Рӯзгори ҳар фард ба таври худ шебу фарозҳо дораду қиссаҳои аҷибу дилнишин ва шахси дар ҷодаи худ устувор пайраҳаи душвору сангинро дар моварои умр тай намуда, ба кӯи мақсуд мерасад. Зиндагиномаи ин бонуи солдида пур аз тазоду уфтодану бархестанҳост. Бо матонату ҷасораташ бармаҳал ба маҷрои зиндагӣ ворид гашта, маънӣ ва саодати рӯзгорро дарёфтааст.
Сокини деҳаи Чорсӯи Ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ Майнагул Гурезова, ки синни мубораки 70-ро убур намудааст, овони наварӯсӣ кай медонист, ки ӯро имтиҳони зиндагӣ дар пеш аст. Духтари нозпарвари сардори милисаро ба хонадони прокурор арӯс оварданд. Аз чизе танқисӣ надид, аммо масъулияташ афзуд. Ғамхорӣ ба фарзандон, нигоҳубини чорвои хонагӣ, дарзу дӯз, ҷунбуҷӯл дар ҳота, аз меваву сабзаҷот таҳияи захира барои зимистон, тозаву озода нигоҳ дош¬тани зистгоҳ аз шуғлҳои ҳаррӯзаи бону Майнагул буд. Ҳарчи кӯдаконаш аҳл буданду модар дар парастории онҳо азият надид, ғайр аз як фарзанд, ки аз хурдӣ маълул буд. Бад-ин минвол модар ҳафт фарзандро ба воя расонд.
Газетахон
Бар гиру дори фаровони зиндагӣ зиракиву зеҳни гирояш боло мегирифт ва ҳатман вақт меёфту рӯзномаву маҷаллаҳо мутолиа мекард. Дар тӯю маъракаҳои мардум гоҳе, ки бонувон аз неъматҳои моддӣ ва суханчинӣ лаб во мекарданд, бону Майнагул аз хондаҳои ҷолиби хеш қиссаҳо мегуфт. Мисле, ки филми шавқангезу хотирмон намоиш дода мешуд, ҳама ҳушу гӯш ба ӯ медод.
Таҳсилдидаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1-и ба номи Н.К. Крупскаяи шаҳри Ваҳдат буду забони русиро хуб медонист. Наш¬риёти давриро ба забони русӣ низ дастрас ва мутолиа менамуд. Рӯзе зимни баҳс дар мавриди замини наздиҳавлигии онҳо ба гуфтугузори ду марди рус диққат доду вориди мубоҳиса гардид ва бо забони фасеҳу равони русӣ ибрози назар кард. Ҳама ҳайратзада ба ӯ нигаристанд ва ба ҳушу рояш эҳтиромро қоил гаштанд.
Модари ҷонфидо
Чашмони холаи Майнагул ҳоло яке нобиносту дигаре хирабин. Замоне ба ҳоли духтари маълулаш шабу рӯз гириста буд. Чанд сол қабл духтараш, ки бо хонавода дар Россия иқомат дошт, бар асари фишори баланди шараёнӣ ба сактаи майнаи сар гирифтор шуд ва қисми чапи бадан аз ҳаракат бозмонд. Тули 16 рӯз дар шуъбаи эҳёи яке аз бемористонҳои шаҳри Москва бистарӣ ва баъдан бо кумаки Сафоратхонаи Тоҷикистон дар Россия ба Ватан оварда шуд. Модар лаҳзае қарор нагирифта, пайи табобати духтар камар баст. Ҳашт моҳ хӯрду хобро аз ёд бурду ҳар рӯз чашми рӯз накафида, озими пойтахт мешуд ва беҳтарин табибонро назди духтар овард. Фармудаҳои онҳоро сари вақт иҷро намуд, доруву дармоне намонд, ки наозмуда бошад. Курсиеро назди бистари фарзанди бемор монда буду то субҳ мижа таҳ накарда, менишасту ниёзҳои духтарро мебаровард. Ғизоҳои парҳезӣ медод, меваю сабзаҷотро аз турбтарошак мегузаронду ба даҳони ӯ мегузошт. Паҳлуи модар писарон низ пайи хизмати хоҳари дардманд бархос-танд ва ҳарчи аз дасташон омад, карданд.
Модари матинирода намехост пеши маризии духтар таслим шавад, гӯё ҷанги тан ба тан дошту ба мубориза бархеста буд. «Бори аввал аст, мебинем, ки модар барои фарзанд чунин талоши беамон барад», - мегуфтанд духтурон. Билохира, заҳмати моми мушфиқ самар доду баъди ҳашт моҳи беморӣ духтар пурра сиҳат ёфт ва ба назди шавҳару ҷигарбандонаш баргашт.
Ҳунарманд
Агарчи замони қадрасӣ нигоҳубини чорвои хонагӣ, ширдӯшӣ ва аз он таҳия кардани ҷурғоту чакаву маскаву дуғоб барояш ноошно буд, баъди хонадоршавӣ ин ҳунарҳоро омӯхту моҳир гардид. Дар маҳалла бонувон сарҷамъ барои ҷашни арӯсие кӯрпадӯзӣ шуруъ карданд ва чор кӯрпаро барои рӯдӯзӣ ба ӯ равон карданд. Баъзеҳо бо нобоварӣ, баъзеҳо бо ханда мегуфтанд, ки зани раис магар аз уҳдаи ин кор мебаромада бошад? Ҳайрати соҳибҷашнро канор набуд - кӯрпаҳои дӯхтаи Майнагул ончунон нафису шинам буданд, ки баъдан тӯйдор тамоми дарзҳои кӯрпаҳои арӯсро канду барои дӯхтан ба ӯ фиристод.
Исми вай вирди забони бонувони маҳалла гардид, ки арӯсе покизарӯзгор ба ҳамсоягии онҳо омадааст. - «Шунидан кай бувад монанди дидан», - гӯён занҳо назди ӯ меомаданду ба корҳояш зеҳн мемонданд. Аз замини ҳота, ки моломоли меваву сабзавот буд, мураббою хӯришҳои зиёд барои зимистон захира мекард. Як сӯ зарфҳоро тамиз сохта, сӯи дигар сабзавоту меваҳоро мешусту мебурид, гоҳо сӯи чорвои хонагӣ мешитобиду гоҳ ғизо барои аҳли хонавода мепухт. Хусур гоҳе, ки аз кор бармегашт, «оҳо, келин қанд зан», - гӯён ӯро ситоиш менамуд.
Озмоишҳои ғизоии бибӣ
Ҳини таҳияи очорҳо аз помидору бодиринг ва гулкарам помидорро аз ду-се ҷояш бо сӯзани тоза (бештар бо сӯзандору) сӯрох мекунад, то помидор мулоиму парешон ва пӯстканда нашавад. Баргҳои олучаро низ фаровон истифода мебарад. Аз дӯлона ва биҳӣ, аз ангурҳои рангоранг нӯшоба таҳия менамояд. Вақте аз каду мураббо пухт, бовари касе наомад, ки чунин мураббои бомаза аз каду омода шудааст. Ба зани ҳамсоя аз кадуҳои сабз таҳия кардани хӯриш барои зимистонро омӯзонд. Дар сардӣ занони ҳамсоя гирди табақи палав ҷамъ омаданду аз хӯриши кадугӣ чашиданд. Аз лаззати нотакрори он ба ваҷд омаданду хӯриши иловагӣ талаб карданд. Бо донаҳои анор ва дӯлона низ нӯшоба таҳия менамояд. Мураббои дӯлона ва чормағзро барои бемориҳои илтиҳобӣ омода месозад. Хӯришҳояш бо решаи картошкагулак (гули зарде, ки паҳлуи картошка мерӯяд) низ болаззатанду хоҳишмандони он зиёданд.
Фаъоли деҳа
Майнагул Гурезова муддати зиёд ҳамчун раиси занони деҳаи Чорсӯ фаъолият бурдааст. Агар низое дар оилаҳои ҷавон бармехост, он сӯ мешитофту бо насиҳату роҳнамоӣ мекӯшид ба танишҳои хонаводагӣ хотима бахшад ва ҷавононро ба ифоқа оварад. Ҳамин тариқ, ӯ беш аз 20 оилаи ҷавонро аз парешоншавӣ бозгардондааст.
Дар ғаму шодии мардум ҳамеша паҳлуи онҳосту кӯшидааст, то риштаи дӯстиро миёни ҳамдеҳагон мустаҳкам гардонад ва ҳеҷ гоҳ ба низоъ роҳ надиҳад. Ӯ муҳаббати наздикону ҳамдеҳагонро ба даст овардааст, ки аз сафарҳои дур ҳамсояҳо нахуст ба аёдати ӯ меоянду дуояш мегиранд.
Вай ҳафт фарзанд, 20 набераву 4 абера дорад, ба онҳо, ба арӯсони хонавода тамоми ҳунарҳояшро омӯзондаасту андарзи зиндагӣ гуфтааст, то ки ҳунарҳои зебояш, донишҳои андӯхтааш ба гӯшаи фаромӯшӣ нараванд, балки таҷрибаи ғании ҳаёти моми хирадманд ба ҳама саодату хушбахтӣ орад.
Назокат СОБИРОВА,
ноҳияи Рӯдакӣ