24
Ноябр, 2024
Якшанбе
24
Ноябр, 2024
Якшанбе
Сарсаҳфа
Хабарҳо
Сиёсат
Варзиш
Зебоӣ
Аз ҳар боб
Феҳрист
Президент
Иқтисод
Фарҳанг
Тандурустӣ
Ҳуқуқ
Иҷтимоъ
Чеҳра
Мусоҳиба
Ҷавонон
Қонунҳо
Маҷаллаҳо
Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
Дастархон
Нигористон
Иртибот
Дар бораи мо
Тамос
Хатогӣ
JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED
ВОСЕЪ: СОКИНОН АЗ ХУНУКНАЗАРИИ МАСЪУЛИН ШИКОЯТ МЕКУНАНД
Дар деҳаи Қарағочи ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ анқариб 94 хоҷагӣ наздики 60-70 сол аст, ки зиндагӣ доранд. Ба ҷои ҳодиса С.Валиев, раиси ноҳияи Восеъ, раиси ҷамоат ва масъулини Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ҳозир шуданд. Раиси ноҳия амр дод, ки рӯйихати зарари расонидаи офат тартиб ва ба ҳукумати ноҳия пешниҳод шавад. Маълум гардид, ки тақрибан 50 оила бо сабаби зери хавфу хатар қарор доштан, бояд оҷилӣ ба ҷои дигар кӯчонида шаванд.
- Масъулин ваъда доданд, ки мушкили шуморо саривақт ҳал мекунем. Вале аз байн се ҳафта мегузараду сокинони зарардида қисме дар хонаҳои хешу табор ва қисме бо тарсу ҳарос дар манзилҳои пешина зиндагӣ доранд. Аз кӯмаку дастгирӣ хабаре нест. Танҳо Аваз Кабиров, сарвари бозори Султони Кабир, ба оилаҳои зарардида якхалтагӣ орд оварду халос. Ҳол он ки баъди офати табиӣ ду соли пеш дар шаҳри Кӯлоб рухдода, сарвари давлат фармон дода буд, ки рӯйихати оилаҳое, ки дар мавзеҳои хатарнок зиндагӣ мекунанд, тартиб дода шуда, баъди санҷиш аз мавзеҳои бехавф барои онҳо, қитъаи замини барои маназили зист ҷудо карда шавад. Аммо бо вуҷуди огоҳӣ доштан аз вазъи зисту зиндагии хавфноки мо, боре нафаре аз масъулин барои таҳлили ҳолат назди мардум наоманданд, - мегӯяд сокини деҳаи Қарағоч, М. Расулова, ки дар натиҷаи офат, 23 сар моли майда, ду чорвои калони шохдору мурғони зиёди хоҷагиаш талаф ёфтаанд.
Нозира Ҳомидова, сокини дигари ин деҳа низ бо таассуф мегӯяд: «Дар оила мо ҳафт нафарем. Манзили зистамонро садамавӣ дониста, иҷозаи дар он зиндагӣ карданро бароямон надоданд. Як фарзанди маҷрӯҳ дорам, ки ҳоло дар ин сардӣ ҳама дар кӯча мондаем. Дар хонаи дигарон то кай зиндагӣ мекунӣ? Агар имкони кӯмакро надоранд, монанд, ки то рӯзи бало ба сарамон омадан, дар ҳамон хонаҳои худамон бошем. 18 рӯз аст, сарсон дар кӯча ҳастем».
- Худам дар хонаи садамавӣ зиндагӣ дораму кӯдаконамро аз тарс ба хонаи волидайнам фиристодам. Нони мехӯрдаам дар танам заҳр мешавад. Масъулин хомӯш. Агар ҷои муваққатӣ ё сарпаноҳе бароямон намедиҳанд, ақаллан хайма ё палаткае бидиҳандамон, ки фарзандонамонро наздамон гирем, - мегӯяд, бонуи дигаре, ки худро Дилором Файзуллоева муаррифӣ мекунад.
Дар сӯҳбат бо мо раиси ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ Раҳмутулло Юсупов қайд кард, ки «Ҳанӯз соли 1988, дар даврони собиқ ҳукумати шӯравӣ мувофиқи қарори собиқ хоҷагии Томин, ба сокинони деҳаи Қарағоч аз мавзеъҳои бехавф қитъаҳои замин барои манзили зист ҷудо карда шуда буд. Вале қисмате рафтанду он ҷо хона сохтаанд, дигарон дар ҳамин макон то ба имрӯз зиндагӣ доштанд. Баъди офати санаи 4-уми март рухдода эҳтимол боз 54 оилаи дигар аз ин мавзеъ кӯчонида шаванд. Ҳоло ҷавоби санҷиши мутахассисонро интизорем. Дар деҳа навбатдор мондем, то мардум шабона дар он хонаҳо хоб накунанд. Ҳамаи чизу чораҳо ба ҷойҳои бе хавф кӯчонида шуданд».
Дар хусуси дастрасӣ ба хаймаҳои муваққатӣ сардори ситоди кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи минтақаи Кӯлоб, Рамазон Неъматов мегӯяд, ки ҳоли ҳозир КҲФ чунин хаймаҳои бекорро надораду барои ҳалли ин масъала ба ташкилотҳои дахлдор муроҷиат кардаанд, ки натиҷааш рӯзҳои наздик маълум мешудааст.
Бояд ёдовар шуд, ки ду манзили сокинони деҳаи Одинабоии ҷамоати деҳоти Саричашмаи ноҳияи Шӯрообод низ зери ярч мондаанд. Хушбахтона, дар ин ҳодиса низ талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. Хавфи ярчфароӣ дар чанд мавзеҳои дигари ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб низ вуҷуд дорад, мегӯянд коршиносон.
Билоли ШАМС
:.
Иҷтимоъ
30.03.2012 05:47
3418
Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шумораи навбатӣ
Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
Бойгонӣ
Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021
Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
Бойгонӣ
Дастархон
Оши туппаи баҳорӣ
Бойгонӣ
Нигористон
Баҳор намои зебои ҷавонист
Бойгонӣ
Сарсаҳфа
Хабарҳо
Сиёсат
Варзиш
Зебоӣ
Аз ҳар боб
Феҳрист
Дар бораи мо
Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By:
Dodikhudoev
Parviz