24
Ноябр, 2024
Якшанбе
24
Ноябр, 2024
Якшанбе
Сарсаҳфа
Хабарҳо
Сиёсат
Варзиш
Зебоӣ
Аз ҳар боб
Феҳрист
Президент
Иқтисод
Фарҳанг
Тандурустӣ
Ҳуқуқ
Иҷтимоъ
Чеҳра
Мусоҳиба
Ҷавонон
Қонунҳо
Маҷаллаҳо
Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
Дастархон
Нигористон
Иртибот
Дар бораи мо
Тамос
Хатогӣ
JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED
ҚОЛАБҲОИ НОШИКАСТА ДАР ҚУМСАНГИР Ё хурофотро «фарҳанг»-и телефону DVD мешиканад?
.
Сокинони ноҳияи Қумсангирро мардумоне ташкил медиҳанд, ки шурӯъ аз солҳои 20-уми асри гузашта аз минтақаҳои Кӯлобу Рашту Суғду Бадахшон ба ин ҷо омадаанд. Дар тӯли 70 соли даврони шӯравӣ ва 20 соли соҳибистиқлолӣ ҷомеаи шаҳрвандӣ танҳо дар маркази ноҳияи Қумсангир рушд карда, дар русто то кунун қолабҳои хурофотии ношикаста ҳукмронанд. Ҳатто Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» ва дигар барномаҳо низ кайҳо рӯи кор омадаанд, вале мутаассифона, баъзе расму ойинҳои хурофотиро дар муносибат бо зан тағйир надодаанд. То ҳол дар рустои Қумсангир волидайн монеи мактабхонии духтарон мешаванд. То кунун падар бахти духтарро дар илму касбомӯзӣ не, дар барвақт шавҳар гирифтан мебинад. Ҳоло ҳам бонувони рустоӣ аз оддитарин ҳуқуқҳои шаҳрвандии хеш бархурдор нестанд. Пурсишу таҳқиқи мо атрофи ин мавзӯъ аз маркази маъмурии ноҳияи Қумсангир оғоз гардид.
Ҷумъагул,
собиқ дастпарвари факултаи муҳандисии Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон, ки аз ифшои насабаш худорӣ дошт, мегӯяд, ки дар чаҳор - панҷ соли охир руҷӯи духтарони маркази ноҳия ба мактабҳои олӣ ва кор дар идораҳои давлатӣ бештар ба назар мерасад. Аммо дар рустоҳо мардум бар онанд, ки: « духтар бихонад, шавҳар намеёбад». Ё духтар, ки ба шавҳар баромад, ҳамсараш ӯро кор кардан намегузорад. Ин ҳама дар афкори ҷомеа андешаеро ба бор овардааст, ки бахти оилавию касбомӯзии духтари рустоӣ дар як қолаб намеғунҷанд.
Хушрафтор Латифова
,
раиси ҲХДТ дар ноҳияи Қумсангир, гуфт, ки то ҳол 45-50% деҳотиён ба он боваранд, ки духтари таҳсилкардаро ба арӯсӣ намегиранд. Мебояд дар пайи бедории фикри мардум шуд ва қолабҳои хурофотиро шикаст. Ростӣ, агар ҳар бону-узви ҲХДТ, ки дар ноҳияи Қумсангир теъдодашон ба 900 нафар мерасад, моҳе ду нафар сокини русторо аз тариқи сӯҳбатҳои инфиродӣ ба таҳсил даъват намояд, мушкили бесаводӣ ҳалли худро меёбад.
Аммо
Гулрухсор Сафарова
,
мудири бахши занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, сабабҳои бетаваҷҷӯҳии духтарони рустоиро ба таълиму тадрис аз маҳдудияти имкониятҳои иқтисодии оилаҳо медонад. Дар асл, мегӯяд ӯ, духтарони русто шавқу ҳаваси хондан доранд, аммо квотаи президентӣ барои таҳсил дар мактабҳои олӣ на ба ҳамаи хоҳишмандон мерасад. Имрӯз 60 нафар бонуи ноҳия дар вазифаҳои роҳбарикунанда кору фаъолият дорад, аммо асосан аз ҳисоби шаҳрвандони маркази ноҳия.
Фарида Саркорова
,
сокини шаҳраки «Дӯстӣ», иброз медорад, ки барои аҳолии маркази ноҳия, ба хусус бонувони бадахшонӣ маълумоти олӣ гирифтан ҳатмӣ аст. Рустоиҳо бошанд, акнун кам – кам дарк кардаанд, ки бе маълумоти касбӣ ба шавҳар додани духтарон чӣ оқибате дар пай дорад.
