19

Мая, 2025
Душанбе

19

Мая, 2025
Душанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

Барф меборад…

 

  

j 3999

Зимистон оҳангу навои худро дорад. Бале, ҳар рӯзу ҳар ҳафтаю моҳ ва фаслҳо рангу наво, садою овои худро дошта, аз он оҳангсозон навои нав ба нав меофаранду шоирон илҳом гирифта шеъре тоза иншо мекунанд, овозхонон бо шодию хуррамӣ месароянду ба дилҳо барфу зимистон гармию рӯшноӣ ва зебоии худро ато мекунанд.

   Он фасли зимистон ҳам барф меборид… хеле интизор шуд… маҳбуби дил наомад… аз барф ба қалбаш ларза дамид ва ин матну оҳанги суруд дар пироҳани барфи ҷудоӣ… падид гашт. Суруде, ки муаллифаш - Салватор Аданои итолиёвиро шуҳраи офоқ кард. Қариб 60 сол аст бо даҳҳо забон садо медиҳад. Тибқи гуфтаи мусиқишиносон, суруд дар соли 1963 бори аввал дар вақти намоиши гулчини эҷодиёти Салватор Адано дар радифи сурудҳои жанри шансон, ки бо номи «63/64» омода шуда буд, иҷро гашт. Ҳамон айём Салватор бистсола ҳам набуд, аммо ба гуфти худаш, ин сурудро ӯ дар 18-солагӣ иншо кардааст.

Салватор соли 1943 дар ҷазираи Ситсилия чашм ба дунё кушода, дар сесолагии ӯ, соли 1947 падари заҳматкашаш Антонио Адамо кори наве дар кони шаҳри Монси Белгия пайдо карда, ҳамроҳи ҳамсараш Кончитта ва Салватори хурдсол аз Италия ба ин ҷо мекӯчад. Дар ин ҷо дар доираи хонаводагӣ ҳама бо забони модарӣ гуфтугӯ мекарданду Салватор бо завқи калон асарҳои шоирону нависандагони итолиёвиро мехонд ва аз аслу решаҳои худ канда намешуд, аммо аз забони фаронсавӣ низ бархӯрдор гашта, ба суруду оҳангҳои фаронсавӣ дил бохт. Аммо на танҳо месуруду менавохт, балки худаш мустақилона машқи иншои шеъру суруд мекард. Дар 14 - солагиаш ба ӯ сози бобояш - гиторро тақдим намуданду ӯ хеле дилшод шуд. Аз он даврон Салватор гитор менавохту навоҳои мухталифро иҷро ва ҳамагонро хурсанд мекард.

Салватор Адано… Оре, кор оянда чунин ҷараён гирифт, ки ин овозхони итолиётабор маҳз бо забони фаронсавӣ ба эҷод машғул шуда, дар 16 - солагӣ соҳиби Гран-при дар озмуни Париж гашту баъдан дар озмуни истеъдодҳои ҷавон дар Белгия мақоми аввалро гирифт. Пас аз ин чанд суруде сабт намуд, ки соли 1963 дар ҳақиқат як «таркиш»-е дар олами мусиқӣ шуд ва ҳатто ӯро барои ҳунарнамоӣ ба қасри шоҳ хонданд…

Барф меборид… интизор буд, барф меборид… интизорӣ мекашид, интизор монд… Он духтаре, ки маҳбуби дил медонист, як олам орзуро дар қалбаш гузошта буд. Мехост бо ҳам хонадор шуда, хушбахтона, дар ҳавои ишқу ошиқӣ солиёни зиёд ҳаёт ба сар баранд ва аз маҳсули ишқи поки хеш соҳиби фарзанд гарданд. Мехост, ки дар манзилаш низ ба мисли кошонаи қалбаш ишқ тантана намояд…

Барф меборид… вале ӯ, маъшуқаш наомад… Салватор аз ин ғамгин шуд, аз сардӣ малӯл гашту дилозурда, ҳар як дақиқаи интизорӣ, ҳар як зарраи барфро ҳисоб мекард, бо умеде, ки шояд меояд… Дар ин миён шеъри интизорӣ, шеъри ҷудоӣ, шеъри «Барф меборад» тавлид шуд. Шоири ошиқ ҳамаи гуноҳро танҳо ба ҳамон ҳавои барфӣ бор кардааст, танҳо бориши барфро сабаб медонад, ки бемаврид ва ноҷо он рӯз бориду садди мулоқоти ошиқон шуд…

Мегӯянд, ки он бону баъдан аз кори хеш пушаймон гашта буд, лекин пушаймонӣ дигар суде надошту аллакай муаллифи шеъру суруди «Барф меборад» Салватор Адано пас аз чанд моҳи ин воқеа хеле машҳур гашт, сурудро аввал ҳама дар Белгия мехонданду месароиданд, сипас дар Фаронса.

Суруд тадриҷан дар олам паҳн шуд. Он ба дуриҳои дур парвоз карду дар қалби ошиқон нақше носутурданӣ гузошт. Мегӯянд, ки ба ин суруд сараввал дар кишвари Ҷопон овозхонон ошиқу дилбохта гаштанд. Сарояндаи хушлаҳн Косидзи Фубуки суруди «Барф меборад» - ро ба усули ҷопонии назми шакли хайку – дар бораи шохаи пурбарфи дарахти зебои ҷопонии сакура мувофиқ гардонд.

Ба ривояти дигар, ҳанӯз дар соли 1967 ин сурудро шоири боистеъдоди ҷопонӣ Ясуй Кадзуми тарҷума кардаю онро овозхони хушсадои ҷопонӣ Косидзи Фубуки хеле дилпазир сароид. Аҷиб аст, ки ин сурудро дар Россия «Суруд дар бораи сакура» меноманд, ҳол он ки дар он калимае дар бораи ин дарахт нест. Новобаста ба ин ҳама, дар Ҷопон «Барф меборад» ба як суруди халқии машҳур мубаддал шуда, беш аз 500 навъи он эҷод гаштааст. Танҳо дар як соли 1971 ба теъдоди 475000 нусха фиттаи он ба фурӯш рафт. Аз ҳамон замон, дар Ҷопон суруди «Барф меборад» дар қатори бистгонаи сурудҳои машҳури хориҷӣ қарор дорад. Оре, агарчи худи овозхону сарояндаи ҷопонӣ ин сурудро маҳсули эҷоди худ намедонанд, ҷопониҳо сурудро моли хеш меҳисобанд. Ҳатто вақте Салватор Адамо бо даъват ба ин кишвари офтобӣ омада, худ сурудашро бо забони асл ва забони ҷопонӣ сароид, он қадар ҳам ба ҷопониҳо мақбул нашуд, онҳо сарояндаи хеш Косидзи Фубукиро афзалтар донистанд.

Таронаи барф… барф меборад… сафедӣ меорад ва ин суруд низ ба шунавандаи худ осоишу оромиши зимистонаеро бо як навою суруди ошиқона доимӣ меорад… Бигзор чунин бимонаду аз бориши барфу шунидани ин суруд хушамон ояду таронаи барф боиси тавлиди даҳҳо суруду оҳанг гардад.

Сабзаалӣ АСОЗОДА, журналист

 

:.  Иҷтимоъ 08.02.2023 08:31 538

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz