Очагул Ҳусейнова 8-уми марти соли 1917 дар деҳаи Мазори Шарифи шаҳри Панҷакент ба дунё омадааст. Имрӯз ин бибии нуронӣ 106 - умин баҳори умри пурбаракати хешро пешвоз мегирад. Пас аз ба шавҳар баромаданаш дар деҳаи Урметани ноҳияи Айнӣ муқимӣ мегардад. Маҳз Очагул Ҳусейнова аввалин Комбинати хизмати маиширо дар ин деҳаи калонтарини Тоҷикистон таъсис медиҳад ва 34 сол онро роҳбарӣ мекунад.
- Аз хурдӣ ба дӯхту дӯз шавқ доштам. Падарам раиси колхоз, шахси сарватманд буданд. Дар хона дар баробари патефон, дастгоҳи дарздӯзӣ низ доштем. Аввалин маротиба галифе ва кители падарамро дарз ба дарз канда аз онҳо колаб бурида пасон нусхаи на камтар аз аслро ба падарам пешкаш намудам. Падар пай ҳам набурд, ки костюми навашро ман дар хона бо мошинаи одии дӯзандагӣ тарроҳӣ намудаам. Ҳамин тавр, бурандаю дӯзанда шудам. Баъд аз оне, ки ба марди урметанӣ ба шавҳар баромадам, дар он деҳа аввалин коргоҳи дӯзандагиро таъсис додам ва занони маҳалро бо шуғли дӯзандагӣ фаро гирифтам. То даври нобасомониҳои солҳои 90-ум коргоҳ пурра фаъолият мекард, - қиса кард бибии куҳансол.
Шавҳараш барои пешрафти кори ҳамсараш дар баробари омӯзгорӣ устои дастгоҳҳои дӯзандагӣ шуда буд. Ҳарчанд ариза навишту бо хоҳиши худ ба фронт рафтан мехост, аз комиссариати ҳарбӣ рад мешуд, зеро омӯзгори хонандагони деҳа будан муҳимтар аст, мегуфтанд. Якҷо аз бозорҳои Самарқанд, Сталин¬обод, Тошкент, Қӯқанд матоъ меоварду ҷомаву камзӯл, курта, шиму костум медӯхтанд. Барои домодшавандаҳо миёнбандҳои заминдӯзӣ, рӯймолчаҳои бигиздор, барои арӯсон ҷияк ва аз парчаи сафед куртаҳои арӯсӣ омода мекарданд. Шавҳараш Ҳасанбой Ҳусейнов 40 сол омӯзгори деҳаи Урметан буд. Баъдан раиси хоҷагии ҷангал шуд. Тавре бибии Очагул гуфт, шавҳараш 103 сол умр дидааст.
- Лаҳзае бекор набудем. Солҳои Ҷанги Бузургӣ Ватанӣ дар мавсими гандумдарав ба дарави ғалла мебаромадем. Шабҳои маҳтобӣ зери лаб ғазалу рубоӣ сароида гандуму ҷав, зағиру алаф медаравидем. Солҳо солҳои гуруснагӣ буданд. Баъди ҳар як дарав назди биргад домону остин метакидем то як дона гандум дар либосу ҷайбамон намонад. Агар ягон дона ғалла дар барамон меёфтанд, танбеҳи сахт мегирифтем, зеро ҳама чиз барои фронт, барои ғалаба мерафт. Қоқи себу зардолу, туту чормағз, донаку қурут ҷамъ оварда, аз пашми ресидаи гӯсфандон ҷуробу дастпӯшак мебофтем ва ба ҷабҳа мефиристодем.
Аз рӯзгори сахти чавонӣ, босмачигариву бесариву бесомониҳо аз ҷанги гирмон ёдовар мешавад. Аз хӯрдани решаи гиёҳу алаф, нони ҷавину зағора, камбуду норасоӣ, хунукӣ ва душвориҳои рӯзгор бо алам қисса мекунад. Модарам 14 фарзанд таваллуд карданд, аз он панҷ нафар мондем, - мегӯяд бибӣ. Ҳарчанд падар раиси колхоз буданд, аҳли оила дар саҳро арақи ҷабин мерехтем. Колхозчӣ будем. Тамоку мекиштем, кирмак мепарваридем, боғу чорводорӣ мекардем.
