24
Ноябр, 2024
Якшанбе
24
Ноябр, 2024
Якшанбе
Сарсаҳфа
Хабарҳо
Сиёсат
Варзиш
Зебоӣ
Аз ҳар боб
Феҳрист
Президент
Иқтисод
Фарҳанг
Тандурустӣ
Ҳуқуқ
Иҷтимоъ
Чеҳра
Мусоҳиба
Ҷавонон
Қонунҳо
Маҷаллаҳо
Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
Дастархон
Нигористон
Иртибот
Дар бораи мо
Тамос
Хатогӣ
JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED
ВОЛИДӢ РИСОЛАТ НЕ, ИШҚ АСТ
Ман, аз қавли мардум, фарзанди зодаи ишқам. Чаро қавли мардум. Зеро дӯст доштани падару модарамро аз худи онҳо боре нашунидаам. Онҳо ҳар ду замони донишҷӯйӣ шинос гаштаву хонадор шудаанд. Ба қавли аҳли деҳа оилаи маданиву дипломдоранд. Замони хурдиам ҳам ёд надорам, ки боре онҳоро зимни изҳори муҳаббат (бӯсидан, оғӯш кардан, ғамхориву дӯстдории ҳамдигар, кадом як меҳрубоние, ба мисли чизи бомаззаеро ба даҳони ҳамдигар гузоштан) дида бошам. Чун калонтар шудам, падарам ба кори низомӣ гузашту дигар мо бо вай камтар дар иртибот будем. Аз деҳа ба шаҳр рафтему падарам тамоми муҳаббаташро ба кор бахшид. Шояд мо чунин мепиндоштем, зеро баъдан ин андеша мағзи маро мехӯрд, ки ишқи вай танҳо ба худаш ва маъшуқаҳои бешумораш будааст. Аз қавли модарам ҳам, ӯ ба ҷуз худ ва кор дигар касеро дӯст намедошт. Яъне эгоист (худпараст) буд. Ба хотири карйера буд ё баҳонаи дигар, ба ҷуз як рӯзи якшанбе, ки он ҳам аксаран ё меҳмон доштем ё ба маъракае мерафту аз он ҷо омада хоб мекард, мо дигар ӯро намедидем.
Оҳиста-оҳиста калонтар мешудему ӯ аз мо дуртар. Муносибаташ бо модарам низ хеле сарду дағал буд. Мо - фарзандон инро дида, ба модарамон боз қаринтар мегаштем. Ин кор ғаши ӯро меовард. Хоса меҳрубониҳои ман- писари калонӣ ба модарам вайро ба муқобили дуи мо мешӯронд. Акнун мани донишҷӯ роҳпуливу кисахарҷиро ҳам тавассути хоҳаронам аз ӯ мегирифтам. Агар маводи хӯрокаамон тамом мешуд, ману хоҳару модарам соатҳо баҳс мекардем, ки ин «хабари шум»-ро кӣ ба вай мерасонад. Ӯ, гӯё барои аҳли оилаи хеш не, барои зану фарзандаш не, барои бегонаҳо хӯрокӣ мехарид, ки ҳар боре онро заҳри бадани мо мекард.
Шукр, ки модарам кор мекарду аксаран ниёзҳои моро ӯ мебаровард. Дасткушодии падарамро танҳо барои рафиқони ҳамқадаҳаш ва хешовандонаш медидему ҳайрон мешудем, ки мо чаро ба чунин меҳрубониҳо сарфароз нестем. Тӯйҳои ҷиянҳояш аз тӯйҳои мо пурдабдабатар буданду мо бо дониши худ мехондему ҷиянҳо зери сарпарастии тағо диплому ҷойи кор меёфтанд.
Ҳар боре, ки вай бегуноҳ модарамро меозурд, ман асабӣ мешудам, вале ҷойгоҳи баланди падарро назди фарзанд меандешидаму хомӯш мемондам. Боре ҳангоми лату кӯби навбатии бе сабаби модарам мушти ба сари очаам бардоштаашро дар ҳаво доштам. Ин амали ман ӯро девона кард. Гуфтам, ки ба модари бегуноҳам даст набардорад. Ӯ, ки зарур шавад, нақш бозида гириста ҳам метавонад, худро таҳқиршуда донист ва маро гунаҳгор ба он мекард, ки гӯё ба сараш даст бардошта бошам. Ҳарчанд мани «гунаҳгор» танҳо дасташро дошта будам.
Баъди ин муносибаташ ба ман аз пештара бадтар шуд. Солиёни зиёде бо ману модарам қаҳрӣ мегашт. Фақат пеши бегонаҳо вонамуд мекард, ки мо оилаем. Вагарна хонаи мо барояш «меҳмонхона»-е буд, ки шабашро рӯз мекарду меҳмонҳояшро меҳмондорӣ. Ва ман худро сағирае беш эҳсос намекардам, зеро бо падар дарди дил гуфтану маслиҳат пурсидан чи, ҳатто гирифтори мушкили сахттарин ҳам мешудам, ба кӯмакаш умед баста наметавонистам.
Муносибатҳои дағалонаи ӯ аҳли оиларо аз хонаи умеду орзуҳо дилсард намуд. Дигар мекӯшидем, ки рӯ ба рӯ наоем Аз ин рӯ, ман рӯзона мехобидаму шабона, вақте ки вай ба хона меомад, берун мешудам. Дилам аз хонаи замоне бароям азиз, хунук гашт.
Инак, ман соҳиби фарзанди чоруми хеш гаштааму ҳанӯз ҳам ҳавсалаи ба хонаи падар рафтан надорам. Андешае маро то имрӯз озор медиҳад, ки чаро мо, тоҷикон, масъулияти падару модар ва ё фарзандро пеши волидон мегӯему мегӯем. Аммо боре намеандешем, ки масъулият корест, ки инсон онро иҷборан бояд иҷро кунад. Чаро мо боре атрофи он масъалае ҳарф намезанем, ки дар оила ҳама муносибатҳо аз ишқ, аз муҳаббат, аз дӯст доштан, аз эҳтиром ва билохира аз донистани маърифати оиладорӣ ва ташкилу тавонистани хушбахтона зистан, сарчашма мегиранд. Агар падари ман ҳам масъулият ҳам муҳаббат ба модарамон медошт, шояд зиндагии мо ранги дигар мегирифт? Шояд мо хушбахтона мезистему дар тасаввури ман фарқ миёни падару падарандар дигар мешуд.
Оилаҳои зиёдеро медонам, ки падару писар рафиқ ва модару духтар дугонаанд. Онҳо ҳазор бор хушбахттаранд аз он оилаҳое, ки волидон барои мансабу вазифа шуда, худро побанди карйера ё ишқбозиҳои пирона мекунанду дар нишемани худ меҳру муҳаббат ва ишқу садоқатро намепарваранд.
Падари ман бо режими ҳарбии дар хона ҷорӣ намудааш як оилаи бутун ва баъдан чанд оилаи аз дохили он тавлид ёфтаро бадбахт кард. Зеро ӯ бо мо аз роҳи ишқ не, аз рӯйи рисолат зист. Танҳо барои он зист, ки ба карйерааш халал ворид нагардад. Ӯ ба ҷуз худу ситораҳои пагонҳояш дигар касеро дӯст намедошт.
Ба фарзандонатон дӯст доштанро дар мисоли зиндагии худ биёмӯзед, вагарна насиҳату тарс ё режимҳои сохтаи шумо танҳо бадбахтӣ меоранд.
Ман дар ҳамин синну сол ба муҳаббати падар ниёз дорам. Пас волидон то охири умр рисолати иҷборан бо аҳли аёли хеш зистану онҳоро сарварӣ карданро бояд ба ишқ иваз намоянд. Зеро танҳо муҳаббат метавонад муҳаббат бизояд ва ишқ бипарварад.
Сиёвуш
:.
Иҷтимоъ
29.02.2012 06:43
2078
Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шумораи навбатӣ
Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
Бойгонӣ
Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021
Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
Бойгонӣ
Дастархон
Оши туппаи баҳорӣ
Бойгонӣ
Нигористон
Баҳор намои зебои ҷавонист
Бойгонӣ
Сарсаҳфа
Хабарҳо
Сиёсат
Варзиш
Зебоӣ
Аз ҳар боб
Феҳрист
Дар бораи мо
Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By:
Dodikhudoev
Parviz