Имрӯзҳо дар кишвар тамоюли шадиди пошхӯрии оилаҳо, бахусус навхонадорон, рӯ ба афзоиш аст, ки боиси нигаронӣ буда, аз ҳар як шаҳрванд масъулият ва уҳдадориҳоро тақозо менамояд, то бетарафиро канор гузоранду ба умқи масъала назари ҷиддӣ дошта бошанд.
Муҷибахон Ҷавҳарӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сабабҳои пошхӯрии оилаҳоро тавзеҳ ва барои устувории онҳо андешаҳои ҷолибро иброз дошт, ки фишурдаи онро пешкаши хонанда менамоем.
Оила дар ҷомеаи мо ҷойгоҳи баланд дорад ва мутобиқи моддаи 33 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад», вале солҳои охир аз ҳам пош хӯрдани оилаҳо ба назар зиёд мерасад, махсусан дар байни ҷавонон. Омили асосии парокандашавии хонаводаҳои ҷавонро дар чӣ мебинед?
- Оила ҷомеаи хурдест, ки дар он бобою бибӣ, падару модар, фарзандон ва набераву абераҳо маскунанд. Бастани аҳдномаи никоҳ маънии риоя кардани рабту низом ва қоидаҳои муайяну муназзам дар оиларо дорад. Мутаассифона, зуҳуроти пош хӯрдани оилаҳои ҷавон имрӯзҳо дар ҷумҳурӣ зиёд ба назар мерасад, ки сабабҳои мухталиф доранд. Аз суҳбат, омӯзиш ва таҳлилҳо бо аъзои оилаҳо, руҳшиносон, куҳансолон, шахсони ботаҷрибаи ҳаётдида, мутахассисон бармеояд, ки яке аз омилҳои он дар синни бармаҳал оиладор шудани ҷавонон аст, ки ба ҳаёти мустақил омода нестанд. Тибқи таҳлилҳо пошхӯрии оилаҳои ҷавон бештар дар 5 - 8 соли аввал рух медиҳад, ки дар ин давра аллакай фарзандон ба дунё омадаанду ба таваҷҷуҳ, ғамхорӣ ва тарбияи ҳам падар ва ҳам модар ниёз доранд. Низову пархошҳо ва аз ҳам ҷудо шудани волидон ба кӯдак зарба ва латмаи сахти руҳӣ мерасонад. Ба ин тариқ, шояд қобилияту истеъдоди беҳтарини кӯдак нобуд ва хомӯш мегардад.
18-солагӣ дар Кодекси оилаи ҷумҳурӣ, синни иҷозат ба бунёди оила мебошад, мардум аксаран онро барои духтарон синни ниҳоӣ медонанд. Бархе ба духтарони синнашон аз 20 боло нигоҳи манфӣ доранду аз камбудиҳои ҷисмонии онҳо ҷӯё мешаванд. Вақти он расидааст, ки чунин қонуни нонавиштаро барҳам диҳем.
Вазъи ногузири иқтисодӣ, мушкили надош¬тани манзил, муҳоҷирати кориро низ аз сабабҳои дигари парокандашавии оилаҳо медонанд. Шумо бар ин андеша чӣ назар доред?
- Воқеан, мустақилияти иқтисодӣ надоштани оилаҳои ҷавон чунин натиҷа ба бор меорад. Ҷавонон аз муҳоҷирати меҳнатӣ миқдори муайяни маблағ ҷамъ оварда, онро сарфи ҷашни хонадоршавӣ мекунанд ва бидуни пасандоз бо дучор омадан ба аввалин мушкилот байни навхонадорон сардӣ ба вуҷуд меояд. Баъзе духтарон ин зуҳуротро таъсирнок аз сар мегузаронанд ва он яке аз сабабҳои шикасти оилаҳост. Инчунин, вақте ду ҷавон аз ҳамдигар дур аст, байни онҳо нобовариҳо ба миён меоянд, ки ин низ сабаби дигар аст. Истифодаи нодурусти телефони мобилӣ ва сар задан ба сомонаҳои гуногуни иҷтимоӣ низ ба ахлоқи ҷавонон таъсири манфӣ мерасонад. Фарҳанги истифодаи технологияҳои иртиботиро мебояд густариш дод.
