Боварнокарданист, ки ин бонуи хуршедрӯву фариштахӯ, ки ба доди 82-солагӣ расидааст, ончунон дили бузург дорад, ки замоне дарманзиликӯчаки худ 20 ҳамсабақи писарро ҷой дода, баъдан шаш донишҷӯдухтар ва ҳафт ятимро модарвор зери бол гирифтаву
парасторӣ кардааст.
Қурбонбибӣ Ҳалимова, сокини кӯчаи Хоразми шаҳри Душанбе овони арӯсӣ дар шафати Кохи Борбад, дар ҳавлии одие ҳаёти муқаррарӣ дошт. Дар шифохона тозакорӣ мекарду то оғози кор пушти чойхонаи «Роҳат», ки ҳамагӣ як соат бозор метасфид, пиёда роҳ мепаймуду кабудӣ мефурӯхт. Бад-ин минвол ду писару чор духтар ба дунё овард, аммо кас вақте аз хулқу атвор, аз амалҳои хайру инсондӯстӣ ва аз саховату эҳсони ӯ воқиф мегардад, ҳайратзада аз умқи тинати хеш ҷӯёи сифоти неку амалҳои наҷибаш мешавад.
Парастори 20 донишҷӯ
Соли 1978 буд. Писаронаш баъди хатми синфи 8 яке озими мактаби ронандагӣ ва дувумӣ ба Техникуми сохтмони Душанбе шуд. Ҳамсабақони писари хурдӣ аз деҳоти дурдаст буданду дар хобгоҳ мезистанд. Рӯзе дӯстони писар, тақрибан 20 нафар, хумори нони танӯрии дастони модар, меҳмони ӯ шуданд. Аз фатир Қурбонбибӣ шакароб таҳия карду аз аҳволи бачаҳо, ки дар хобгоҳ мезистанд, пурсид:
- Ваҳ, чӣ қадр лоғаред, дар хобгоҳ кӣ ба шумо нону ғизои гарм медиҳад? Аз ин пас, ин ҷо мемонед, - гуфт модар.
Ҳамин тариқ, манзили Қурбонбибӣ макони будубоши доимии донишҷӯён гардид. «Бачам, ҳуҷраҳои алоҳида надоштем, хонаам мисли клуб калон буд, ки ҳама аҳлона, мисли оилаи бузурге зери як шифт мехуфтем. Як сӯи хона бачаҳо, ҳамсарам ва ману духтаракони хурдсол аз сӯи дигар», - мегӯяд моми дарёдил. Шунидаем, ки мегӯянд: «Феъли зану шавҳар аксаран ба ҳамдигар монанд меояд». Ба бахти неки Қурбонбибӣ ҳамсараш марди боҳиммату ботамкин буд. «Бачам, мабодо ба дарс гурусна наравед, холаатон ягон хӯрок пухт?» - мегуфт мудом.
Ҳар субҳ бонуи хона шири гов медӯшиду ширбиринҷу гардсӯз, рӯзона ҳар чӣ ки дошт, мепухт ва ҳамроҳ тановул мекарданд. «Бачам, бой набудам, ки ҳар рӯз гӯштбирён пазам, аммо аз кадуву картошкаву дигар сабзавоти муҳайёбуда ғизо таҳия мекардаму бо вақти хуш мехӯрдему аз чизе шикоят надоштем», -мегӯяд ӯ.
Агар рӯзе модар нафаре аз донишҷӯёнро намеёфт, суроғи онҳо то ба техникум, ки назди бозори Шоҳмансури пойтахт воқеъ буд, роҳ мепаймуду он донишҷӯро ба хона меовард ва сари табақи ғизо мешинонд. «Дар қабати кӯрпа пул ҳаст, гиру роҳкиро кун», - мегуфт ба донишҷӯёни дармонда. Чанде пас волидон суроғи писарони донишҷӯ омаданду аз каромату саховати зану шавҳар огоҳу дилпур ба хонаҳои худ баргаштанд. Бо нияти аёдати фарзандон гоҳо муддате меҳмони ин хонадон мешуданд.
Қурбонбибӣ мошини ҷомашӯии «Волга»-ро гоҳо рӯи ҳавлӣ бароварда, либоси аҳли хонавода ва донишҷӯёнро мешуст. Рӯзҳои истироҳат, ки бачаҳо ба аёдати волидон мерафтанд, бо кулчаҳои гарм мегуселонд.
Ҳамин тариқ, севуним сол донишҷӯён аз хони бобаракати момои Қурбонбибӣ нон шикаста, ба хизмати ҳарбӣ рафтанд. Барои яке аз онҳо, Маҳмадӣ Саъдуллоев, ки рӯзи дигар ба хизмати Ватан мерафт, момо шаб нахобида, кулча пухту халта дӯхт, то бе тӯшаи роҳ намонад. То гуселгоҳ ӯро ҳамраҳӣ кард. Ҷавон муддате раҳи волидон пойид. Дилтангу маҳзун борҳо сар ба китфи Қурбонбибӣ монду ҳар ду гиристанд. Ҳарчи пеш аз сафар модару тағои ҷавон пайдо шуданд.
