзӯи табақабандии машғулияту фаъолиятҳои занон ва ба кор ҷалб намудани онҳо барои Тоҷикистон мавзӯи нав нест. Ҳанӯз дар замони шӯравӣ ҳукумат интиқод мешунид, ки дар корҳои вазнини саҳроӣ бештар ба нерӯи занон такя мекунад. Аз ҷумла, дар соҳаи пахтакориву дигар бахшҳои кишоварзӣ. Он замон фаъолиятҳои ҷамъиятиву шуғли бонувон дар доираи кор дар бахши маориф ва тиб маҳдуд шуда буд. Дар соҳоти дигар мо тақрибан ҳузури бонувонро эҳсос намекардем. Ин масъала то ҳанӯз ҳам барои Тоҷикистон доғ боқӣ мондааст. Зеро баъзан хабарҳоеро ҳам мешунавем, ки бонувон «бригадаҳои сайёр» ташкил карда, дар корҳои мавсимии бахши кишоварзӣ ширкат мекунанд. Ба ин восита маблағҳои ночизе дармеёбанд. Ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия рафтани бонувон низ мисле ба назарамон менамояд, ки бояд ба он тоқат кунем.
Аммо ҳақиқат дигар аст. Аз ин раванд бояд бардошт дигар бошад. Яъне миф ё афсона дар ин бора, ки зани тоҷик кор кардан намехоҳад, исботи худро намеёбад. Зани тоҷик кор карданист! Аммо намедонад дар куҷо ва чӣ тавр! Дар назардошт бо ин бояд мақомоти зидахл зарфиятҳои воқеии бонувонро маълум кунанду барои эшон шароити мусоиди корӣ фароҳам биёранд. Бовар кунед, занони тоҷик ғайри дузандагиву пухту паз, ки баъзеашон феълан аз ин ҳисоб рӯз мебаранд, ҳунарҳои дигаре ҳам доранд. Танҳо зарфияти онҳоро бояд маълум кард…
3. Оё зан дар ҳақиқат бесаводиро мехоҳад?
Таваҷҷӯҳ кардаед, ки аксари мушкилоти зани тоҷикро ба бесаводии ӯ рабт доданӣ мешаванд? Пеш аз инқилоби Октябр ҳам чунин буд. Ибораи машҳури «мӯйдарози ақлкӯтоҳ» ба назаратон феълан фаромӯш шудааст?
Бубинед, тайи чанд соли ахир чандин руйдодҳое сурат гирифтанд, ки зермаънояш як буд: бовар кунед, зани тоҷик хондан намехоҳад!
Масъалаи барвақт шавҳар кардани духтаронро ҳам ба ин мавзӯъ иртибот медоданду дар мактаб пеш аз мӯҳлат тарк кардани таҳсилро ҳам. Дуруст, шояд дар деҳоти дурдаст шиори «Зеби зан хона аст» то ҳанӯз ҳифз шудааст. Вале бовар дорем дар аксари минтақаҳо чунин ҳолат нест. Зеро ҳоло замони иқтисоди бозаргонисту шиор ҳам дигар аст: «Аз мӯрча – мадад».
Дар ҳамин росто, бисёрии падару модарон ҳоло беш аз он ки дар бораи писарони худ фикр кунанд, ғами духтаронашонро мехӯранд. Ба гуфтаи онҳо, занони зиёди бевашуда ва ҳоли онҳоро дида, аксари падару модарон ба ин хулоса расидаанд, ки беҳтар аст, духтарашон савод ва ҳунаре дошта бошад. То дар оянда азоб накашад. Дар ин сурат, ба андешаи мо, нишон додани нақши илму ҳунар дар ҳаёти инсонҳо ва таъсири он ба зиндагии занҳо пуртаъсиртар хоҳад буд. Яъне ҳоло, падару модарон ин заруратро дарк кардаанд, ки бонуи нохондаву бекор дар оянда азоби алим хоҳад дошт. Бояд масъалаи соҳибмаълумот гардонии занон ба як барномаи хоси давлатӣ табдил ёбаду дар ин замина иқдоми муассир анҷом ёбанд…
4. Бонувонро чӣ гуна аз мушкилоти хонаводагӣ метавон раҳо кард?