Сабаби дигар ба ҳаёти ҷавонон дахолат кардани хонаводаи шавҳар ва гоҳо арӯс мегардад. Хушдоманҳо хостаҳо, орзуҳои келинро аз назар соқит месозанд, одитарин камбудиҳои арӯсро дастак мекунанд, ки боиси нофаҳмӣ, низоъ ва сардӣ миёни аъзои оила мегардад. Баъзан арӯсони хонавода сабабгори ба вуҷуд омадани муносибати сард ва нобоварӣ мегарданд. Хушдоманҳо мегуфтанд, ки «сари кафида зери тоқӣ», камбудиҳои хона дар дохил бояд ҳаллу фасл ёбанд. Нону намакхӯрдаи як зистгоҳ набояд асрори он хонаро вирди забон кунад. Солҳои пеш нигоҳи ҷомеа нисбат ба чунин нафарон ҷиддӣ буд. Имрӯз, мутаассифона, он одати маъмулӣ гардидааст. Модарам мудом мегуфт, ки эҳтироми хонаводаи шавҳарро, ки аз он манзил нон мехӯред, ба ҷо оред. Хушдоман писарро бо азоб бузург карда, ба шумо туҳфа кардааст.
Бархе ҷавонон ба зиндагӣ назари дигар доранду маслиҳату машварат ва тадбирҳои калонсолони хонаводаро андешаҳои шаху куҳнашуда меҳисобанд. Ба чӣ роҳ метавон онҳоро бовар кунонд, ки ҳеҷ гоҳ зодмандон тарафдори вайрон шудани муносибати арӯсу домод нестанд?
- Аслан, тарбия ва хулқу атвори неки навхонадорон ин ҷо нақши калидӣ мебозад. Солҳои қабл, солдидагон ва нафарони баруманди маҳал миёни мардум мавқеи хосса доштанд. Шахсони ҳаётдида аз ҳама ҷиҳат намуна ба пайравӣ буданд. Бо ақлу хирад ва фазилатгустарӣ фарқ мекарданд. Онҳо барои ба ифоқа овардани оилаҳо мусоидат мекарданду ҳидоятгар буданд.
Се ниҳоди асосӣ - оила, мактаб ва ҷомеа шахсро тарбият мекунад. Тамошои филмҳои тарбиявӣ, рафтан ба театр, хондани китобҳои бадеӣ ба инсон, хусусан дар давраи ташаккули шахсият (дар 16–17-солагӣ) таъсири хеле мусбат доранд. Дар деҳаҳо, ки аксари мардум дар он ҷойҳо сукунат доранд, барои тарбияи насли наврас ниҳодҳои таъсиррасон каманд. Мардум бештар ба тамошои филмҳои туркӣ майл доранд, ки муҳтавои онҳо аксаран ғановат ҷамъ кардан, либосҳои зебо пӯшидану бе заҳмат пул дарёфтан аст. Зиёда аз ин, аз шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳои ғайриахлоқӣ ё мазмунан паст¬ро тамошо мекунанд. Фазои фарҳангиро чунин офаридаҳои заиф печондаанд.
Хушбахтона, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмунҳои гуногуни ҷумҳуриявиро роҳандозӣ намуданд, ки барои бедории фикрии ҷавонон бисёр муҳим аст. Бо дидани ин озмунҳо ҳар як хонавода фарзандонро водор менамоянд, ки китоб хонанд. Китобхонӣ худ тарбия аст ва беҳтарин сифатҳои инсониро дар фарзандон бедор месозад.
Дар хонавода бештар зимоми тарбияи фарзандон ба дасти модарон аст. Дар ин раҳ онҳо бояд ба чӣ бештар аҳамият диҳанд?
- Дар деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара солҳо директори мактаб будам, модаре омаду гуфт, ки духтари фалониро келин карданиам. Агар иҷозат диҳед, мехоҳам журнали синф ва баҳоҳои он духтарро бинам. Аз ин сахт мутаассир гаштам, ки он модар на танҳо ба зоҳири духтар, балки ҷӯёи сатҳи дониш ва маънавиёти вай буд.
