Зан ҳамчун қувваи созанда ва муҳим дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоию маънавии ҷомеа саҳмгузору пешбаранда мебошад. Ҳукумати мамлакат нақши занонро дар рушди кишвар мусбату муассир арзёбӣ намуда, барои таҳкими мақоми онҳо дар ҷомеа як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба тасвиб расондааст. Соли 1999 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» имзо шуд, ки он барои устувории мақоми бонувон, риояи ҳуқуқу озодиҳои онҳо, кафолати баробарҳуқуқии мардону занон, фароҳамсозии имконоту шароити зарурӣ барои фаъолияти босамари занону духтарон дар тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷомеа мусоидат кард. Ҳамчунин, дар паёмҳои ҳарсолаи Президенти ҷумҳурӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон занон ҳамчун ҷузъи таконбахши ҷомеа эътироф гардида, аҳамияти фаъолияти густурдаи онҳо дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат, таъкид мешавад.
Ба вижа, дар татбиқи қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» нақши занон таъсиргузору муайянкунанда аст. Зеро, тарбияи фарзанд аз домони модар шуруъ шуда, маҳз модар барои рушди ҷисмонию ақлонии фарзанд уҳдадор аст ва барои такомули шахсияти он саҳми муҳиму ҳалкунанда дорад.
Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба хотири ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ, даст кашидан аз расму оинҳои таҳмилӣ, пешгирии исрофу хароҷоти беҳуда ва баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони кишвар қабул гардидааст. Мурури замон собит намуд, ки қабули ин Қонун ҳамчун санади танзимкунандаи расму анъанаҳои мардумӣ бамавриду саривақтӣ буда, барои беҳбудии рӯзгор созгор аст. Аз ин рӯ, давлатҳои дуру наздик низ, таҷрибаи қабул ва татбиқи онро зарур донистанд.
Занон, ки дар масири ҳаёт нигаҳдоранда ва интиқолдиҳандаи расму оин ва анъанаҳои мардумӣ мебошанд, дар иҷрои ҳадафҳои Қонуни мазкур нақши бориз доранд. Чун низому сомони рӯзгор, муҳиту фазои хонавода, харҷу баракати зиндагӣ дар дасти зан аст. Дар андӯхтани маърифати оиладорӣ, риояи таомулу суннатҳои аҷдодӣ Зан-Модар пешгом буда, фарҳанги сарфаҷӯйӣ ва пешгирӣ аз исрофкорию зиёдаравиро ба фарзандон меомӯзад. Агар зан дар рӯзгордорӣ сарфакору камхарҷ бошад, файзу баракату барори хонавода низ, барқарор аст, вале, мутаассифона, гоҳе бархе аз занон ташаббускори баргузории расму оинҳое мешаванд, ки ба фарҳангу суннати аҷдодии мо бегона аст. Махсусан, ҳангоми маросими издивоҷ ба исрофу хароҷоти беҳуда роҳ дода, дар хариди ҷиҳозу ашёҳои гаронарзиш ва аксаран барои рӯзгори оилаи ҷавон нолозим ба зиёдаравӣ роҳ медиҳанд. Боиси таассуфу нигаронист, ки ин омил миёни мардум ривоҷ ёфта, ба буҷети оила зарар мерасонад.
Тӯю маросим, урфу анъанаҳо мероси наҷиби аҷдодон аст ва дар ойинаи рӯзгор бозтоби фарҳанги имрӯзаи мост. Ниёкони мо ҳамеша исрофу харҷи беҳударо мазаммат карда, ҳадшиносию риояи эътидолро дар тамоми заминаҳои зиндагӣ зарур медонистанд. Занону модаронро мебояд дар шинохту нигаҳдории асолати фарҳанги ниёкон огоҳу масъул бошанд.
Оилаи солим ва иқтисоди устувору муттасил асоси рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошанд. Риоя ва иҷрои ҳадафҳои қонунҳои миллӣ, бешак, барои таҳкими манфиатҳои иқтисодии ҷомеа ва фазои маънавии шаҳрвандон мусоидат менамоянд.
Занон ҳамчун ҷузъи ҷомеаи шаҳрвандӣ барои пойдории оила, беҳбудии рӯзгору ояндаи дурахшони фарзандон масъулу муваззафанд. Татбиқи ин ва дигар қонунҳои ҷумҳурӣ дар раванди кору зиндагӣ бонувонро барои эъмори ҷомеаи саодатманд комёб мегардонад.
ИНОЯТ Саодат Исмат,
сармутахассиси шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон