Ҳанӯз духтараки навраси мактабхон буд, ки дар тамоми чорабиниҳои фарҳангӣ ширкат меварзид. Ровии хуб буду чеҳраи зебое ҳам дошт. Аъзои маҳфили «Дӯстии интернатсионалӣ» буданаш боис шуд, ки дар фестивалҳои дӯстонаи овони мактабӣ, дар ҷумҳуриҳои Литва, Украина ва вилояти Калинингради Федератсияи Россия иштирок намуда, бо санъати воло ҳамсолони хориҷиашро тасхир созад. Ҷое қироати шеър мекард, ҷое суруд мехонд ва ҷое бо маҳорати хосса мавзун мерақсид.
Робия Салимова аз соли 2016 директори Осорхонаи таърихӣ- кишваршиносии ноҳияи Файзобод мебошад. То ҳине ки аз боби сарвариаш бигӯем, бори дигар ба сафҳаи кору рӯзгораш дида медӯзем. Робияро, дар баробари аҳли адабу фарҳанг буданаш, дар Файзобод ҳамчун телефончидухтар мешиносанд. Ин вазифа дар замони шуравӣ масъулияти баландеро бар дӯш дошт. Инсонҳои ниёзмандро тавассути телефон аз шаҳре ба шаҳри дигар, аз кишваре ба кишвари дигар мепайваст. Хусусан, аскарбачаҳои тоҷик, ки берун аз кишвар, дар ҷумҳуриҳои бародарӣ адои хизмат мекарданд, ниёзи суҳбат бо волидонро доштанд. Дар баробари корманди шуъбаи алоқа будан, Робия баъдан низ, дар чорабиниҳои фарҳангӣ иштироки фаъол дошт. Аз ровиёни аввали барномаи хабарии «Ин ҷо, Файзобод» буд. Сомеонаш садои фораму гӯшнавозашро бесаброна интизор мешуданд. Робия Салимова соли 1999 ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Модари сол» гашта, соҳиби шоҳҷоиза ва роҳхат ба шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Арабро ба даст овард. Ӯ аз сафар бо як ҷаҳон таассурот баргашта, хотираҳои рангини хешро тавассути рӯзномаи маҳаллӣ ва дар вохӯриҳояш ба хоҳарону модарон баён дошт.
Бо пайдо шудан ва дар муошират қарор гирифтани телефонҳои мобилӣ Робия, баробари садҳо мутахассисон ҷои кори худро аз даст дод, вале маҳорати баланд, завқу шавқи ҳунар ва малакаи корӣ ӯро аз миёни мардум дур накард, баръакс вақти зиёдтар барои сарф намудани ҳунари хешро пайдо намуд. Дар ин миён Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро бо ихтисоси мудирият хатм намуда, маълумоти олӣ гирифт. Дар зинаҳои гуногуни мақомоти маҳаллӣ фаъолият кард. Соли 2004 дар ҳамоиши умумиҷаҳонии «Замин - Модар», дар шаҳри Турини Итолиё баробари панҷ ҳазор намоянда аз 120 давлати дунё иштирок ва бо таассуроти бой баргашт. Робия дар филмҳои истеҳсоли «Тоҷикфилм» бо номи «Пайванди шикаста» ва «Нишони зиндагӣ» низ, нақш офарида, сазовори баҳои баланд гаштааст. Шеъру таронаҳои офаридааш ҳам, ба ҳаводорони шеъру суруд писанданд.
***
Аълочии матбуоту фарҳанг ва узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон буданаш аз завқи баланди эҷоду шефтаи фарҳанг буданаш гувоҳ аст. Ӯйи инъомҳои бо заҳмати зеҳнӣ ба даст овардаашро чун ранҷу обилаи дасти деҳқон ҳифзу қадр мекунад ва ҳоло низ, аз ҷабҳаи фарҳангу ҳунар дур нест. «Робия бештар дар симои Зан - Модар нақш меофарад ва аз уҳдаи он хуб ҳам баромада метавонад», - мегӯяд яке аз собиқадорони театри маҳаллии ноҳияи Файзобод Ҳабибулло Мирзошарифов. Роҳбарияти ноҳия кӯшишу кордонӣ ва аҳли адабу фарҳанг буданашро қадр намуда, ӯро директори Осорхонаи таърихию кишваршиносии ноҳияи Файзобод таъин намуданд. Ин Осорхона соли 2011 зимни сафари кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ ёфтааст. Дар Осорхона ӯ 1500 нигораи гуногунро гирд овард, баъзеи бозёфтҳо аз таърихи 3000-солаи Вашгирди бостон нақл менамоянд. Ҳине, ки бо Робия суҳбат доштем, гурӯҳе иборат аз ҷавонписарону духтарон вориди Осорхона шуда, ба нигораҳо бо мароқ дида медӯхтанд. Ва ӯ фурсате ба роҳбаладии ҳозирон пардохт: «Таърихи Вашгирд - Файзободи куҳан дар нахустин китоби рӯйи олам, «Авесто» ва «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Тоҷикон» -и Бобоҷон Ғафурову садҳо рисолаҳои илмию таърихӣ зикри худро ёфтааст…».
Робиябону Осорхонаро бо гӯшаҳои «Вашгирди қадим», «Имрӯзи Файзобод», «Файзи Истиқлол», лавҳаҳои фарҳангу тандурустӣ, варзишу кишоварзӣ, дастхатҳои арбобони илму ҳунар ва расму мусаввараҳои иштирокчиёни ҷангу манзараҳои зебои Тоҷикистон хубу диданӣ оро додааст. Меҳмонони хориҷӣ, дар баробари тамошои ҷою макони таърихии ноҳия аз Осорхона низ, дидан намуда, бо роҳнамову варақаҳои иттилоотӣ аз ҷониби масъулони даргоҳ таъмин мешаванд. Соли 2017 Осорхонаи таърихиву кишваршиносии ноҳияи Файзобод дар Озмуни ҷумҳуриявии «Дар оинаи таърих» иштирок кард ва соҳиби ҷои дувум гашт, ки ин масъулияти директорро дучанд намуд.
Рустами НАЗИР