Зани тоҷик барвақт аз маҳдудаи «кори асосии худ» - кору бори хона берун рафтааст. Ҳоло аксарияти онҳо ба ягон намуди тиҷорату фаъолият машғуланд. Ҳатто дар муҳити хонаводагӣ. Ононе, ки таҳсил мекунанд ё дар ҷое кор, гапи дигар аст. Ин раванд ба оҳистагӣ андешаеро, ки «ҳама кори хонаро бояд зан анҷом диҳад», барҳам мезанад. Ҳоло акнун ба бонувон ба сифати як узви бисёр муҳими оила назар мекунанд. Зеро онҳо кам – кам пулдор мешаванд. Дар ин сурат, агар ин ҷараён идомаи фаъоли худро ёбад, мардҳо низ хоҳанд фаҳмид, ки дигар нозу нузи беҳуда пеши занҳо маънӣ надорад. Пас муросо сари ин хоҳад шуд, ки акнун барояшон хидматгорзан зарур аст. Дуруст аст, ки барои ин бояд пули зиёдтаре дошта бошанд.
Дар маҷмӯъ, бардошт ин аст, ки мо бояд қолабшиканӣ кунем. Мушкил сари ин аст, ки бовар надорем: аксарияти мардон омодаанд бисёрии корҳои хонаводаро на зан, балки хидматгор анҷом бидиҳад. Аммо тарси ботинӣ, ки чунин раванд «оқибати хуб надорад», бархе мақомоти зидахлро барои дар заминаи барномаҳои ҳукуматӣ шикастани стереотипҳо эҳтиёткор намудааст. Пас бояд стратег буд!
5. Кадом зан бемор нест?
Вазорати тандурустӣ ҳамроҳ бо Кумитаи занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон бояд рӯйхати асоситарин ва паҳншудатарин маризиҳои бонувони тоҷикистониро муайян намояд. Камхунӣ, бемории қалбу асаб,саратони сина, сил, бемории қанд, фишори хун ва дигарон, ки дар бораашон зиёд менависанд ва арқоми даҳшатангезе пешниҳод мегардад, бояд мавриди баррасии ҷиддии ҳукумат қарор бигирад. Бояд ба зан, ҳамчун давомдиҳандаи насл ва миллат муносибати ҷиддитарро ба роҳ монем. Барномаи хос дар ин замина қадами аввалин аст. Қадамҳои баъдӣ аз ин қадам сахт вобастагӣ доранд. Шиори «Зани солим – миллати солим» бояд дар рӯи мизи ҳар мансабдори тоҷик ба таври доимӣ истода бошад ва аз рӯи он барномаҳое мудавоми зудтаъсир анҷом гирад…
6. Оё аз бонуи тоҷик сиёсатмадор намебарояд?
Ба сари қудрат расидани Роза Отунбоева дар Қирғизистон мавзӯи имкони ба сиёсати ҷиддӣ ва калон раҳ ёфтани зани тоҷикро низ доғ кард. Албатта, мо ҳанӯз бонувони зиёде надорем, ки дар интихоботи парлумонӣ, чӣ расад президентӣ, бевосита ширкат варзанд. Мушкили аслӣ ин аст, ки ҳизбҳои сиёсӣ низ ё ба нерӯи занон бовар ҳосил накардаанд, ё бо воқеияти фаъолиятҳои бонувони кишвар шиносоӣ надоранд. Ҳукумат ҳам ҳанӯз намешавад, гуфт, ки аз тамоми иқтидорҳои бонувон истифода мекунад. Ҳатто вақтҳои ахир сару садое дар матбуот баланд мешавад, ки бахши идеологии ҳукуматро «занона» кардаанду онро бояд ба мардон пас гардонд. Ин тарзи масъалагузорӣ ду мавзӯъро ҳосил мекунад: 1) дар ҳақиқат зани тоҷик дар сиёсат ҷуръати хос надорад, 2) аз он ки ҳадди ақал як бахшро ба занон вогузор намудаанд, кадоме ё гурӯҳҳое нороҳат шудаанд.
Ин дар ҳоле, ки дар ҷаҳон андешаҳое роиҷ мешаванд: занон дар сиёсат ва фаъолият одилтаранд. Зеро ба истилоҳ «синаи раҳм»-анд. Эҳсоси зӯргӯиву таҳаммулнопазирӣ дар вуҷуди онҳо бегона аст. Ҳатто дар Қирғизистон як замон ба хулосае расиданд, ки барои коҳиш додани фасод дар БДА, шумораи бонувонро дар ин бахш афзоиш бидиҳанд.
Инро бояд тавре фаҳмид, ки роҳкушоӣ ба майдони сиёсиву иҷтимоӣ бояд ба шеваи тоза сурат бигирад. Пас роҳи аввалияи мо кадом аст? Дурнамои фаъолияти сиёсии занон пешниҳодҳои мардона мехоҳад.
7. Ҳуқуқдонӣ бонувонро феминист мекунад?
Ин ҳам, албатта, воқеият аст, ки дар баъзе кишварҳои аврупоӣ ахиран бархе аз бонувони ҳуқуқдону ҳуқуқпарвар ба феминисти асил табдил ёфтаанд. Зеро акнун ҳатто оддитарин корҳои марбут ба рисолати бонувонро низ нақзи ҳуқуқи худ ҳисоб мекунанд. Дар бархе аз маҳфилҳои Тоҷикистон низ ҳамин гуна тарсу талвоса пайдо шудааст. Ин фарзия то куҷо воқеият дорад?
Феълан чунин раванд дар муҳити Тоҷикистон эҳсоснашаванда аст. Зеро сухан дар бораи оддитарин ҳуқуқҳои инсонӣ меравад, ки, мутаассифона, бонувони мо аксаран аз онҳо огоҳӣ надоранд. Баъдан, ба андешаи мо, муҳити шарқӣ доштани тарбияи бонувони тоҷик ин гуна равандро бояд ғайриимкон гардонад. Ҳадди ақал бо он ки дар Эрону Афғонистон, ки занон дар корҳои ҷамъиятиву сиёсӣ аз мо дида фаъолтаранд, ин гуна мушкил пеш наомадааст…
8. Чаро ба Кумитаи занҳо муроҷиат кардан намехоҳанд?
Бояд мисли ҳақиқат пазируфт, ки Кумитаи кор бо занон ва оила дар Тоҷикистон ба «ниҳоди занона» табдил шудааст. Аммо дар асл набояд ин гуна бошад. Дуруст аст, ки вақте ба сари ягон зан мушкил пеш меояд, бояд ӯ як маъмурияте дошта бошад, ки ба он муроҷиат намояд. Албатта, мо фаромӯш намекунем, ки зан ҳам як инсон аст ва дар сурати нақз шудани ҳуқуқҳояш бояд ба мақомоти марбута, аз ҷумла суду прокуратура ва милитсия муроҷиат намояд. Вале агар сухан аз «мавзӯъҳои сирф занона» бошад чӣ? Ба куҷо равад як бонуе?
Дар ин сурат, нақши Кумитаи занон ба сифати ниҳоди роҳнамову машваратӣ авлавият пайдо мекунад. Чӣ ҷои пинҳон кардан, ки кумита солиёни зиёдест ин рисолаташро ба таври дилхоҳ анҷом дода наметавонад, мегӯянд худи занон. Аз як ҷониб, барои бисёриҳо «ниҳоди занона» онро ҷиддӣ қабул накардани ҷомеаи мардсолор аст, аз ҷониби дигар, сухан дар бораи мақоми начандон баланди зерсохторҳои ин кумита меравад, ки дар маҳалҳо акнун ба сифати шӯъба ё бахш шинохта шудаанд. Ҳол он ки аксари мушкилоти бонувон маҳз дар сатҳи навоҳиву деҳот ҷамъ шудаанд. Аз ин хотир, беҳтар мебуд, сохторҳои кумитаро дар шаҳру ноҳияҳо мартабаи баландтаре медоданд. Вагарна занон ба созмонҳои ғайридавлатӣ, ки баъзеҳо ба фаъолияти солимашон шак доранд ва ташкилотҳои байналмилалӣ муроҷиат мекунанд, то ин ки ба бахши занони мақомоти ноҳия…
«Бонувони Тоҷикистон»
:.
Иҷтимоъ
30.03.2012 10:33
2648
Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шумораи навбатӣ
Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
Бойгонӣ
Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021
Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
Бойгонӣ
Дастархон
Оши туппаи баҳорӣ
Бойгонӣ
Нигористон
Баҳор намои зебои ҷавонист
Бойгонӣ
Сарсаҳфа
Хабарҳо
Сиёсат
Варзиш
Зебоӣ
Аз ҳар боб
Феҳрист
Дар бораи мо
Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By:
Dodikhudoev
Parviz