Миёни ноадолатиҳо адолат, миёни мушкилиҳо роҳи ҳал ва дар зулмот нури умедро меҷӯяд. Бонуест дар нигоҳаш боварӣ, дар суҳбаташ устуворӣ ва дар ватандӯстиаш ғурури миллиро метавон дид. Чунин хислатҳо ӯро миёни ҳамкорон обруманд гардондаанд.
Зулфия Саидова соли 1989 дар синни 19-солагӣ дар бахши маълумотдиҳии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият пардохтааст. Инак, вай бонувону ҷавонони навкорро маслиҳату машварат медиҳад, то соҳибкасб шаванд. Зулфиябону дар оилаи зиёӣ ба камол расида, МТМУ №21-и шаҳри Душанберо хатм намуда, ба бахши ғоибонаи факултети филологияи руси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, ҳамзамон фаъолият менамояд. Баъдан барои сайқал додани касбаш боз ба Академияи Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ шомил мегардад.
Аз соли 1992 дар сармаркази иттилоотӣ-таҳлилии Вазорат, аз соли 1994 дар раёсатҳои оперативӣ, дар вазифаҳои корманди оперативии ВКД кор карда, аз соли 2006 дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаи таҳлилгари Раёсати сайёри оперативӣ ва аз соли 2010 дар вазифаи сардори шуъбаи умумӣ фаъолият дорад.
Ба андешаи ӯ, зан агар хоҳиш ва бовар дошта бошад, дар ҳама самт метавонад муваффақ шавад. Бону Зулфия аз интихоби пеша қаноатманд аст, ки баҳри ҳифзи Ватан хизмати содиқона анҷом медиҳад. Дар Агентӣ дар баробари мардон занон ҳам хизмат менамоянд.
Аз ӯ мепурсем, ки онҳо дар фаъолияти Агентӣ чӣ саҳме доранд?
Дар ҳақиқат, дар Агентӣ 31 афсарбонувон фаъолият доранд, ки аз инҳо дар дастгоҳи марказӣ 24 нафаранд, аз ҷумла 6 нафари онҳо дар вазифаҳои роҳбарикунанда кор мекунанд, ки яке аз онҳо рисолаи илмиашро дар соҳаи ҳуқуқи ҷиноятӣ дар охири соли гузашта ҳимоя намудааст. Бо дастгирии бевоситаи директори Агентӣ, генерал-майори адлия Ҳабибулло Воҳидзода барои фаъолияти занон шароитҳои мусоид фароҳам оварда шудааст. Бонувон дар пешравию дастовардҳои Агентӣ саҳми босазо доранд, ҳол он ки на ҳар шахс дар реҷаи пешбурди хизмат дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тоқат карда метавонад.
Баҳри амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати фаъол гардонидани нақши занҳо дар кори ҳамарӯза аз соли 2015 дар Агентӣ Шурои занон фаъол аст.
Дар партави ин дастуру ҳидоятҳо фаъолияти Шурои занони Агентӣ барои ҳифз ва таъмини ҳуқуқу манфиатҳои зан ва оила, ки ба муҳайё сохтани шароитҳои мусоид, барои амалӣ гардидани ҳуқуқу манфиатҳои онҳо ва ба даст овардани баробарии гендерӣ, васеъ намудани доираи иштироки занҳо дар ҳалли вазифаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва идораи корҳои давлативу ҷамъиятӣ равона гардидааст.
Аъзои Шурои занон бо кормандони ҷавон доир ба содиқ будан ба Ватан ва Савганди ёдкардашуда, софдилона иҷро намудани вазифаҳои хизматии худ, бештар омӯхтан ва аз худ кардани нозукиҳои касби худ, суҳбатҳо мегузаронанд ва кӯшиш менамоянд дар тарбияи онҳо ва фаъолияти кориашон мисли модар ва хоҳар ҳиссагузор бошанд.
Дар баробари такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандон, Агентӣ чӣ корҳоро ба сомон расонида истодааст?
Аз ҷониби роҳбарияти Агентӣ ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи касбии кормандон пайваста тадбирҳои мушаххас андешида шуда, дар дохил ва хориҷи кишвар курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ ташкил ва баргузор мегардад.
Дар баробари ин, баҳри баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва масъулияти касбӣ, риояи интизоми хизматӣ ва ба ин васила пешгирӣ намудан аз қонунвайронкуниҳо мунтазам аз ҷониби масъулини Агентӣ дар байни ҳайати шахсӣ суҳбатҳои инфиродӣ ва дигар корҳои тарбиявию сиёсӣ гузаронда мешаванд.
Танҳо дар давоми соли 2022 дар Маркази таълимии Агентӣ ҷиҳати таълиму тарбия, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандон, инчунин кормандони дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ 28 семинару тренингҳо, курсҳои такмили ихтисос ва давраҳои махсуси омӯзишӣ барои 282 нафар ташкил ва гузаронда шуд, ки аз ин ҳисоб 19 нафарро кормандони дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ташкил доданд.
Бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супориш ва роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бобати шинохт ва гиромидошти фарҳанги ниёгони тоҷик, арҷ гузоштан ба рукнҳои давлатдории тоҷикон, тарбияи насли ҷавон дар руҳияи худшиносии миллӣ, тақвияти сатҳи маърифатнокии ҳайати шахсӣ, дар Агентӣ ва воҳидҳои мустақили он дар соли 2022 мутолиаи китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ҳар ҳафта бо даъвати устодони факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ташкил ва роҳандозӣ гардид.
Мегуфтед, ки Агентӣ дар тули фаъолияти худ ба чӣ комёбиҳо ноил гардид?
Бояд таъкид намоям, ки Аген¬тӣ мақомест, ки дар давраи соҳиб¬истиқлолии ҷумҳурӣ таъсис ёфтааст. Новобаста аз ин, ба дастовардҳои назаррасе ноил гаштааст. Номбар кардани ҳамаи онҳо вақти зиёдеро мегирад, бинобар ин ман танҳо чанд рақам мисол меорам. Агентӣ дар тули ин солҳо фаъолияти 49 гурӯҳи муташаккили ҷиноятпешаи нашъҷаллобро ошкор ва қатъ намудааст ва аз муомилоти ғайриқонунӣ 47 тонна маводи нашъаовар мусодира намудааст, ки пушти ин рақамҳо ҳаёти миллионҳо аҳолии кураи Замин истодааст, ки аз хатари мубтало гардидан ба нашъамандӣ наҷот ёфтаанд.
Тибқи маълумоти Вазорати танду¬рустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба ҳолати 31 декабри соли 2022 дар ҷумҳурӣ 4381 нафар нашъаманд дар қайди расмӣ қарор доранд, ки ин нишондод нисбат ба соли 2021 368 нафар ё 7,7 фоиз коҳиш ёфтааст. Аз теъдоди умумии беморони нашъаманд 101 нафарро занҳо ташкил медиҳанд, ки ин шумора нисбат ба соли 2021 6 нафар кам аст. Алҳол дар Тоҷикистон ба 100 ҳазор аҳолӣ 43,8 бемори нашъамандӣ рост меояд.
Имрӯзҳо оид ба муомилоти ғайриқонунии моддаҳои нави психотропӣ, аз ҷумла ҳабҳо сару садоҳо зиёд аст. Кай аввалин бор ин гуна ҳабҳоро дар кишвар ошкор намуда будед ва соли гузашта чӣ қадар мусодира шуд?
Дар соли 2022 аз ҷониби Агентӣ 3472 адад ҳабҳои навъи синтетикӣ мусодира гардид. Аввалин бор соли 2006 дар ҷумҳурӣ ҳабҳои навъи синтетикӣ ошкор гардидаанд. Дар соли 2020 аввалин бор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маводи психотропии навъи L-PKP дар намуди хока мусодира карда шудааст, - мегӯяд Зулфия Саидова, полковники хизмати назорати маводи нашъаовар.
Зулфия Саидова дар оила низ масъулиятшинос аст. Ҳамин аст, ки пайваста ба унвонии модар аз донишгоҳ ифтихорномаҳо барои хониши хубу аъло ва рафтори намунавии писараш ворид мегарданд. Ӯ иқрор меояд, ки барои ҳама модар, чӣ низомӣ, чӣ хонанишин, сулҳу оромии Ватанро хоҳонанд. Шукргузор аст, ки фарзандон дар шароити хуб ба воя расида, аз зебоиҳои Тоҷикистони азиз лаззат мебаранд.
Фарзонаи ШАЪБОН