Умри мо дар деҳаи Пахтакор гузашт, бачам. Деҳаи сарҳадӣ асту мардуми ду соҳили Панҷ рӯзгори якдигарро доим ба мушоҳида мегиранд. Замоне диламон ба аҳволи мардуми афғон месӯхт, ки ҳоли табоҳе доранд, вале тақдири мо низ, ба онҳо монад шуд. Оташи ҷанги таҳмилии бародаркуш дар кишвар аланга зад. Садои тиру туфанг аз ҳар гӯша садо медод. Зимистони сарди соли 1993. Аҳолии деҳа қариб ҳама ба он сӯи соҳил гузашт, мо низ. Кӯдакҳо хурду ман ҳомиладор, рӯзгорамон дар кишвари ҳамсоя бадтар шуд, ки беҳ не, зери хаймаҳои сард хоб мерафтем. Ҳамингуна мо 8 рӯз тоқат карда тавонистему халос. 8 рӯзе, ки 8 солро мемонд, диламон ҳамеша ба ёди Ватан мезад. Тоқатам тоқ шуд, гуфтам, ки ба Тоҷикистон меравам, бигзор як рӯз ё як соат зинда бошам, дар хоки Ватани худам ҷон диҳам, мурдаам ғариб нашавад…
Ҳине ки холаи Шамсихон аз ғарибиҳо мегуфт, чашмонаш ғарқи об мешуданду гиря гулугираш мешуд. Чашм сӯи тирезаи хонааш медӯхт, гӯё аз иморати доштаву ҳавлии гулбасару сабзпӯшаш неру мегирифт. Пас аз фурсате давом дод:
- Баъди ба деҳа баргаштан, писарча таваллуд кардам. Ба умеди рӯзҳои нек, Беҳрӯз номаш гузоштам. Зиндагӣ вазнин буд, нон набуд, мардум сабӯс мехӯрданд. Ба барги хушки себ ва сабзии реза чой мекардем. Кӯдакон шиками сер надоштанд. Вазъият ноустувор буд, ҳар рӯз ба хонаҳо силоҳдорон зада медаромаданд, мепурсиданд, ки мардҳо дар куҷоянд. Ягон шабу рӯз оромӣ надоштем, доим дар таҳлука будем, вале дар як гӯшаи дил қуввату тавон, умеди рӯзҳои хушро мепарваридем. Мисле, ки ҳамин хоку замини Ватан моро руҳбаланд мекард, ҳисси ғарибӣ бисёр дилгиркунанда аст. Ҳавои Ватан ба дилҳои мо неру мебахшид. Хушбахтона, дуои мо мустаҷоб шуд ва фарзанди тавоное ба сарварӣ омад, ки ӯ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд. Бовар дорам, ки ин ном ҳазорсолаҳо дар лавҳи таърих боқӣ хоҳад монд. Ин фарзанди фарзонаи миллат ҷони худро сипар кард, дарду ғами модари тоҷикро аз байн бурд. Ба суроғи гурезаҳои Афғонистон рафт, ки ин корро кадом роҳбар анҷом дода буд? Дар охир офтоби сулҳ аз паси абрҳои сиёҳ шуълаҳояшро сӯи Тоҷикистон дурахшон кард. Дар чеҳраҳои мардум шодӣ дамид. Ғарибӣ кӯи сахт аст, духтарам. Худо ҳиҷ гоҳ нишон надиҳад, - бо эҳсос иброз медорад Шамсихон Холова.
Аз деҳқонӣ то омӯзгориву вакилӣ
Холаи Шамсихон аз хурдӣ мехост, ки маълумоти шарқшиносӣ бигирад, вале он замон на ҳама духтарони деҳот имкони хондан доштанд. Орзуи айёми ҷавониро ӯ ҳамроҳи фарзандон бароварда намуд. Қатори духтаронаш донишҷӯ шуду маълумоти олӣ гирифт, ҳоло дар МТМУ №41-и деҳа дарс мегӯяд. Замоне раиси занони маҳалла буду ҳоло ҳамчун вакили ноҳиявӣ миёни мардум аст.
- Шароити зиндагӣ вазнин буд, писаронам ба муҳоҷирати меҳнатӣ мерафтанд, вале ман кӯшидам, ки духтаронамро хононаму соҳиби маълумот гардонам, то дар оянда азоб накашанд. Бисёр вақт мушоҳида мекунам, ки аксари моҷароҳои оилавӣ аз камбудиву норасоиҳо сар мезананд. Агар зан соҳиби маълумот бошад, кор кунад, ҳеҷ гоҳ ба касе муҳтоҷ намешавад. Хушбахтона, ҳоло замони осоишта зан қадру манзалат дорад. Дар замонҳои мо ё баъди ҷанг духтари касе хонданӣ мерафт, ба падари духтар тамасхурона менигаристанд, ки духтари фалонӣ хонданӣ рафтаст. Ҳоло чӣ? Ҳоло падарон ифтихор мекунанд, ки духтарашон дар мактаби деҳа муаллим ё ҳамшираи шафқат асту ба дарди ҳамдеҳааш дармон мебахшад. Ақидаҳои мардум нисбат ба духтарони хондагӣ дигар шудан дорад. Акнун бисёриҳо фаҳмиданд, ки зани соҳибмаълумот фарзандони хуб ба воя мерасонаду ба оила низ, нафъаш мерасад. Ҳоло аксари хостгорҳо суханро аз он оғоз мекунанд, ки духтаратон маълумот дорад ё не?
50 ҳазор сомонӣ даромад,
тарки муҳоҷират
Дар баробари омӯзгорӣ холаи Шамсихон ба парвариши тарбуз, ҷуворимакка барои дон ва гандум машғул аст. Ҳар сол дар ду гектар тарбуз кишт мекунаду дар муддати се моҳ онро ба бозор мебарорад. Мепурсам, ки чӣ қадар фоида мегиред?
- Агар тамоми хароҷоти яксоларо барорем, 50 ҳазор сомонӣ танҳо аз фурӯши тарбуз фоида мегирем. Як гектар гандум дорем, онро даравида, дар ҷояш ҷуворимакка кишт мекунем. Чанд сол мешавад, ки писаронам тарки муҳоҷирати корӣ намудаанд. Дар Ватан заҳмат мекашанд, бо меҳнати ҳалол рӯз мегузаронанд ва дар таъмини бозори кишвар бо тарбуз саҳм мегиранд. Духтари калониям дар самти тарроҳӣ муваффақ аст. Мағозаи хӯрокворӣ бунёд намуд, шароити зиндагиамон рӯ ба беҳбудист.
Ин модари рӯзгордида аз шароити имрӯз доштааш сарфароз асту ба сӯи хонаҳояш ишора намуда мегӯяд:- Бачам, хонаи чӣ доштем, хокрезаҳо дар сару рӯямон мерехт. Ҳоло шукри сулҳу салоҳ, ки мардум хонаҳои дуву сеошёна доранд, ки ҳамаи ин нишонаи ваҳдату оромӣ аст. Мо бояд ба қадри ин рӯзҳо бирасем. Шогирдону фарзандонамро ёдрас мекунам, ки шумо инсонҳои хушбахтед, ки дар ин гуна шароитҳо зиндагӣ доред. Мо рӯзи дароз дар навбати нон меистодем, ҳоло бозорҳо пури ғизо, танҳо хондану меҳнат кардан даркор аст.
Аз суҳбати хола эҳсос мешуд, ки сарфи назар аз синну сол доим баҳри некуаҳволии оилаву маҳалла талош меварзад. Рӯзгори ин бонуи саодатманду меҳнатдӯст, намунаи ибрати мост.
Фарзона ВОСЕЕВА,
ноҳияи Ҷайҳун