Перомуни масъалаи шаҳрнишин шудану шаҳрӣ нашудани аксари ҳамватанони мо аз минбари маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» борҳо ҳарфҳое баланд шуданд, ки ба ҳалли ин мушкилот бояд мусоидат мекарданд, вале… шаҳрдорӣ ва дигар ниҳодҳо то ҳол хомӯшанду шаҳрвандон ҳеҷ шаҳрӣ намегарданд.
20 сол аз мустақилияту сохтмони давлатдории навини мо пушти сар мешавад. Бояд тифли мутаваллид дар солҳои аввали сохтмони кишвари соҳибистиқлоли мо 18-20-сола бошаду онҳое, ки дар шаҳри Душанбе ба дунё омадаанд, шаҳрии комил. Яъне, дар муҳити шаҳрӣ (дар назар аст фарҳангӣ) зода шудаву тарбият гирифтаанду ба камол мерасанд. Аммо… воқеият дигар аст.
Бо гузашти 20 сол, бо вуҷуди фаъолият доштани ҳазорҳо дӯкону мағозаву супермаркету бозору мошин-мағозаҳои фурӯшандаи маҳсулоти ширӣ ва ҳатто мошинҳои ширфурӯшие, ки ҳар пагоҳӣ бо «сигнали» ба овози буз монанду дуру дарозашон гӯш кар карда, дар микрорайонҳо ба ширфурӯшӣ машғуланд. Ҳанӯз субҳи барвақт лаҳни дилбеҳузуркунандаи «шииирда бийёоооо»-и занҳову бачаҳо хоби ширини пагоҳии шаҳрвандонро «заҳр» мекунад. Ва тӯли 20 сол боре касеро андешае ба сар намеояд, ки: «кӣ ба ин турфа бозориҳо ҳақ додаст, ки фароғати шаҳрвандонро дағалона ботил кунанд? Кӣ ба марди ҷорӯбфурӯши, маъзарат мехоҳам, саҳроие ҳуқуқ додаст, барои дарёфти 10 сомонӣ як микрорайон одамро, кадом вақте хоҳад ба по хезонад?» Садои «Ҷоорууб, ҷоорууууб, ҷорубда биё»-и ин «савдогарон», ки ақаллан худ деҳқон нестанд, чандин кӯдаконро талхакаф мекунанду мардум намедонанд, чӣ тавр хешро дар хонаи худ аз чунин садоҳои осмонхарош ҳимоя созад? Ин чӣ беодобӣ, чӣ бедодист? Маъзарат, ин чӣ доду фарёдест, ки солҳо субҳи содиқ овози бемаърифативу беҳуқуқии моро ба осмонҳо мебарад? Кадом ҳуқуқ? Ҳуқуқ ба зиндагии инсонвор ва истироҳати одамвор, ақаллан дар хонаи худ. Агар чунин талаб намоем ва ҳуқуқҳои мадании хеш биномем, ба андешаи баъзеҳо, барои «уровный»-и мо шояд каттагӣ тобад?
«Ҷигориии, ҷиигооории, ҷигоридаа-биё!!!» мегӯяд, як (маъзарат мехоҳам барои истифодаи ин истилоҳ) сағирачае ва торҳои асабат канда мешаванду шанбеву якшанбеатро ба маънои истироҳат, аз сарат мемонанд. Мазмун. Хоб рафтаниву кӯфти ҳафтаи корӣ бароварданӣ? Номаъқул кардаӣ! Он «мардум» зиндагӣ дорад, бояд чизе фурӯшад. Ва калонсолон вақт надоранд. Ана ҳамин кӯдаконе, ки дар гармои тобистон бояд дар лагерҳо истироҳат кунанд, бо супориши волидон «савдогарӣ» мекунанд. Ин бача аз куҷо медонад, ки истироҳат чӣ асту савдо чӣ гуна бояд бошад. Ӯ маҷбур аст ба хона пул биёрад. Он дар қиболи асабонияти мардум, ё аз хоб тарсида бедор шудани кӯдакон аст, ё чизи дигар, кораш нест!..
Ба ӯ касе нафаҳмонидааст, ки Душанбе шаҳр асту то ҳанӯз дар кӯчаву хиёбонҳояш тарзи савдои ту дағалтарин ва садои ноҷоят бемаданияттарин рафтору гуфтор маҳсуб мегардаду айб аст. Вайро наомӯзонидаанд, ки харидор ақл дорад, ки шири дар «баклашка»-и ғайрисанитарӣ, «ҷигорӣ»-и дар сатили зангзадаву болояш пашшаҳо сайркунанда ва бо дастони чиркини ту фурӯхташаванда ғайрисанитарианду бояд онҳоро касе, ки ақл дорад, нахарад. Бале нафаҳмонидааст ва намефаҳмонад. Зеро соҳибе нест. Ку милисаҳои ба қавли маъруф «участковой», ки аз ин «савдогар» бипурсанд, ки дар кадом асос, чаро ва бо кадом ҳуқуқ ин корро мекунад? Ку як ҳомии тартибот ё ҳуқуқе, ки бигӯяд «бо ҳамин як ваҷаб қадаш, ба ин бача кӣ ҳақ додаст, ки як кӯча ё як микрорайонро бо фарёд ба сараш бардорад? Наход ин мардум ҳеҷ гоҳ фарҳангӣ намешаванд? Фарҳанги бозору савдои мо ба таври даҳшатовар бемаданиятона асту дорад шакл мегирад, қабул ё «норма» мешавад.
Дар бозор як бандча кабудӣ 70 дирам (баъзе намудҳо масалан, барги салат 1 сомонист) муовини сарвазир Алимардонов, Вазири кишоварзӣ Қ.Қосимов, раиси «Тоҷикматлубот» С.Валиев Президентро дар ҷаласаҳо мӯътақид мекунанд, ки пиёз – 1 сомонӣ, гӯшт – 23 сомонӣ ва баъзе дигар маводи хӯрока он қадар арзон, ки… қариб бепул асту зиндагии мардум олӣ. Пас мо умед мебандем, ки бо чунин андешаи масъулини соҳа дар бозору дар савдо низом мешавад? Дар ҳоле ки бо гузашти 20 сол ҳанӯз дар таги «дом»-ҳо овози хурӯсмонанди зане: «туухууум», «тухууум-да биииёёё!!!» гуфта аз баромади офтоб дарак медиҳад, аз хоб бо тарс бедор шуда, метавон гуфт, ки дар шаҳре дар пайтахти давлате зиндагӣ мекунӣ?
Ин фарҳанги куҷост, ки дар тамоми дунё дигар назир надорад? Чаро ҳомии тартиботе намегӯяд, ки: «Ҳой бача», (мӯйсафед, хола, хоҳар додар…) шояд ин мардум дар ин саҳари барвақт дар хонаҳои хеш хобидан мехостанд? Ҳанӯз, ки соат 5 ё 6-и субҳ аст, шояд хоби кӯдаконро бояд ҳифз кард, аз ин садои гӯшхароши ту? Шояд месазад ба ин савдогарони «бозори овозӣ» касе бояд бифаҳмонад, ки агар ба ин одамон хариде даркор бошад, аз барои савоб роҳи бозору мағозаро худашон медонанд.
Шукр, дар ҳама микрорайонҳо бозорчаҳо мавҷуданд. Ин чӣ фарҳанги савдост: «шииирда, маааалинада, олуууучада, ҷооруубда, туухуумда, ҷиигоооридаа ва ҳар як меваи дигаре, ки аз он мураббо пухта мешавад, ҳамуда «биииё» гуфта гӯши фалак кар кунем? Шояд бигӯем, ки ин ҳама бозорчиҳои овозӣ, касони бемаданияту бефарҳанг ё ба қавли маъруф «қишлоқиянд»? Пас ку соҳибони бомаданияти шаҳр, ки тартибу низомро ҷорӣ намоянду ба ин ҳуқуқвайронкунандаҳо кор баранд?
Ку кормандони идораи санитарӣ-эпидемиологӣ, ки маҳсулоти онҳоро, ки аз лиҳози беҳдоштӣ, ғайрисанитарианд, санҷида, фурӯшашонро манъ намоянд?
Охир-охирон ку як инсони бофарҳанге, ки ба онҳо бигӯяд: « Ҳой мардум, охир мо ки бодиянишин нестем. Дар шаҳри Душанбе зиндагӣ дорему танҳо бо чор гулу панҷ бинои аз пушт харобу аз пеш рангубордода, маданияти тоҷиконро нишон намедиҳем. Охир пойтахт ҳамеша пур аз меҳмон асту ин «садоҳои бозорӣ» ба гӯши онҳо ҳам мерасад. Агар мардуми бечораро дар хонаи шахсияш ҳам осуда нагзорем, биёед ақаллан дар назди меҳмонҳо шармандааш насозем.
