Ҳини парвардани гуле ба ӯ сад ҷаҳон меҳр мебахшем, то гул зебо, хушбӯй, пурҷозиба шавад. Ҷинси латиф – духтар низ ба гулаке монанд аст, ки таваҷҷуҳ ва тарбияву ғамхории доимиро тақозо менамояд. Бо тавлид шудани духтар дар хонадон гармӣ, меҳру муҳаббат, нуру таровати зиндагонӣ ҳувайдо мешаванд.
Духтарро «синаи меҳр» меноманд, ки саҳеҳ аст. Ӯ бо лутфу муҳаббат, нозукӣ, меҳру шафқат фарқият дорад. Тарбияи духтар хеле мураккаб буда, аз волидон масъулияти хеле ҷиддиро талаб мекунад. Фаромӯш набояд сохт, ки духтар - зан, модари оянда асту давомдиҳандаи насли инсонҳост. Абушакури Балхӣ овардааст:
Дарахте, ки хурдакак бувад, боғбон,
Бигардонад ӯро чу хоҳад чунон.
Чу гардад калон, боз натвонадаш,
Ки аз кажию хам бигардонадаш.
Тоҷикон аз аҳди қадим мардуми баору номус ва дар тарбияи фарзанд, бахусус духтар, хеле ҷиддианд. Духтарро аз хурдӣ ба боодобӣ, маърифатнокӣ, тозагӣ, хушмуомилагӣ, хунармандӣ, пазандагию созандагӣ омода мекунанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри занон ва духтарон ғамхориву дастгириҳои доимӣ зоҳир сохта, дар ин раванд имкониятҳои мусоидро роҳандозӣ менамоянд. Доимо падарона таъкид мекунанд, ки духтарон бояд соҳибмаърифату ҳунарманд бошанд.
Ба тарбияи духтар модар саҳм ва таъсири арзанда дорад. «Модар чӣ гуна – духтар намуна», - мегӯянд дар урфият. Аз ин рӯ, модар бояд дорои маърифат ва маданияти воло бошад. Дар оила духтар бештар ба модар ниёз дорад, ӯ мехоҳад ҳама «розаш» - ро танҳо бо модар «ҳаллу фасл» намояд.
Духтари боодобу порсо аввалин дарси зиндагиро аз модар меомӯзад. Ба кадом духтаре нигаред, дар гуфтораш, рафтораш, хислатҳояш модарашро мебинед. Беҳуда намегӯянд, «модарро бину духтарашро гир». Барои ҳамин дар тарбияи духтар модарон бояд саҳмгузор бошанд, - мегӯяд қаҳрамонмодар Каттабибӣ Нарзиева, ки 7 духтари шоистаро ба воя расондааст. Ба духтар аз синни хурдӣ бояд ҷиддӣ машғул шуд, илмдӯстӣ, меҳнатдӯстӣ, сарфаю сариштакорӣ, меҳмондорию хушмуомилагиро бояд омӯзонд. Духтар бояд, пеш аз ҳама, боиффату ҳунарманд ва бомаърифат бошад.
Тарзи либоспӯшиву одобу суханварӣ аз нишонаҳои ҳамидаи духтар ба шумор мераванд. Табиист, ки ба тарбияи ҷинси латиф муҳити хонаводагӣ таъсир мерасонад.
- Духтар дар оила аз падару модар муносибати оилавиро меомӯзад. Баҳсу мунозираҳои оилавӣ на танҳо ба духтар, умуман ба фарзандон нақши худро мегузорад. Духтари оилаи ҷанҷолӣ – одатан шаттоҳ, гапногиру гапгардон мешавад. Дар оянда чунин духтарон дар ҳаёти шахсӣ ба мушкилиҳои зиёд дучор меоянд. Дар рафтори духтар тарбияи хислатҳои неки инсонӣ, аз қабили ботамкинӣ, босабрӣ, ботаҳаммулӣ, гапи калонсолонро набуридану бо диққат гӯш доданро омӯхтан шарти асосист, зеро зани ботаҳаммулу пуртоқат дар ҳама ҳолатҳои зиндагӣ дастболо мешавад, – мегӯяд зани оқилу доно, омӯзгори варзида Ҳабиба Ҷумъаева.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» низ исботи ин гуфтаҳост. Хушбахтона, давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷодаи тарбияи насли наврас мавқеи хосса дорад. Проблемаи тарбияи оила дар сатҳи зарурӣ қарор дошта, дар педагогикаи муосир таҷрибаи ниёгон фаровон истифода мешавад.
Дар моддаи 41 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Ҳар кас ҳуқуқи таҳсил дорад», аммо бархе аз волидон онро риоя намекунанд, духтаронро барвақт ба шавҳар медиҳанд, мехоҳанд «тезтар ба дасти соҳибаш супоранд».
Дар масъалаи ба оиладорӣ омода намудани духтарон, шитобкорӣ лозим нест, зеро он оқибати хуш надорад. Бадбахтона, бархе аз волидон вазифаи худро танҳо дар ҷамъоварии ҷиҳоз ва интихоби домоди «бадавлат» мебинанду халос. Бехабар аз он ки бо ин амал ҷигарбанди хешро ба бадбахтӣ тела медиҳанд. Дар оиладоршавии духтар эҳтиёткор ва дурандеш бояд буд…
Духтари ботарбия, босавод, ҳунарманду соҳибкасб зиндагии осудаву ободро ба роҳ мемонад. Ба фарзандон тарбиятгари хушодобу хушрафтор, беҳтарин устоди ахлоқ мешавад.
Духтарро дар оила аз истифодаи сарулибосаш тарбия бояд кард. Бархе духтарон ҳатто дар оила дар назди волидону наздикон либоси замонавӣ, нимбараҳна мепӯшанд. Одоби духтар ана аз ҳамин ҳолати одии либоспӯшӣ дар оила оғоз мешавад. Духтар донад, ки дар куҷо чи хел либос бояд пӯшад ва шарму ҳаёи духтаронаро набояд фаромӯш кард. Мӯйҳои дарозашонро беҳуда мебуранд, ба ороиши аз ҳад зиёди рӯй машғул мешаванд. Солиёни пеш дар байни духтарон анъанаи хеле хуб буд, то арӯсӣ на мӯйро мебуриданду на рӯяшонро беҳуда ороиш медоданд, ин амал барояшон номумкин маҳсуб меёфт. Дар давраи арӯсӣ мӯйҳои духтаронро то чил кокул мебофтанд, ки хеле зебо ва дилкаш буд.
Аз Арасту пурсиданд:
-Зеботарин чиз дар ҷинси латиф чист?
Гуфт:
- Сурхие, ки аз ҳаё дар рӯяшон пайдо мешавад.
Шарму ҳаё иффати духтар аст. Духтари бошарму ҳаё духтари аз ҳама зебост. Аз хурдӣ ба духтар «кори айб»-ро шарҳу маънидод намудан лозим аст.
Дар ҳама ҳолат духтар бо духтариаш бояд аз зан фарқ кунад. Бархе аз духтаронро аз зан фарқ кардан мушкил мешавад. Ороишу зебу зиннати барзиёд духтарро бенур месозанд. Ороишу зебу зиннат вақту давраи худро доранд.
Хонае, ки дар он духтар – гулаки нозуку зебое ба воя мерасад, пур аз шарораи хушбахтист. Духтардор будан хушбахтист.
Фотима СИРОҶЗОДА,
номзади илмҳои педагогӣ,
шаҳри Панҷакент