Аз пашми нарму суфтаи гӯсфанд ришта мересидем. Шолчаву гилемҳои патбаланд, ки мо ҷулхирсӣ мегӯем, мебофтему намад мерехтем. Шаб то саҳар суманак мепухтем, сурудхонӣ карда, корҳоямонро ба сомон мерасондем.
Бибии ҳушманд то ҳол шеъру рубоӣ мехонаду даф менавозад. Аз гузарҳои Лангар, Гузари Боло, Чойхона, Дастлуқ, Масоқун ва Исковад дар рубоиҳош ёдовар мешавад. – Дар солҳои ҷавониям дойраро касе мисли ман бозӣ намедоронд, зеро мани чапдаст садои зарбро ба зайли дигар мебаровардам. «Эй шаҳи навчадомод базми шумо муборак, Вақти шукуфтани гул бо гулрухон муборак», - бо табассум месарояд бибӣ.
Тавре набераҳо мегӯянд, бибии ҳунарманд барои ҳар яки онҳо намаду гилем бофта дар тӯйҳошон туҳфа намудааст. Барои тахти арӯсии набераҳо кӯрпаву кӯрпача, болишту лӯлаболиштҳо дӯхтаанд, ки хонадони ҳар яки онҳоро имрӯз зеб медиҳанд.
Аз таомҳои маҳаллӣ омоч, тӯпа, угро, бурак, фатирмаска, атолаи нонпотак, ки худ омода мекунад, гуфт.
- Атолаи нонпотак, яъне қаймоқи рӯи табақро таф дода, баъди баромадани равғанаш гӯшту пиёзро мезирбонем ва баъди хуб сурх шудан об рехта, дам мепартоем. Ин хӯроки серғизост ва бештар онро дар фасли тирамоҳу зимистон омода мекунем. Чапотиҳои мо каме ғафстаранду об намезанем, лочура мегӯем, ки онро ҳар як кадбону бояд пухта тавонад. Кулчачаҳо барои тӯшаи роҳ шулабиёр ном доранд. Хамирашро бо ширу равған сахт мешӯрем. Зуволаҳоро аз кулчаҳои муқаррарӣ 2–3 маротиба хурдтар мегирему себак мекунем. Гирди зуволаро гардонда - гардонда оро медиҳем ва дар танӯр, дар оташи паст мепазем, то дар роҳи дур вайрон нашаванд, - мегӯяд бибии ҳунарманд.
Алифбои форсӣ, лотинӣ ва кириллиро балад аст. Алҳол набераҳову абераҳо барояш чизе мехонанд.
– Баланд - баланд хонед мегумшон, шунавоим суст шудаст, нури чашмонам низ каме хира гашта.Шукри Худо аз фарзанди яккаву ягонаам Давлатмоҳ 5 набера, 17 абера ва 3 чабера дорам.
Доимо дар намозҳоям дар баробари фарзандону наздикон аввал дар ҳаққи Президентамон дуои хайр мекунам. Чи қадар ободиҳо шуда истодаанд. Роҳро намегӯед, дар як они воҳид аз дилхоҳ гӯшаи Тоҷикистони азиз ба пойтахт расида меоед. Нақб кушоданду ағбаҳоро шикофтанд, то мо осуда ва тез ба маконамон расем. Пешравиҳову навовариву навгониҳо назаррасанд. Дар ҳар як ҷашну идҳо бо супориши Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулон ба аёдатамон меоянд. Аз имтиёзу дастгириҳои давлату Ҳукумат ҳамеша бархӯрдорем, - мегӯяд бибӣ.
Очагул Ҳусейнова дорандаи чандин ордену медал ва ифтихорномаҳои замони шуравист. Маслиҳатгари фарзандону наберагон. Ҳоло ҳам дасти гирову пои раво дорад. Ҳушмандасту то ҳол ҷомаҳоро бе айнак худ пора мекунад. Меҳнатдӯстиву меҳанпарастӣ ва дӯст доштани зиндагиро дар замири пайвандон ҷо мекунад.
Д. САФАР