24
Ноябр, 2024
Якшанбе
24
Ноябр, 2024
Якшанбе
Сарсаҳфа
Хабарҳо
Сиёсат
Варзиш
Зебоӣ
Аз ҳар боб
Феҳрист
Президент
Иқтисод
Фарҳанг
Тандурустӣ
Ҳуқуқ
Иҷтимоъ
Чеҳра
Мусоҳиба
Ҷавонон
Қонунҳо
Маҷаллаҳо
Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
Дастархон
Нигористон
Иртибот
Дар бораи мо
Тамос
Хатогӣ
JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED
ЗЕБАНДА ТУРО ЛИБОСИ АФСАР
.
Зоҳиру ботини
АТРИГУЛ ХУБОНШОЕВА
, сардори гурӯҳи шӯъбаи хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Раёсати корҳои дохилаи ВМКБ, лейтенанти милитсия ба гунаест, ки нигорандаро мутаҳайир месозад. Сару либоси низомӣ то ҳадде ба қаду басти ин бону шинам афтодааст, ки дар вақтҳои фориғ аз кор либоси миллӣ ба бар гирад ҳам, боз ҳам дар дилу дидаи мардуми кӯҳистон бо симои низомиаш ҷо гирифтааст.
Ҳофизи малакутӣ барҳақ фармудааст: «На ҳар касе, ки кулаҳ бар сар ниҳоду тунд нишаст, сипаҳдориву оини сарварӣ донад». Воқеан, барои Атригул ба бар кардани либоси низомӣ аз рӯйи ҳавову ҳавас ва тақлид набуд. Вайро амвоҷи тасодуф ба ин ҷодаи пурмасъулият, ки иродаи мардона мехоҳад, наовардааст. Масъулини раёсати корҳои дохилӣ Атригулро пайрави пайроҳаи падарбузургаш Кирмоншои Хубоншо, яке аз чекистони аввалин ва барпокунандагони ҳукумати шӯро дар Помир медонанд ва бар ин боваранд, ки сифатҳои ташаббускорӣ, қатъият ва ҷасорату мардонагиро Атригул аз бобояш ба мерос гирифтааст.
Атригулро аввал дар шӯъбаи шиносномадиҳии Раёсати корҳои дохилӣ ба кор гирифтанд. Аммо муҳити ором ба табъи ӯ мувофиқ наомад. Ташаббус ва ғайраташро дида, ӯро ба шӯъбаи корҳои ислоҳӣ даъват карданд. Атригул ягона зан дар ин муассиса буд. Вале тӯфони ҳаводиси ҷанги шаҳрвандӣ нишон дод, ки фазилати ин зани ҷасур ва боирода аз мардон кам нест. Соли 1993-юм бо «ёрӣ» -и силоҳбадастон кулли маҳбусон, ба истиснои чор нафар зодаи Мурғоб, фирор карданд. Аммо кормандони муассиса алорағми авзои вазнини сиёсӣ ва иҷтимоии вақт филфавр барои баргардондани маҳбусон, корҳои ҷустуҷӯро оғоз карданд. Дере нагузашта аксари фирориён ба маҳбас баргардонида шуданд. Сардори вақти шӯъбаи хадамоти давлатии «Муҳофиза», Ғуломшо Ғуломшоев, мегӯяд, ки вай дар ин рӯзҳои пуртаҳлукаву душвор қобилияти истодагарӣ, вориди мубоҳиса шудан бо мухолифонро, ки Атригул зоҳир карда буд, дида, ӯро барои кор ба хадамот даъват намуд. Шодравон Гулбек Шодавронов, ки зиёда аз 10 сол роҳбарии хадамотро бар ӯҳда дошт, мегуфт: «Атригул ба қавле дар «обу оташ» обутоб ёфта, обрӯи касбиашро дар иҷрои вазифа на камтар ва сазовортар аз мардон дарёфтааст». Ин буд, ки ба Атригул назорати 11 идораву муассисаро бо 40 нафар кормандон бовар карданд.
Иттифоқ меафтад, ки бархе аз афрод бо кормандони милитсия шӯхиро раво мебинанд ва ба онҳо бо калимаи «мент» муроҷиат мекунанд. Аммо дар муносибат бо Атригул то ба ҳол касе ҷуръати шӯхӣ кардан надоштааст, зеро медонанд, ки бо вокуниши сахти ин бонуе, ки тарзи ҳаёти низомиро интихоб кардааст, рӯ ба рӯ хоҳад шуд.
– Дар ҳоле, ки бону Атригул бо ҳусну малоҳат ва хислатҳои ҳамида қалби дӯстону рақибонро тасхир кардааст, чаро дар зиндагӣ танҳост? - мепурсам аз ӯ.
– Ҷавонеро, ки дӯст доштам, ба дигаре меҳр дошт ва баръакс, нафароне, ки ба ман изҳори муҳаббат мекарданд, бароям хушоянд набуданд, - кӯтоҳ ҷавоб мегӯяд ва фикрашро идома мебахшад:
– Ман худро пурра ба кор, дар хона ба волидон бахшидаам. Дар даврони пирӣ муттакои онҳо будан мехоҳам. Танҳоиро эҳсос ҳам намесозам.
Тоҷиддин Назришоев, сардори Раёсати корҳои дохилаи ВМКБ мегӯяд, ки ин бонуи афсар дар ҳар ҷода пешраву пешгом аст. «Агар бо амри тасодуф вай на дар милитсия, балки дар тими футол ҳам бозӣ мекард, яке аз ҳуҷумкунандаҳои беҳтарин мегашт».
Чанде пеш Атригулро дар чорабиние бо тоқиву куртаи атлас дидам, ки хеле зебо ба чашм мерасид, беихтиёр шеъри «Эй духтари нозанини қадрас, зебанда туро либоси атлас» ба забон омад ва ҳамон замон ислоҳ кардам: «Зебанда туро либоси… афсар».
Шоҳҷамоли МИРЗОҶАЛОЛ
:.
Иҷтимоъ
16.03.2012 05:38
2485
Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шумораи навбатӣ
Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
Бойгонӣ
Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021
Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
Бойгонӣ
Дастархон
Оши туппаи баҳорӣ
Бойгонӣ
Нигористон
Баҳор намои зебои ҷавонист
Бойгонӣ
Сарсаҳфа
Хабарҳо
Сиёсат
Варзиш
Зебоӣ
Аз ҳар боб
Феҳрист
Дар бораи мо
Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By:
Dodikhudoev
Parviz