24
Ноябр, 2024
Якшанбе
24
Ноябр, 2024
Якшанбе
Сарсаҳфа
Хабарҳо
Сиёсат
Варзиш
Зебоӣ
Аз ҳар боб
Феҳрист
Президент
Иқтисод
Фарҳанг
Тандурустӣ
Ҳуқуқ
Иҷтимоъ
Чеҳра
Мусоҳиба
Ҷавонон
Қонунҳо
Маҷаллаҳо
Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
Дастархон
Нигористон
Иртибот
Дар бораи мо
Тамос
Хатогӣ
JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED
ЗАМИНҲОИ БЕОБ
Бо мурури замон бо тақсим ва «фурӯхта» шудани заминҳои колхозҳо ба хоҷагиҳои деҳқонӣ, шароит ва тарзи кор дар заминҳои президентӣ барои мардуми оддӣ душвор шуд. Ин мушкилӣ сол ба сол меафзояд.
Ҳатто дар баъзе деҳаҳо бо сабаби набудани шароити мусоиди обёрӣ ва мувофиқ набудани замин ба киштукор деҳқон зарари зиёди моддӣ мебинад. Аз аксар заминҳои президентӣ мардум ба азоб як ҳосил мегирад. Он ҳам дар ҳоле, ки баҳор хушк наояд. Агар хушксолӣ ояд, деҳқон аз меҳнати кашидааш танҳо зарар мебинад.
Саврӣ Эмомова, як сокини ноҳияи Восеъ, дар сӯҳбат бо мо иброз дошт, ки тӯли чанд сол аст онҳо дар замини президентиашон дигар чизе кишт намекунанд.
– То ҷое, ки медонам, ҳамсояву хешу табор ва ҳамдеҳагонамон низ аз заминҳои президентӣ даст кашиданд. Сабаб, набудани об барои обёрии замин аст. Мушкилоти беобӣ ҳалли худро намеёбад. Хоҷагии оби ноҳия бошад ду-се миллион сомонӣ аз андоз қарздор аст. Бо чунин ҳол аз куҷо умеди беҳбудӣ талабем, – мегӯяд апаи Саврӣ.
Барои равшанӣ андохтан ба ин масъала мо ба Сафар Миралиев, масъули замини Ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ, муроҷиат кардем.
– Мо аз сокинони деҳаҳо хоҳиш кардем, ки дар заминҳои президентии бекорхобида ақаллан гандум коранд. Шукри Худо боронгарӣ зиёд, боду ҳаво барои кишту кори ғалла мусоид аст. Ҳарчанд барои кишти дуюм об нарасад ҳам, барои ҳосили аввал об кифоя аст. Вале заминҳои президентии мардум дар баъзе деҳаҳо бекор хобидаанд. Беҳуда намегӯянд, ки ношукрӣ мукофоти амал дорад. Беистифода мондани заминҳои кишт хуб нест, – мегӯяд ҳамсӯҳбати ман.
Барои дарёфти ҳақиқат меравем ҷониби заминҳои президентии барои сокинон ҷудогардида. Аз рӯйи мушоҳидаҳо дар ҳақиқат дар қисмати зиёди деҳаҳои Ҷамоати деҳоти Тугарак ва дигар ҷамоатҳои ноҳияи Восеъ заминҳои президентӣ мавриди истифодабарии мардум қарор нагирифтаанд.
Сафармоҳ Шарифова, як сокини дигари ноҳияи Восеъ низ мегӯяд, ки сабаби асосии мавриди истифода қарор нагирифтани заминҳои президентии ноҳия нарасидани об аст. Хоҷагиҳои деҳқонӣ дар болооб ҷойгир шудаанду андак аз об таъминанд, вале об то киштзори мардум омада намерасад.
– Ду-се сол пайи ҳам баъди дарави ғалла хостем аз замин ҳосили дуюм – сабзӣ ё ақаллан барои чорвоямон ҷуворимакка бардорем. Ба сабаби беобӣ ҷуворимакка ҳам хушк шуду сабзӣ ҳатто неш назад. Вазъ то он ҳадде расид, ки бо сабаби хушк омадани обу ҳаво солҳои охир аз заминҳои президентӣ мо ақаллан як ҳосил бардошта натавонистем. Мувофиқи талабот сол, ки хушк омад, бояд ақаллан заминро як-ду маротиба обёрӣ намоӣ, то аз он ҳосил бигириву каме бошад ҳам, хароҷот ва меҳнати кардаат рӯйпӯш бишавад. Аммо имрӯз мо ин имкониятро надорем, –мегӯяд Сафармоҳ Шарифова.
– Замин соҳиби худашро ёфт, –мегӯянд тариқи садо ва симо. Агар корафтодаву дармонда набошӣ, бовар мекунӣ, ки дар ҳақиқат замин соҳиби худашро ёфтаасту тамоми мушкилоти зиндагии мардум ҳал шудааст. Ин наворҳо дурӯғу муболиғае беш нестанд, – мегӯяд, Назокат Назирова, ки бо аҳли оила шуғли деҳқониро ихтиёр кардаву нозукиҳои онро хуб медонад.– Барои пешрафти соҳаи кишоварзӣ роҳбарони мутахассис ва кордону дилсӯз лозиманд, ки шароитҳои заруриро барои деҳқон муҳайё намоянду дасту дили ӯро ба замин гарм созанд.
Мувофиқи иттилои Тоҳир Саидов, раиси кумитаи заминсозии гурӯҳи шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб, дар 10 шаҳру ноҳияи минтақа заминҳои президентӣ 9707 гектарро ташкил медиҳанд, ки 3584 гектараш замини обист. Боқӣ 6123 гектар замини лалмӣ мебошад. Номбурда мегӯяд, ки тибқи маълумот ва ҳисоботи раисони кумитаҳои заминсозии ноҳияҳои минтақа, заминҳои президентӣ сад дар сад фоида меоранд.
Ин гуфта аз рӯйи ҳисоботҳост. Вақте дурусттар назар андозем, мебинем, ки дар баъзе ноҳияҳои пахтакор заминҳои президентӣ умуман истифода намешаванд. Мо ба мушоҳида гирифтем, ки дар як собиқ хоҷагии Калинини ноҳияи Фархор заминҳои президентӣ аз кишт дар канор мондаанд. Ба масъулони ҷамоат ва ноҳия инро гуфта будем.
Оиди заминҳои президентӣ ҳаминро метавон гуфт, ки дар минтақаи Кӯлоб, бахусус, дар ноҳияҳои кӯҳӣ аз онҳо самаранок истифода мебаранд. Дар ноҳияҳои пахтакор аз қабили Восеъ ва Фархор заминҳои президентӣ қариб ки кишт намешаванд. Се-чор соли охир бо сабаби хушк омадани ҳаво мардуми ин ноҳияҳо аз истифодаи заминҳои лалмӣ ҳам даст кашидаанд.
Билоли ШАМС
:.
Иҷтимоъ
16.03.2012 09:50
2394
Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шумораи навбатӣ
Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
Бойгонӣ
Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021
Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
Бойгонӣ
Дастархон
Оши туппаи баҳорӣ
Бойгонӣ
Нигористон
Баҳор намои зебои ҷавонист
Бойгонӣ
Сарсаҳфа
Хабарҳо
Сиёсат
Варзиш
Зебоӣ
Аз ҳар боб
Феҳрист
Дар бораи мо
Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By:
Dodikhudoev
Parviz