Милисаҳои минтақавӣ бояд танҳо баъди дуздиву куштор пайдо шаванд? Гоҳе ки писарбачаҳое ҳамарӯза бо лафзи барои забони тоҷикӣ таҳқиромези «Нёоони қооқ мегирем» маҳаллаҳои шаҳрро ба сар мебардоранд, гӯши онҳо кар аст, ки бишнаванд? Виҷдонашон хуфта аст, ки биандешанд, ки ин ҳам вайрон кардани тартибот аст.
Инсонҳо ҳуқуқ доранд, дар хонаҳои хеш ором зиндагӣ кунанд ва касе инро ҳаққи халалдор кардан надорад. Ин ҳуқуқи конститутсионии онҳост.
Масалан, ман чӣ кор дорам, ки ба кадом бачае «нёони қооқ» даркор аст?! Чаро аз хоб ё тамошои телевизор ё бистари беморӣ бархезаму барои гови он бача нони қоқ таҳия созам? Шояд дар хонаи ҳамсояи ман пири бемор асту ин садо фишорашро баланд мекунад. Шояд зане тамоми шаб тифлашро парасторӣ кардаву хаставу лакот нав сар ба болин гузошта…
Тухм, ҷорӯбу ширу ҷувориву нони қоқ бояд макон, замон ва маданияти хариду фурӯш дошта бошад. То замоне, ки ниҳодҳои марбутаи шаҳр вазоифи хеш иҷро намекунанд, «бозорҳои овозӣ» ва савдогарони ғайриқонуниву зиддисанитарии мо, намунаи олии «маърифати зиндагии шаҳриён» боқӣ хоҳад монд. Новобаста аз он ки мо ба садсолаҳо хешро халқи соҳибтамаддуни кӯҳанбунёд биномем.
Шояд касе эътироз кунад, ки барои сад занаки бозориву дусад кӯдаки «савдогар» нашояд миллат ё шаҳреро чунин интиқод кард? Шояд. Дар ҳоле, ки ин «маданияти савдо» расм намешуду тӯли 20 сол «шииирда бииёёё»-ро аз байн мебурд. Вале…
Баръакс, ин «одоб»-и корӣ ба баъзе ниҳодҳои давлатӣ ҳам гузаштааст. Рӯзҳои шанбеву якшанбе, ки маъмулан инсонҳо бояд истироҳат кунанд, намояндагони идораҳои барқ, об, хизмати коммуналӣ, андоз ва дигарон хона ба хона гашта бо тақ-тақи даҳшатнок ва зангҳои гӯшкаркун аз сокинони шаҳри Душанбе бо пули нақд чунин пардохтҳоро ҷамъ мекунанд. Ин ҳуқуқро кӣ ба онҳо додаасту чаро пардохтҳо то ҳанӯз ба ин тарзи ғайриқонунӣ ҷамъоварӣ мешаванд, суолест матраҳ.
Агар солҳои пеш мо аз бемалол ба дарамон занг задан, ё бе пӯшт-пӯшт зада ба ҳавлӣ даромадани ҷӯгиҳо ошуфта мегаштем, акнун аз ҷӯгигиҳои намояндаҳои баъзе ниҳодҳо оромиш наёбем?
Барои ман ҳамчун як соҳибзабон, соҳибватан ва соҳибмиллат он чи таҳқиромез аст, ки чанд шахси кӯчагӣ (чун онҳо савдогари воқеӣ ҳам нестанд) бо талаффузи қабеҳи таҳқиромез, ҳатто вожаи мӯҳтарами нонро «н ё о о н» талаффуз мекунанд. Ва боз ин ҳама беэҳтиромӣ ба забону ба инсонҳо, дар маркази тамаддун дар пойтахт ҳамарӯза такрор мегардаду касеро парвое нест. Магар ин аст ифтихори милливу шаҳрсозиву ватандорӣ?
Маърифати зиндагии «шаҳриён»-ро ҳанӯз имкони ислоҳ аст, то фардо онро қабулшуда нагардонему оламиёнро нахандонем. Дигар «Шиирда наёянду нёоони қооқ-ро напурсанд». Умед аст, ки шаҳрдорӣ низоми «савдои овозӣ»-ро ҳатман хоҳад ёфт. Ё не?..
Ҳуриннисо Ализода