Ба андешаи ҷониб, духтаре, ки китобхон асту таҳсилдида, ғуруру номуси хонаводагиро дар ҳама ҳолат ҳифз карда, фарзандонро дар руҳияи ватандӯстӣ, китобхонӣ, худшиносӣ, эҳтироми падару модар, омӯзгорон ва калонсолон тарбия менамояд. Мутаассифона, баъзан пастфитратӣ аз ҷониби мардҳо низ зоҳир мегардад, ки ба ифрот роҳ дода, маҳбуба ё оилаи дувум барпо мекунанд, ки ин латмаи сахт ба рукнҳои оиладорӣ мезанад. Ҷомеаи мо ҳуқуқбунёд аст ва бисёрникоҳӣ манъ асту набояд бар хилофи қонунҳои амалкунанда рафтор кард.
Мо дар оила 4 нафар духтар будем ва модарам тамоми умр мекӯшиданд, ки духтарон бо хонаводаи шавҳар муросо намоянд ва ба сабру таҳаммул мехонданд. Вақте ки хушдоманҳо ва хешовандони шавҳар медиданд, ки дар ҳама ҳолат сабр ва тамкин дорему эҳтироми онҳоро ба ҷо меорем, мушкилӣ ба осонӣ ҳалли худро меёфт.
Пеши роҳи парокандашавии оилаҳоро ба куллӣ гирифтан ғайриимкон аст, аммо шиддати ин равандро паст кардан имконпазир аст. Дар ин росто чӣ пешниҳоде доред?
- Ҷавонон бояд маърифати ҳуқуқӣ ва оиладориро аз худ намоянд ва талаботи қонунро иҷро кунанд. Агар аҳли ҷомеа, оилаҳо, мактаб, Кумитаи кор бо занон ва оилаи ҷумҳурӣ, ки дар ҳама шаҳру ноҳияҳо шуъба ва бахшҳои худро дорад, сари вақт ба хонаводаҳое, ки дучори парокандашавианд, вокуниш нишон дода, роҳи ҳалли онро ёбанд, хеле оилаҳо аз ҷудошавӣ эмин мемонанд. Ҷудошавии оилаҳо фоҷиаи бузург аст, ки аз пай бадбахтиҳои зиёд меорад. Руҳониён низ дар ин самт метавонанд саҳми назаррас дошта бошанд, ки метавонанд дар масҷидҳо бобати ин мавзуъ мавъизаҳо созмон диҳанд. Ғайр аз ин, дар ҳар як шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ муовинони раис оид ба мафкурасозии ҷомеа фаъолият менамоянд, ки дар ин самт бояд таъсиргузор бошанд.
Калиди саодати хонаводагиро Шумо чӣ гуна дарёфтед?
- Шоҳорзуи ман хондан буд ва соли 1988, вақте қиблагоҳам иҷозат доданд, ки барои таҳсил ба факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оям, бароям ин саодати бузурге буд. Ба худ қавл додам, ки дар интихоби ҳамсар ваколатро ба волидон диҳам. Ҳамин тавр, маро ба Фозилҷон Муҳиддинов, ки он овон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино мехонданд, хонадор карданд.
Ҳоло шукр, соҳиби ду писар ва се набера ҳастем. Фарзандон соҳиби маълумот ва оилаанд, арӯсони хонавода низ диплом доранд. Аз ҳама чизи муҳим, дар хонаводаи мо, ки устувории оиларо аз он мебинам, ин эҳтироми ҳамдигар аст.
Барои хушбахтӣ ва устувории оилаи мо саҳми хушдоманам бузург аст, ки дар ҳама ҳолат маро дастгирӣ менамуданд. Солҳое, ки омӯзгор, роҳбари мактаб, сардори раёсати маорифи шаҳри Исфара будаму бояд 88 мактаб ва 30 кӯдакистонро назорат мебурдам, хушдоманам ҳолати маро дарк карда, то ҳадди имкон ёрӣ мерасонданд ва барои анҷом додани кори илмӣ талқин менамуданд. Соҳиби қалби бузурге буданд ва шояд ҳамин дарёдилиашон буд, ки 103 сол умр диданд.
Агар модарон, хушдоманҳо ва дигар аъзои хонавода бузургдил бошанду имкон диҳанд, ки ҷавонон мисли бозуи қавие ба онҳо такя намоянд, парокандашавии оилаҳо, ки барои фарзандон фоҷиаи бузург аст, дар рӯйхати омор сол аз сол кам гашта, наслҳои ояндаро хушҳолу хушиқбол гардонад.
Ситора АШӮРОВА