Чашмам ба ӯ меафтад. Метозад ҳар сӯ, пайи анҷоми корҳои ба зиммааш гузошта. Ҷавону кордон, пурҳунару пурталош. Аз ниятам воқиф гашта, ба ҳуҷраи кориаш мехонад. Бо чеҳраи маҳину андешаҳои рангин оғоз мебахшад суҳбатро.
Ӯро ном аст Ситора, 35 сол дорад. Дар ноҳияи Восеъ ба воя расидаву мактаби миёнаро то синфи 4 дар он макон идома бахшидааст. Бо тақозои касби падар кӯч мебанданд ба марказ – шаҳри Душанбе. Пас аз хатми синфи 9, ба хотири соҳибтахассус гардидан, шомили Литсейи касбии алоқаи шаҳри Душанбе мешавад ва ин боргоҳро бо ихтисоси барномасоз хатм менамояд.
Баҳри идомаи таҳсил ба макотиби олӣ роҳ гирифт. Чун аз хурдӣ шавқ дошт ба мутолиа ва хонандаи пайвас¬таи матолиби падараш, журналисти номдор Нозирҷон Ёдгорӣ буд, меҳр ба ин касб дар қалбаш ҷӯш мезад. Ин меҳр мебарад ӯро ба пешаи рӯзноманигорӣ.
Дар оғоз чун мактаби бузурги падарро мегузашт, маҳз қиблагоҳ барояш намуна буду шоистаи пайравӣ ва ҳадаф дошт, то ба пайроҳаи падар раваду дар самти баррасиву рафъи масоили доғ хома гирифта, рӯзноманигориро пеша кунад.
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон назокатҳои рӯзноманигориро андӯхт. Чун замони донишҷӯӣ бештар дар ШСХК «Барқи тоҷик» таҷрибаомӯзиаш сипарӣ мегардид ва падар низ, дар он ҷо фаъолият дошт, корро аз ин боргоҳ оғоз бахшид. Дар соли 3-юми таҳсил ба хотири донишҳои назариявиашро бо амалия тавъам бахшидан, ба бахши ғоибонаи факулта гузашта, ҳамчун хабарнигори умури матбуоти ширкати «Барқи тоҷик» фаъолияташро идома мебахшад.
Дар зарфи ду соли корӣ нозукиҳои пешаи рӯзноманигориро аз бар менамояд. Кордониашро ба назар гирифта, дар ин ниҳод ӯро ҳамчун мутахассис, мутахассиси пешбари шуъбаи умумии Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика»-и шаҳри Душанбе таъин менамоянд. Чун аз нозукиҳои соҳаи энергетикаи кишвар бохабар буд, кор барояш душворӣ надошт.
-Дар аксар ҳолат волидон сабаб мешаванд, то дар замири фарзанд пешаи интихобкардаи онҳо ҷой гирад. Ҳам аз рӯйи касби падар ва ҳам модар фаъолият бурдаам гӯям, хато намешавад. Чун модарам собиқ корманди МД «Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика»-и шаҳри Душанбе буданд, замони фаъолияташон аллакай то андозае нозукиҳои ин соҳаро аз модар омӯхта будам. Аз ин лиҳоз, бароям кор дар ин идора осон буд ва дар сурати пеш омадани ягон мушкилӣ аз модарам машварат мепурсидам, - иброз медорад Ситора Ёдгорова.
Вай аз он меболад, ки дар зиндагӣ омӯзгорони хуб - падару модарашро дорад. Онҳо ӯро на танҳо бо сухан, балки бо рафторашон низ, тарбият намудаанд. Зиндагӣ ва кору пайкорашон барояш дарси ибрат аст.
Зиракиву дониши баланд, диди нозук ва забондониаш сабаб мешаванду дар як муддати кӯтоҳ ӯро тарҷумони забони русии шуъбаи тарҷумонии муассисаи мазкур таъин мекунанд. Пас аз даҳ соли фаъолияти тарҷумонӣ тарҷумон-мутахассиси пешбари шуъбаи мониторинги муҳити зист ва масъалаҳои иҷтимоӣ таъин мешавад.
Ситора талош меварзид, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳои роҳбари коргоҳ, фаъолияташро бо як назокати касбӣ ва тамоми ҷузъиётҳо сомон бидиҳад. Дар зиндагӣ покӣ, дар гуфтор ростӣ, дар рафоқат ҷонфидоӣ, дар кор масъулияти баланд, дар ободгароӣ иқдомпазирӣ ва дар миёни ҳамкорон ҳамгироиро шиори худ карда буду ҳанӯз ҳам бо ин шиор амал дорад.
Баҳри сайқал додани донишу маҳораташ дар чанде аз семинару конфронсҳо ширкат варзида, соҳиби сертификат гардидааст. Бо ин мақсад, дар яке аз семинарҳои омӯзишӣ, ки дар Ҳиндустон доир шуда буд, беш аз 10 рӯз табодули таҷриба намудааст. Инчунин, сафарҳои кориаш ба хориҷ аз кишвар низ кам нестанд. Чун дар мавриди кишварҳои хориҷ сухан рафт, аз ҳамсуҳбатам мепурсам, ки аз диду назари ӯ миёни кормандони ҷавони хориҷиву кишвари мо чӣ тафовут дида мешавад? Ҷиҳати соҳибкасбу муваффақ шудани ҷавонони мо чӣ чиз ҳаст ва чӣ намерасад?
-Аввалан, дар хориҷа ҷавонон вақтро сарфакорона истифода мебаранд ва қариб, ки вақти холӣ надоранд. Касби худро дӯст медоранду содиқона онро анҷом медиҳанд. Баъдан, яке аз омилҳои нигаронкунандае, ки аксари вақт садди роҳи муваффақ шудани ҷавонони мо мегардад, ин надоштани мақсади муайян ва майл ба касб аз давраҳои мактабист. Аз ин рӯ, ҷавонон бояд аз замони таҳсил дар мактаби миёна пеши худ мақсади муайян гузоранд ва баҳри амалӣ намудани он тамоми кӯшишу талоши худро равона созанд, - чунин посух медиҳад ӯ.
Воқеан, эҳсос мегардад, ки ӯ сарсупурдаи касби хеш асту ҳар лаҳза пайи омӯзиш. Чун ба қавлаш, комёбӣ аз дӯст доштани касби худ сарчашма мегирад. Инсон бояд дар соҳааш фидоӣ бошад. Ҳамеша пайи ҷустуҷӯ ҷиҳати рушди малакаи касбӣ ҳаракат намояд.
Дар ҳаёту рӯзгор кам касонро вохӯрдан мумкин аст, ки умре равонаи роҳе шаванду бо бурду бохташ ҳамнафас, аммо ӯ аз ҳамон замоне, ки мутахассиси соҳаи энергетика гардид, анқариб 15 сол бо ҷӯшу хурӯш саҳмгузори ин соҳа аст. Ҳар соле таҷрибааш бештар мегардаду дар роҳи баргузидааш боз ҳам самимитар пайи фаъолият мешавад. Чун маркази болозикр, ки бештар бо соҳаи энергетика сару кор дорад, мебояд аз навгониҳои соҳа ҳар лаҳзаву соат бархӯрдор буд.
Номбурда аз моҳи январи соли равон сардории шуъбаи умумӣ ва назорати марказро бар дӯш дораду боз ҳам пайи сайқали таҷриба аст. Ӯ, ҳамчунин, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ихтисоси менеҷмент ба итмом расонд, зеро фаъолият дар марказ тақозо менамояд, ки корманд аз тамоми ихтисосҳои пешрафта бархӯрдор бошад. Ситорабону алҳол вақтҳои холии хешро баҳри омӯзиши забони англисӣ сипарӣ месозад.
Бунафша РАҲМОНОВА