Баъди адои хизмат қисме аз онҳо ба донишгоҳҳои пойтахт шомил шуда, ба манзили пурфайзи модари зарринқалб баргаштанд ва панҷ соли дигар ин ҷо монданд. Ҳиммату каромати ин бону ончунон ба қалбҳои волидони донишҷӯён таъсир гузошт, ки ду оила ба шаҳр, ба ҳамсоягии моми бузург кӯч баст.
Муддати 30 соле, ки Қурбонбибӣ дар беморхона тозакорӣ мекард, мусофирони зиёде аз ноҳияҳои дурдасти ҷумҳурӣ, ҳатто аз вилояти Сурхандарёи Ӯзбекистон, ки ба аёдати беморон меомаданд, рӯзу ҳафтаву моҳҳо дар хонааш меҳмон мекард. «Хезед, хонаи Бибӣ чойхӯрӣ меравем», - мегуфтанд гоҳо ҳамкорони гуногунмиллати ӯ.
Фоҷиаи ҳафт ятим
Рӯзе зани ҳамкораш, ки дар кӯчаи Қарияи Боло мезист, дари Қурбонбибӣ кӯфту аз мушкили надоштани маблағ ва дар беморхона бистарӣ гардидани шавҳар хабар дод. «Ин 300 сӯмро, ки нав говро фурӯхтем, гиру пайи табобати ҳамсар шав», - гуфт бибӣ. Баъди чанд муддат хабар ёфт, ки дар беморхонаи Ёрии таъҷилӣ талхаи он зан¬ро ҷарроҳӣ кардаанд. Ҳафт фарзанд, ки хурдӣ ҳамагӣ 1 солу 8 моҳ дошт, аз ғайби волидон азият доштанд. Паҳлуи он модар Қурбонбибӣ бо духтари бузурги ӯ шабро рӯз кард, аммо субҳи он рӯз сарнавишт реҳлати занро рақам зад. Замоне, ки тобути зан рӯи ҳавлии сард мехобид, аз дарвоза тобути шавҳари зан намоён гардиду шӯру қиёме дар қалбҳои ҳозирон бархост.
Қурбонбибӣ сари ҳафт ятимро сила карду аз маблағе, ки хешовандони фавтидагон баргардондан хостанд, рӯ тофту «ҳазор бор бахшидам», гуфт. Пеши тақдири ятимон ҳама лолу ҳайрон монданд. Яке аз хешовандон маслиҳат дод, ки хонаро фурӯхта, маблағи онро миёни фарзандон тақсим мебояд, то ҳарчи хоҳанд, кунанд. Қурбонбибии гирён ба миён омаду гуфт: «Хонаро фурӯшанд, кӯдакон дарбадар мешаванд. Ин манзил барои ятимон ҳам хонаи ғам ва ҳам шодӣ мешавад. Духтари калонӣ қадрас аст, ӯро ба ҷавони раҳмдилу дилогоҳ шавҳар медиҳем, то домод бо онҳо зиста, ятимонро парасторӣ намояд».
Ҳамин тариқ, Қурбонбибӣ ҳафт ятимро зери парасторӣ гирифт. Кӯдакон рӯз бо ӯ ва шаб ба хона бармегаштанд. Ҳарчи аз дасташ омад, дар ҳаққи ятимон кард. Ҳамин тавр, якояки духтаронро ба шавҳар дод. Хушбахтона, домоди аввалӣ ҷавони хубе буду ятимонро зери бол гирифт.
Наҷоти зани ҳамсоя
Ҳини сохтмони Кохи Борбад ҳавлии момаи Қурбонбибиро ҳамвор карда, дар маҳаллаи 105 аз биноҳои серошёна ду хона ҷудо намуданд. Оилаи писари бузург дар дуҳуҷрагӣ ва ӯ бо писари хурдӣ дар хонаи сеҳуҷрадор ҷой гирифтанд. Дар манзили нав ҳам бибӣ зуд ба дили ҳамсоягон маъво гирифт. Ҳама ӯро дӯст доштанд. Бад-ин минвол духтаронро оиладор кард, ки якеи онҳо бо аҳли хонавода дар Қазоқистон мезист ва манзиле дошт ба хонаи модар наздик. Дар ҳамсоягии духтар бевазане бо се фарзанди хурдсол дар хонаи иҷора мезист. Аз мушкили рӯзгор маблағи иҷораро пардохта натавонисту соҳибхона ӯро аз манзил берун кард. Зан дасти фарзандон гирифту гирён сӯи роҳи оҳан рафт. Аз тасмими ӯ ҳамсоягон дарак ёфтанду барои маслиҳат сӯи Қурбонбибӣ шитофтанд. Бибӣ тозон шуд, то аз фоҷиа пешгирӣ намояд. Зани гирёнро ба оғӯш гирифту гуфт: «Рафтем, хонаи духтарам холист, ҳар қадар мехоҳӣ, он ҷо зиндагӣ кун. Рӯзона бо кӯдакон дар хонаи ман ғизо мехӯрӣ, шабро он ҷо мегузаронӣ». Ҳамин тавр, вай тули ду сол парастори онҳо буд. Шуғли хубе барои зан пайдо кард, ки баъдан ӯ шароиташ хуб шуду ба манзили иҷора кӯчид. Фарзандонро таҳсили хуб дода, оиладор кард. Писари бузурги зан ҳоло прокурор асту бо бародари хурдӣ гоҳо ба аёдати момои Қурбонбибӣ меояд.
Бо духтарони донишҷӯ
Қурбонбибӣ фарзандҳои худро таҳсили миёнаи касбиву олӣ дода, мисли худ инсондӯстиро дар тинати онҳо маъво дод. Ҳамсабақони духтарон ва донишҷӯдухтароне, ки дар ҳамсоягӣ иҷора менишастанд, бибиро дар хона ҳамраҳ гаштанд. Моми бузург духтаронро мисли фарзанд дӯст дошту парастор шуд ва чизе тамаъ накард. Аз дер омадани духтарон дар ташвиш, раҳ сӯи донишгоҳҳо мегирифту онҳоро ба хона меовард. Ба мӯйи онҳо шона медавонду мебофт. Охирин донишҷӯдухтаре, ки бо ӯ ҳашт сол зист, Гулнисо аз ноҳияи Балҷувон буд. Соли паҳншавии бемории ҳамагири коронавирус Гулнисо сироят ёфту бистарӣ шуд. Бибӣ шабурӯз пайи нигоҳубини ӯ мижа таҳ накард. «Модар, худат сироят меёбӣ, наздик нашав, бигзор пайвандонаш оянду уҳда кунанд», - гуфтанҳои фарзандонро сарфи назар кард. «Фарзанди мардум ғоиб аст, бачам. Калонҳо мегуфтанд, ки ба ғоиб як бурда нон зиёдтар деҳ», - мегуфт кампир. Баъдан ба сирояти обакон гирифтор шуд, аммо ӯ ҳамоно духтари беморро ба бағал мегирифту навозиш мекард ва паҳлуи ӯ сар мемонд.
Бибӣ дар шумори фарзандон аз хонаи худ 15 нафарро бо ризоияти волидон ба хонаи бахт гусел кардааст. Духтаронро мисли фарзандони худ ҷиҳози арӯсиву кӯрпаҳо карда, ҳалқаҳои тиллоро ба гӯши арӯсон овехтааст. «Гӯшворҳои тиллоро ба мо неву ба духтарони мардум ҳадия кардааст», - мегӯянд шӯхиомез келинҳои ӯ.
Ин духтарон ҳоло аксар табибони ҳозиқу шинохтаанду писарон дар вазифаҳои роҳбарии ниҳодҳои гуногуни давлатӣ масруфи коранд. Гоҳо ба аёдати модари ғамхор меоянду хотири ӯро шод месозанд.
Тӯша ба Наврӯз
Имрӯзҳо бибӣ бо мӯйсафедаш дар ҳалқаи 30 набераву қариб ҳамин миқдор абера давлати пирӣ меронад. Аз баҳор то баҳори дигар аз нафақаи худ лӯбиёву нахӯд, гандуму орд ва ғайра захира карда, рӯзи Наврӯз ду деги 100–120-килоӣ мегузорад. Дар як дег кашк, дар дигаре суманак пухта, тамоми ҳамсояҳову раҳгузаронро зиёфат медиҳад ва меболад, ки ҳанӯз ҳам метавонад қадре ҳам бошад, ба ҷомеа суд оварад. Хурду бузурги маҳалла бибиро дӯст медоранду эҳтиромашро қоиланд.
Ҳамвора аз барномаи ахбори телевизион дидан карда, аз пешрафту тараққиёти кишвар масрур мегардад. Гоҳе, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сари ятимону маъюбонро силаву навозиш мекунанд, ашкҳо бари рӯяш ғел мехӯранд ва бо шукрона мегӯяд:
- Хушбахтам, ки чунин рӯзҳоро мебинем. Дар зиндагӣ зиёд азият дидам, бахусус солҳои нобасомони 90-ум, ки шаб то саҳар бо кампирҳои маҳалла шаҳрро чархида, нон меҷустем. Қадами пурфайзу баракат дорад, Президенти мо, ки дар 82 соли ҳаётам чунин роҳбарро надидаам. Илоҳо болои сари мардуми тоҷик нигаҳбон бошад.
Ситора АШӮРОВА