Мегӯянд, ки ҳар киро баҳри коре сохтаанд. Воқеан, инсони соҳибдонишу боистеъдод барои муваффақ шудан дар ин ё он ҷода талош меварзад. Абдуллозода Лайло Абдуллоро пас аз солҳо ҳамон истеъдоди модарзодӣ ба кори омӯзгорӣ овард. Шавқи пешаро модари омӯзгораш бо шири сафедаш дар вуҷуди ӯ ҷо намуда буд.
Лайло, дар баробари панҷ хоҳарон, ки пешаи омӯзгориро аз модар мерос гирифтанд, ӯ низ, ба Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ шомил гашт, онро соли 1999 хатм намуда сазовори номи пуршарафи муаллим шуд. Муддате аз фанни забон ва адабиёти тоҷик дар муассисаи таълимии зодгоҳаш ба шогирдон дарси адаб омӯхт. Ифтихор аз пеша намуда, мегӯяд, ки корро аз омӯзгорӣ оғоз кардаасту пешаи пуршарафашро дӯст медорад.
Сипас, аз шавқ доштан ба кори мақомоти ҳуқуқ ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон супурд. Ба хотири васеъ намудани донишу малака ва азхудкунии роҳу равиш ва маърифати роҳбарӣ Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ихтисоси «Идоракунии давлатӣ» хатм кард.
Бо тақозои вазъи хонаводагӣ тағйири ҷойи зист намуд. Зарурати ба кори дигар гузаштан ҳам пеш омад. Соли 2007 дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ҳамчун мутахассиси пешбари шуъбаи умумӣ фаъолияташро оғоз кард. Солҳои 2007 - 2012 мудири шуъбаи умумии мақомоти мазкур буд ва аз соли 2013 мудири Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ таъин гардид.
-Баъди чанд соли дур шудан аз пешаи омӯзгорӣ, соли 2016 аз нав ба ин самт пайвастам, зеро дар ҳар ҷодае фаъолият намудам, бароям аз омӯзгорӣ дида коре ҷолибтару шавқмандтар набуд. Баъдан, директори хонаи кӯдакони шаҳри Турсунзода шудам. Алҳол, ба симати мудири маорифи шаҳр фаъолият дорам, - мегӯяд Лайло Абдулло.
Илм омӯз, рӯзе ба кор ояд…
Замоне наврас будем, волидон бо мақоли «Аз гаҳвора то гӯр илм омӯз» талқин ба хондан менамуданд. Ростӣ, ба ин гуфтаҳо чандон аҳамият намедодам ё шояд ба ин гуфтаҳо сарфаҳм намерафтам. Баъдан дар ҷараёни кор эҳсос кардам, ки воқеан, ҳар чизе дар зиндагӣ кас меомӯхтааст, барои пешбурди кор мисли дастурест ва ҳеҷ асбобе натавонад онро иваз намояд. Таҳсил дар факултаи ҳуқуқ роҳеро бароям боз намуд. Тавонистам дар ҳалли мушкили кормандон кумаки худро расонам ва чун роҳбар ҳуқуқи муаллимонро дифоъ созам. Шоҳидем, ки ҳанӯз ҳам, агарчи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба тасвиб расидаву мавриди амал қарор дорад, аксар байни омӯзгорону волидон нофаҳмӣ ба вуқуъ мепайвандад. Дар чунин бархӯрдҳо падару модарон омӯзгоронро дар тарбия ва таълим гунаҳгор меҳисобанд, ки боиси паст шудани обрӯю эътибори муаллим мегардад, - иброз медорад мудири маориф.
Таҳсил дар ихтисоси «Идоракунии давлатӣ» роҳу усул ва маърифати роҳбариро барояш омӯхт. Ба гуфтаи ҳамсуҳбатам, дар он мавриде шахс ҳамчун роҳбари асил метавонад муваффақ шавад, ки аз мактаби роҳбарии нафарони бузургу фидои роҳи адолату садоқат сабақ гирифта бошад. Мутаассифона, баъзан ба курсии роҳбарӣ омадани бархе аз нафарони тасодуфӣ байни роҳбару коргар муноқиша ва нофаҳмиҳо рух медиҳанд.
Мушкилӣ дар минтақа
Дар ҳар минтақа ё шаҳру навоҳӣ дар баробари мушкили рӯзмарра, инчунин, вобаста ба ҷойгиршавии ҷуғрофиашон проблемаҳое ҳастанд, ки боиси нигаронӣ мебошанд. Дар шаҳри Турсунзода, бахусус дар самти маориф, мушкиле, ки ҷой дошт, ин ба мактабҳои олӣ ҷалб намудани хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ буд. Азбаски аксари хонандагон дар муассисаҳо бо забони ӯзбекӣ таълим мегирифтанд, шомил шуданашон ба Маркази миллии тестӣ душворӣ пеш меовард. Яъне, мушкили ҷавонон дар надонистани забон буд.
- Аввалин коре, ки дар ин самт ба анҷом расондем, ин беш аз 200 омӯзгорро барои гирифтани маълумоти олии педагогӣ бо забони тоҷикӣ омода кардан буд. Аксари омӯзгорон дар замони шуравӣ таҳсилдидаи мактабҳои олии ӯзбекӣ буданд ва ҷалби онҳо ба мактабҳои раванди таҳсилаш бо забони тоҷикӣ мушкил эҷод менамуд. Дар соли 2021 беш аз 80 дарсади омӯзгорон ба шуъбаҳои ғоибонаи факултаҳои Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ шомил шуда, таҳсил доранд.
Сипас, роҳи дигаре, ки пеш гирифтем, тариқи хона ба хона рафта, дар бораи ҷалби фарзандон ба мактабҳои тоҷикӣ бо аҳолӣ суҳбат намудем. Ба онҳо фаҳмондем, ки таҳсили фарзандон дар муассисаҳои таълимашон бо забони тоҷикӣ ба хотири ояндаи онҳост. Ин усул натиҷаи хуб дод.
Боварам аст, ки дар оянда шумораи донишҷӯёни мактабҳои олии ҷумҳурӣ аз ҳисоби ҷавонони шаҳри Турсунзода меафзояд, - мегӯяд ҳамсуҳбатам..
Рушди соҳа
Дар шаҳри Турсунзода 128 муассисаи таълимӣ бо фаро гирифтани 69 ҳазору 246 хонанда фаъолият дорад, ки 33 ҳазору 594 нафараш духтар мебошад.
- Шуъбаи маорифи шаҳри Турсунзода ба масъалаҳои устувор гардондани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, назорати азхудкунии донишҳои замонавӣ, аз ҷумла ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ, риёзӣ, омӯзиш ва такмили забонҳои русиву англисӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир менамояд.
Дар давоми соли таҳсили 2022 - 2023 беш аз 130 семинар - машварати дастурдиҳӣ бо омӯзгорони фанҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Турсунзода доир кард, ки дар онҳо 140 мавзуъ дида баромада шуда, 412 соат дарсҳои омӯзгоронро таҳлил намуда, барои боз ҳам беҳтар гузаштани дарсҳо маслиҳатҳои методӣ дода, 133 кори беруназсинфӣ гузаронда шуд.
Ояндаи ҳар миллат ба рушди соҳаи маориф вобаста аст. Имрӯз, ки тамоми кӯшишу талошҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри пешравии ин соҳа равона шудааст, мебоист маорифчиён дар ин раванд саҳми бештаре дошта бошем, - гуфт дар охир Лайло Абдуллозода.
Қутбия ЗИКРИЛЛОЕВА