Ду дугона – ду тақдир
Рӯшанбӣ
, як духтари деҳотӣ, ки барои муоина ба беморхонаи марказии ноҳияи Қумсангир омада буд, оид ба ҳаёти бонувони рустоӣ, гуфт: «
Эй кош, духтар ба дунё намеомадам! Ё дар муҳити шаҳр зода мешудам, то волидон монеи мактабхониам намешуданд
». Аз диди Рӯшанбӣ бадбахттарин инсонҳо духтарони нохонда мебошанд, ки на ба ихтиёри худ ба шавҳар баромадаву баъдан ҳам бидуни ихтиёри хеш оилавайрон шуда, бо як- ду «нонхӯри зиёдатӣ» (Пайвандонам тифлони маро чунин меноманд. Иқтибос аз Рӯшанбӣ) ба хонаи падар бармегарданд.
Таҳмина Мӯъминҷонова
, духтури беморхонаи марказии ноҳияи Қумсангир аст. Рӯшанбӣ гуфт, ки мову Таҳмина ҳамсолу ҳар ду ҳам дар ҳаёти оилавӣ бахт надидаем. Аммо мани бе касбу кор имрӯз дастнигари бародару миннатшунави янгааму дар хонаи волидайн намеғунҷам. Аммо Тахмина ҷойи кору маошу обрӯй дорад. Дар кунҷи хона гирифтори ғаму ғусса нест ва мисли мо, модарони бо фарзандони ятим ҳайронмонда, худро инсони бадбахти дунё намеҳисобад.
Дар Қумсангир мисли Рӯшанбӣ модарони ҷавону соҳиби тифлони гирёну дар нимароҳи зиндагӣ ноумед монда, кам нестанд.
Тибқи иттилои
Лайлӣ Хушвахтова
, мудири шӯъбаи САҲШ – дар ноҳия дар ду моҳи соли ҷорӣ 20 ҷуфт оила расман ҷудо шудааст. Сабаби асосии пошхӯрии оилаҳо бетаҷрибагии наварӯсон дар ҳаёти оиладорист. Агар дар соли 2011 дар ноҳия 946 ҳолати муқарраркунии падарӣ ба қайд гирифта шуда бошад, дар ду моҳи соли 2012 ин рақам аллакай ба 130 ҳолат расид. Мутаассифона, афзоиши азҳампошии оилаҳои ҷавон ва теъдоди бонувону кӯдакони бепадармондаи онҳо барои ҷомеаи деҳоти Қумсангир ибрат намешавад, то мардум аз бесавод, бе касбу ҳунар ба шавҳар додани духтрон худдорӣ намоянд.
Эътирози як бонуи таҳсилдида
Хосият Ғайратова
, омӯзгори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №21-и ноҳия, мегӯяд: «Фарогирии духтарон ба мактаб танҳо вазифаи муаллимон нест. Агар падару модарон ба таълими фарзандон таваҷҷӯҳ зоҳир насозанд, ин мушкилӣ ҳалли худро намеёбад. Зеро вақте омӯзгорон таълим медиҳанд, сухани онҳо барои як синф хонанда садо медиҳад. Агар ин мавзӯъ дар сӯҳбатҳои инфиродӣ байни волидайн ва фарзандон матраҳ шавад, ба наврасон таъсири бештар дорад. Мутаассифона, деҳотиён монеи мактабхонии духтарони худ мешаванд».
Ба андешаи Хосиятбону, иддаои баъзе аз волидайн, ки хондани духтарон бефоида аст, каме асос ҳам дорад. – Зеро бонувони маҳаллӣ дар сатҳи ноҳия ва вилоят он қадар дастгирӣ намеёбанд. Солҳои 90-уми асри гузашта зимомдорони вақт маро бовар кунонданд, ки ҷомеа ба занони соҳибкор эҳтиёҷ дораду бояд барои идомаи таҳсил ба пойтахт равам, – нақл мекунад ӯ. – Нахуст Техникуми молиявӣ-иқтисодии шаҳри Душанбе ва баъдан донишгоҳро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм кардам. Аммо имрӯз омӯзгораму мувофиқи касбам кор нест.
«Наёмник»-ҳо ва «фарҳанги телефону DVD»
Дар рустои Қумсангир як вожаи нав, «наёмник» маъмул шудааст. Духтарон аз мактаб, ки омаданд, ба «наёмникӣ» – муздурӣ рафта, пули нақд кор мекунанд.
Бахтиёр
, соҳибкори маҳаллӣ, мегӯяд: «Дилам ба ҳоли духтарони муздур месӯзад, ки рӯзи дароз барои заминдорон заҳмат мекашанду ҳамон маблағеро, ки нақд мегиранд, ба телефонҳои мобилию хариди дискҳои бемаънӣ сарф мекунанд. Телефону DVD агар аз як ҷониб чизе бидиҳанд, аз дигар тараф маънавиёти ҷомеаро хароб мекунанд. Ман бо чашми сар мебинам, ки чӣ гуна телефону «диск»-ҳои бегона одобу ахлоқи ҳамидаи духтарони русторо аз байн мебарад.
Ӯғулой Шарифова
, хонандаи синфи 11-уми мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №21, иброз медорад, ки то хатми синфи 9 ҳамсолони ӯ аз се синф иборат буданд, аммо ҳоло ҳамагӣ 27 нафаранд. Хонандагони ин мактаб Мунаввара Расулова, Дилноза Ёрова ва Сафаргул Сайраҳмонова мегӯянд, ки ҳамсолони аз таҳсил дар канормондаи онҳо ҳам орзуи хондану донишҷӯй шудан доштанд, аммо падару модарон монеъ шуданд. Баъзеҳо мехоҳанд, ки тезтар духтари хонаро ба шавҳар дода, ба қавле масъулияти худро «аз сар соқит» созанд.
Оила ва орзуҳо
– Соли 2004-ум ман ҳуҷҷатгузори Ҷамоати деҳоти Қумсангир будам, –нақл мекунад омӯзгор
Хосият Ғайратова
, дар як деҳа ноболиғеро ба шавҳар дода буданд, дар синни 15 фарзанд таваллуд кард. Ман аз ин ҳодиса ба мақомоти дахлдор хабар додам, аммо ягон натиҷае надод. Аз сӯҳбат бо сокинони деҳаҳои гуногуни ҷамоати мазкур маълумамон гардид, ки бармаҳал ба шавҳар додани ноболиғон ҳодисаи аввалину охирин нест. Дар ҳамин ҳол
Илчийзан Паллаева
, мудири шӯъбаи маорифи ноҳияи Қумсангир, бовар дорад, ки дар ҷалби духтарони деҳот ба мактаб 91,3% муваффақ шудаанд.
Аммо
Таҳмина Ҳасанова
, донишҷӯйи бахши аввали факултаи таърих ва ҳуқуқи ДДҚ ба номи Носири Хусрав, мегӯяд, ки маънавиёти ҷомеаи баъзе деҳот ба дараҷае паст аст, ки духтарони таҳсилкардаро арӯс намегиранд. Солҳое, ки бо либоси мактабӣ аз роҳи деҳа мегузаштам, занони қади кӯча нишаста, мегуфтанд: «Эй духтар! Чӣ мекунӣ мактаб хонда, ба ин ҳусну ҷамоле, ки дорӣ, ҳайф мешавӣ, дигар туро ҳеҷ кас намегирад». Таҳмина орзуи муфаттиши милитсия шудан дошта, тафтишоту кофтукобро дӯст медорад. Аз ӯ суол мекунам: – Мабодо рӯзе номзади ояндаат шарт гузорад, ки ё тарки касб мекунӣ, ё ҷудо мешавем, кадомро интихоб мекунӣ?
– Ҷавоне, ки ба ман дил баст, бояд орзуҳои маро ба назар бигирад, вагарна ӯ маро дӯст намедорад. Муҳаббат ба касбу оила бояд тавъам бошад.
Кош мисли Таҳмина дар рустои Хатлон духтарони ҷасур зиёд мебуданд!
Ҷамолиддин Сайфиддинов
:.
Иҷтимоъ
28.03.2012 06:28
2639
Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шумораи навбатӣ
Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
Бойгонӣ
Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021
Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
Бойгонӣ
Дастархон
Оши туппаи баҳорӣ
Бойгонӣ
Нигористон
Баҳор намои зебои ҷавонист
Бойгонӣ
Сарсаҳфа
Хабарҳо
Сиёсат
Варзиш
Зебоӣ
Аз ҳар боб
Феҳрист
Дар бораи мо
Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By:
Dodikhudoev
Parviz