Одатан кӯдакон ифтихор аз модар доштанро байни худ тавсиф мекунанд, ё аз сифатҳои беҳтарини модар сухан меронанд. Воқеан, онҳо ягона муттакои зиндагӣ будани модарро бо ҳамон шуури кӯдаконаашон бештар эҳсос месозанд. Агарчи талош ва саргармиҳои зиндагӣ дар давоми умр думболагир бошанд ҳам, эҳсоси дӯст доштани модар дар ягон синну сол ҳаргиз вуҷуди инсонро тарк нахоҳад кард. Ин ҳолати руҳбахши инсониро ҳангоми муколама бо устоди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, профессор Умарҷон Раҷабов дарк намудем.
Суҳбат водорамон сохт, то бо модари профессор, ки синни муборакашон ба 86 расидаву дар печутоби роҳҳои зиндагӣ, аз гармию сардиҳои рӯзгор чашидааст, мусоҳиб бошем. Воқеан, рӯзгори Сангинмоҳ Мирова ибратбахш буда, ҳар сафҳаи он пандест барои ҷавонон, бахусус навхонадорон, ки имрӯз боиси ташвишу нигаронии аҳли ҷомеа гаштааст.
Чанд сафҳае аз зиндагиномаи модари барнодил, ки ёдовар шуданд…
Модари 10 фарзанд
Ҳанӯз ба синни 16 нарасида будам, ки волидон ба ҳаёти мустақилона гуселам намуданд. Беш аз 70 сол аст, ки сокини деҳаи Навободи Ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Ҳисор ҳастам.
Шавҳарам иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 - 1945 буд ва аз майдони ҳарб бо китфи тирхӯрда баргашт. Ӯ бо модарӯгайи пиру касалмандаш мезист ва рӯзгори одию камбағалона доштанд. Аслан зиндагии баъдиҷангии мардум камбағалона буд ва барои онҳое, ки дастёр надоштанд, пешбурди рӯзгор сангинтар паси сар мешуд. Хонаводае, ки акнун қадам ба даргоҳи он ниҳодам, ҳамин минвол зиндагӣ ба сар мебурд. Тахти арӯсӣ надоштем, тоқии арӯсӣ ба сар наниҳодаам ва рӯи фарши кулбаи хоксоронаамон палосе набуд.
Ёд дорам, соле пештар аз арӯсиам, дар мавсими пахтачинӣ раиси колхоз бароям қанор (халтае калонтар аз ҷувол, ки дар он пахта ва коҳ ҷо мекунанд) туҳфа намуд, ки қиматаш болотар аз ҳама чиз буд. Қанорро ранг зада, рӯи хонаи арӯсӣ партофтам. Гоҳе мутаассиф мешавам, ки чаро навхонадорони имрӯза аз тамоми шароитҳо баҳраваранд, вале тоқату сабр ба камбудиҳои ночизи рӯзгордорӣ надоранд?
Волидон то охирин ҷиҳози хонаро барои навхонадорон муҳайё месозанд, ки ҳатто он метавонад як умр дар рӯзгор истифода шавад. Дигар ҳоҷат ба заҳмат кашидан барои ободии оила намемонад. Албатта, ин ҳолат яке аз омилҳои пошхӯрии оилаҳо шуда метавонад, зеро волидон ба фарзандон меҳнат карда, «нон» хӯрданро намеомӯзанд. Ба қадри заҳмати падару модар намерасанд…
Бо муомилаи хуш, сабру таҳаммул ба камбудиҳои рӯзгор, ҳамдигарфаҳмӣ ва муҳаббати самимӣ аввалин пойдевори оиларо гузоштем. Бо гузашти вақт аз зиндагии ҳамҷоя соҳиби 10 фарзанд шудем. Шавҳарам то охири умр (24 сол бо ҳам зистем) дар мағозаи деҳа посбон буд. Ҷароҳате, ки аз тири душман бардошт, ӯро бармаҳал аз мо бурд. Бо дами каланд нон пайдо намуда, фарзандонро ба воя расондам ва то ҳадди имкон барои соҳибкасб шуданашон заҳмат кашидам. Дар баробари ин, дар мағоза фаррошӣ ва барои бонувони пахтачини колхоз хӯроки нисфирӯзӣ омода менамудам. Бо сахтиҳо фарзандон калон шуданд…
Очаи профессор
Барои фарзандонам амакашон, ки омӯзгор буд, намунаи олӣ маҳсуб меёфт. Ӯ аз пушти пеша обру ва эътибори хосса миёни мардуми деҳ дошт. Зиндагии хубу осудааш орзуи ҳар кас буд. Ба фарзандон талқин менамудам, то дониш андӯзанд ва чун амаки муаллимашон соҳибмартаба гарданд. Барояшон аз китобхонаи колхоз китобҳои бадеӣ меовардам ва водорашон менамудам, ки вақти холиро сарфи китобхонӣ намоянд. Шабҳои дароз гирди чароғи хираи карасинӣ нишаста, китоб мутолиа менамуданд. Байни писарон Умарҷон бештар ба хондан шавқу рағбати беандоза дошт ва бештар ба завқи бародарашон хоҳарону додарон пайравӣ менамуданд. Ҳамин буд, ки яке муаллим шуду дигаре барқчӣ, сеюмӣ ҳуқуқшинос… Вале Умарҷон ҳаёти худро ба илм ва пажӯҳиш бахшид. Ифтихор дорам, ки маро дар деҳ «очаи профессор» ном мебаранд.
Бибии 50 набера
Шукр мегӯям, ки мушкилиҳо паси сар шуданд ва имрӯз зиндагии шоиста насибамон гаштааст. Рӯзҳои иду ҷашнҳои хурсандӣ гирди як хон ҷамъ меоем ва ин ваҳдати хонаводагиро аз сулҳу оромии кишвар медонем. Вақте ҳини маъракаҳои хурсандии хонаводагӣ ба ҳам меоем, фарзандон ва 50 набераҳои дӯстрӯро дар атрофам мебинам, худро хушбахт ва бардаму солим эҳсос менамоям. Магар аз ин дида бахти баланде насиби кас мешавад? Оромӣ, пурии дас¬тархон, чеҳраҳои шукуфони мардум ва садои хандаи беғаши хурду калон ҳама нишонаҳои хушбахтии инсон аст, ки шукр имрӯз моро насиб гаштааст.
Заҳмату талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ободии Ватан беҳудуд аст. Сарҷамъ ва ба ободкорӣ сафарбар намудани мардум кори саҳл набуд, зеро халқи роҳгумзадаро ба роҳи рост ҳидоят кардан истеъдоди хоссаро тақозо дошт, ки инро Сарвари давлат дар равиши роҳбарӣ ба кор андохтанд.
Се фарзандам сокини шаҳри Душанбест ва ҳар гоҳе ба меҳмониашон равам, ҳатман ба тамошои гулгаштҳои пойтахт мебароем. Аҷаб зебою дилрабоянд кӯчаҳои шаҳр, ки аз дидани онҳо чашму қалб ҳаловат мебаранд. Зиндагии имрӯза барои мане, ки ҳеҷ роҳатеро надида будам, тасаввурнокарданист…
АНОҲИТО