24
Ноябр, 2024
Якшанбе
24
Ноябр, 2024
Якшанбе
Сарсаҳфа
Хабарҳо
Сиёсат
Варзиш
Зебоӣ
Аз ҳар боб
Феҳрист
Президент
Иқтисод
Фарҳанг
Тандурустӣ
Ҳуқуқ
Иҷтимоъ
Чеҳра
Мусоҳиба
Ҷавонон
Қонунҳо
Маҷаллаҳо
Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
Дастархон
Нигористон
Иртибот
Дар бораи мо
Тамос
Хатогӣ
JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED
ЧАШМАҲОИ ДАСТНОРАС?
.
Дар Бадахшон 72 чашмаи гарми шифоӣ фаввора мезанад, ки оби дармонбахшашон ба таври ройгон дар хизмати сокинон ва меҳмонон қарор дошт. Ҳеҷ кас фикр ҳам намекард, ки рӯзе мерасад, барои баҳрабардорӣ аз ин неъматҳои худодод ҳам пул пардохт кардан лозим меояд. Аммо муносибатҳои бозаргонӣ ба ин ҷо ҳам сар дароварданд ва акнун ниёзмандони оби гарми дармонбахш, барои беҳбуд бахшидани саломатиашон маблағ пардохт мекунанд. Албатта, фоидабардорӣ аз имконоти табиии маҳал, ки ба рушди инфрасохторӣ ҳам мусоидат мекунад, яке аз шартҳои асосии фаъолияти иқтисоди бозаргонӣ арзёбӣ мешавад. Аммо ин раванд бояд тарзе танзим шавад, ки манобеи табиӣ барои сокинони камбизоат ва ниёзманди кишвар ҳам ҳамеша дастрас монад. Вале тавре корафтодагон мегӯянд, онҳо сол ба сол ба маҳрумиятҳои бештари баҳрабардорӣ аз обҳои дармонбахш рӯ ба рӯ мешаванд.
Аз миёни чашмаҳои зиёди шифоии минтақа ба таври анъанавӣ аксари кулли мизоҷон барои истироҳату фароғат ва табобати бемориҳо «
ГАРМЧАШМА
», «
АВҶ
» ва «
БИБИФОТИМАИ ЗАҲРО
»-ро интихоб мекунанд. Аз лиҳози илмӣ пурра омӯхта шудану тарғиби хусусиятҳои хоси табобатии ин чашмаҳо боиси афзудани маъруфият ва шӯҳрати онҳо дар байни шаҳрвандони дохил ва хориҷи кишвар шудааст.
Аммо баҳрабардорӣ аз «
ГАРМЧАШМА
»- маҳалли наздиктарини обҳои гарми шифоӣ ба маркази вилоят, ки барои сафар ва табобат пули кам харҷ мешуд, барои мизоҷони камбизоат торафт душвор мешавад. Дар ҷойи бинои дар тавозуни мақомоти маҳаллӣ қарордошта, ки ҳамасола қариб 200 нафар ашхоси ниёзманд, бо роҳхат метавонист дар ин ҷо бепул табобат гиранд, меҳмонхонаи барҳавои ширкати Талко қомат афрохтааст. Бунёди меҳмонсароҳои нави замонавӣ ҳусни Гармчашмаро куллан дигар карда, сатҳи хизматрасониро ба дараҷаи баланд бардоштааст.Аммо аз назораи манзараи фароғатгоҳ дар тобистони соли равон бармеомад, ки шумораи зиёди ниёзмандоне, ки аз манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ ба нияти табобат ба ин ҷо омаданд, ба иллати гаронии нархи хизматрасонӣ дар меҳмонсароҳои нав ва ё набудани ҷой маҷбуранд дар манзилҳои шахсӣ, иҷоранишин шаванд. Бисёре аз ин афрод ба ҷойи истироҳат ва фароғат таассуроти нороҳатӣ ва саргардониро бо худ бурданд.
Бо ибтикори Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолӣ чашмаи «Бибифотимаи Заҳро» ҳам воқеан ба як гӯшаи зебо ва диданӣ табдил шудааст. Дар ин чашма барои собиқадорони ҷангу меҳнат ва афроди бознишаста, ки бо роҳхати идораи ҳифзи иҷтимоӣ ба ин ҷо меоянд, шароити хуби истироҳату табобат фароҳам шудааст. Аммо шаҳрвандони синну соли гуногунро, ки ба оби чашма ниёз доранду бе роҳхат озими ин ҷо мешаванд, маҳрумиятҳо интизоранд. Чунин афрод маҷбур мешаванд, ки дар масофаи бештар аз як километр дар хонаҳои мардуми деҳа ва ё меҳмонсароҳои хусусӣ ҷой гирифта, рӯзе чанд маротиба барои табобат гирифтан пойи пиёда байни мақарашон ва чашма равуо кунанд.
«
АВҶ
» ягона чашмае дар тавозуни мақомоти маҳаллӣ боқӣ мемонад, ки нархи хизматрасонӣ ҳанӯз дар ин ҷо пасттар ва нисбатан дастрас барои мардум аст. Чашма ҳудуди фарохро дар ихтиёр дорад, вале бинобар тангии ҷой ниёзмандони зиёдро қабул карда наметавонад. Бо истифода аз фурсат соҳибкорони маҳаллӣ гирдогирди чашма меҳмонсароҳои хусусӣ бунёд кардаанд. Собиқадори меҳнат ва сокини шаҳри Хоруғ Меҳриниссо Гулбекова мегӯяд, ки агар рақобат набошад ва мудирияти «Авҷ» бо назардошти талаботи афзоянда барои қабули бештари мизоҷон дар фикри сохтмони биноҳои наву замонавӣ нашавад, батадриҷ соҳибони меҳмонсароҳои хусусӣ ҳам нархҳоро баланд мекунанду сифати хизматрасонӣ паст мешавад ва аз тарафи дигар оби шифоии ин ҷо ҳам барои гурӯҳҳои ниёзманд ва камбизоат дастнорас мешавад. Бино бар мушоҳидаи Меҳриниссо оби ин чашма ба дарди чашм,пой, буғумҳо ва асабу фишорбаландӣ даво буда, умдатан ашхоси миёнаумру солманд ва занони гирифтори ин бемориҳо барои истироҳат ва табобат «Авҷ»-ро ихтиёр мекунанд. Дар канори роҳи мошингард воқеъ будани чашма ба табобатгирандагон имкон медиҳад, ки бе машаққат ва саргардонии зиёд омаду рафт кунанд. Табиати зебои лаби дарё ҷаззобияти ин чашмаро боз ҳам бештар кардааст. Танҳо соли равон бештар аз ҳазор нафар, ба шумули сад нафар ашхоси бемори камбизоат бо роҳхати идораи тандурустии вилоят дар ин ҷо табобат гирифтанд.
Мақомоти вилоят мегӯянд, ки бо назардошти ниёзи шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба табобати арзон ва дастрас дар садади таҳияи тарҳи бунёди Маркази физотрапевтӣ дар заминаи «Авҷ» ҳастанд. Ба гуфтаи сардори идораи тандурустии вилоят Саидбек Давлатбеков бунёди марказ фароҳам сохтани имкониятҳои баробар ба табобатгоҳҳои Шоҳамбарӣ ва Хоҷаобигармро дар назар дорад ва чунин маркази табобатӣ метавонад дар заминаи ҳамкории мақомоти маҳаллӣ ва Вазорати тандурустии кишвар арзи вуҷуд кунанд.
Айни ҳол дар ҳар сония 5 литр оби шифоӣ барҳадар ба дарё мерезад. Сохтмони ҳавзи нав шароит фароҳам месозад, то мардуми зиёдтаре аз оби шифоӣ баҳраманд шаванд. Солҳои охир намуди зоҳирии «Авҷ» зеботар ва сатҳи хизматрасонӣ дар ин ҷо болотар рафта, танҳо дар соли равон ба буҷет ба маблағи қариб 40 ҳазор сомонӣ даромад ворид гардидааст. Бо бунёди марказ, ки бар иловаи имконоти мавҷуд барои 150-200 нафар шароити хуби ташхису табобатро фароҳам месозад, даромаднокӣ ба маротиб меафзояд.
Агар пештар ҳамватанони мо барои фароғат ва беҳбуди саломатиашон ба осоишгоҳҳои кишварҳои хориҷ чашми умед мебастанд, акнун раванди рӯ овардан ба обҳои шифоии ҷумҳурӣ дар ҳоли афзоиш аст. Дар наздикии «Авҷ» чашмаи дигаре ҳаст, ки муҳаққиқони даврони шӯравӣ онро аз ҷиҳати лаззатбахшӣ ва шифоӣ Баржомии тоҷик номидаанд. Аммо интизороти сели мизоҷоне, ки шумораашон сол ба сол бештар мешавад аз « Авҷ» ин аст, ки дар баробари ба авҷи тараққиёт расидан он ҷойи дӯстдошта, дастрасу маҳбуб барои гурӯҳҳои мухталифи иҷтимоӣ мемонад, ки ба баҳрабардорӣ аз оби шифоӣ ниёз доранд. Сарпизишки «Авҷ», руҳшинос ва равоншинос Қаноат Мавлонқулов ба мақсади беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ ба мизоҷон ободкориҳои зиёдеро анҷом додааст, вале нақшаву ниятҳои мақомотро оғози авҷи рушди «Авҷ» мешуморад ва ба амалӣ шудани онҳо бовар дорад. Айни ҳол бо ибтикори сарпизишк ба манзури таъмин намудани мизоҷон бо гӯшт ва хӯроки хушмаза дар назди мудирияти табобатгоҳ хоҷагии ёрирасони чорвопарварӣ ташкил шудааст.
Ш.МИРЗОҶАЛОЛ
:.
Иҷтимоъ
16.03.2012 10:05
2517
Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шумораи навбатӣ
Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
Бойгонӣ
Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021
Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
Бойгонӣ
Дастархон
Оши туппаи баҳорӣ
Бойгонӣ
Нигористон
Баҳор намои зебои ҷавонист
Бойгонӣ
Сарсаҳфа
Хабарҳо
Сиёсат
Варзиш
Зебоӣ
Аз ҳар боб
Феҳрист
Дар бораи мо
Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By:
Dodikhudoev
Parviz