19

Мая, 2025
Душанбе

19

Мая, 2025
Душанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

Кирмакпарварӣ ва коркарди пилла…

 

 x 2000

  Кирмакпарварӣ яке аз қадимтарин шуғли тоҷикон маҳсуб ёфта, самти муҳими соҳаи кишоварзӣ ба шумор меравад. Иқлими Тоҷикистон барои рушди соҳа мутобиқ буда, метавон онро соҳаи афзалиятноки саноати кишвар ном бурд, чун дар ҷумҳурӣ ва берун аз он талабот ба абрешим зиёд аст. Қабул гардидани «Барномаи рушди соҳаҳои кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020–2024» аз тадбирҳои муассири Ҳукумати мамлакат ҷиҳати рушди соҳаи мазкур мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми соли 2021 оид ба рушди соҳаи пиллапарварӣ ва шоҳиву атласу адрасбофӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ барои бонувонро махсус таъкид дошта, дастур доданд, ки замини тутзорҳо ба муддати 10 сол аз пардохти андози ягонаи замин, инчунин, шахсони ҳуқуқии ба коркарди пилла ва истеҳсоли матоъҳои шоҳӣ, атласу адрас ва дигар маснуоти бофандагии дастӣ машғулбуда аз пардохти андозҳо пурра озод шаванд.

Хушбахтона, моҳи декабри соли 2022 номинаи муштараки Тоҷикистон (бо Эрон, Афғонистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Туркия ва Туркманис¬тон) «Кирмакпарварӣ ва истеҳсоли анъанавии абрешим барои бофандагӣ» ба феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ЮНЕСКО ворид гардид, ки иқдоми муҳиму саривақтӣ буда, барои ҳифзу густариши мероси ниёкон мусоидат менамояд.

Имрӯзҳо дар ҷумҳурӣ корхонаҳои коркарди пилла, аз ҷумла ҶДММ «ВТ Силк», ҶДММ «Дук» ва ҶДММ «Ганҷ» (ҳоло дар ин ширкат корҳои навсозӣ, васлу насби таҷҳизот ҷараён дорад) фаъолият менамоянд, ки ресмон, газвори абрешимӣ ва матои абрешими наддофӣ истеҳсол менамоянд. ҶДММ «Атласи Хуҷанд» ягона коргоҳ дар самти истеҳсоли матои атлас дар ҷумҳурӣ буда, дар ин коргоҳ беш аз 60 намуди атлас ва 30 навъи адрас истеҳсол мегардад ва беш аз 50 нафар ба кор ҷалб гардидааст.

- Ба кирмакпарварӣ ва истеҳсоли матои атласу адрас бештар бонувон машғуланд. Матои атлас, агарчи дар як коргоҳ истеҳсол мегардад, бо мусоидати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ адрасбофӣ қариб, ки дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ ба роҳ монда шудааст.

Айни замон дар Тоҷикистон ду коргоҳ – ҷамъияти саҳомии фаръии заводи тухми кирмаки шаҳри Душанбе ва Хуҷанд имконияти ғунҷоиши 50 ҳазор қуттии тухми кирмакро доранд. Соли 2022 аз Чин 23 814 қуттӣ кирмак ворид ва ба кирмакпарварони ҷумҳурӣ тақсим карда шуд. Ҳаҷми истеҳсоли пилла соли сипаригашта 388,2 тоннаро ташкил дод. Мо ҳоло аз таҷрибаи ғании Ӯзбекистон васеъ истифода бурда истодаем, зеро онҳо дар самти кирмакпарварӣ, коркарди пилла ва истеҳсоли матоъҳои абрешимӣ таҷрибаи ғанӣ ва нишондодҳои хуб доранд. Масалан, онҳо 74 коргоҳи коркарди пилла ва 46 коргоҳи матоъбофӣ доранд, ки шумораи кормандони доимӣ ва мавсимиашон барои кирмакпарварӣ аз 900 ҳазор то ба 1,3 миллион нафар мерасад. Ҳаҷми истеҳсоли пилла дар ҳамсоякишвар солона 24,2 ҳазор тоннаро фаро мегирад, - иброз дошт мутахассиси пешбари раёсати саноати сабук ва пиллаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Сафаров.

Яке аз мушкилиҳои асосии соҳа истифодаи ғайримақсадноки тутзор ва дарахтони тут мебошад, ки имрӯзҳо дар тавозуни хоҷагиҳои деҳқонӣ қарор доранд. Бинобар сабаби аҳамияти худро гум кардани соҳаи тутпарварӣ солҳои охир шинондани ниҳолҳои тут низ коҳиш ёфтааст. Рушди соҳаи кирмакпарварӣ ба мустаҳкам кардани заминаи хӯроки кирмак, ки барги наврустаи тут аст, сахт алоқамандӣ дорад.

- Бо дастури Ҳукумати мамлакат ба МИМҲД-и шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои бунёди майдонҳои тутзор мактуб ирсол намудаем. Барои амалӣ намудани ин ҳадаф ҳамоно замин кам ҷудо мегардад, зеро дарахтони тут обталабанду дар заминҳои лалмӣ намесабзанд. Аз ин рӯ, тасмим гирифта шуд, ки дарахтони тут дар атрофи киштзорҳо шинонда шаванд, то дар баробари сероб кардани зироатҳо ин дарахтон низ аз об баҳравар гарданд. ҶСК «Пиллаи тоҷик» хоҷагиҳои деҳқониро бо ниҳолҳои тут таъмин месозад ва шинондану нигоҳубин кардани онҳо ба уҳдаи ҷамоатҳо ва хоҷагиҳои деҳқонӣ вогузор мешавад. Мутаассифона, дар натиҷаи навсозии роҳҳо бисёр дарахтони тут нобуд шуданд ва чунин тадбире андешидаем, ки баъди тармим дар канори роҳҳо ҳазорҳо бех тут шинонда шаванд, - гуфт Д. Сафаров.

ҶСК «Пиллаи тоҷик» алҳол барои парвариши интенсивии дарахтони тут шуруъ намуда, ду соли охир аз Ӯзбекистон ниҳолҳоро ворид менамояд. Бино ба маълумоти Дилшод Сафаров, дарахтони тути пир зиёд шудаанд, ки аз меъёр кам, яъне то 50 дарсад барг медиҳанд. Дарахтони интенсивӣ баланд набуда, сербарганду баргҳои бузург доранд.

Масъалаи дигар ба иқлими Тоҷикистон мутобиқ намудани кирмаки хориҷӣ мебошад.

- Кирмакҳоро вақте аз Чин меоранд, нахуст онро ба иқлими Тоҷикистон мутобиқ месозанд. Баъдан ба вилояти Хатлон, ки нисбатан иқлими гарм дорад, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд тақсим менамоянд. Дар ВМКБ, ки иқлими сард дорад, парвариши кирмак бағоят душвор мебошад.

Кирмакпарварӣ кори заҳматталаб аст, яъне ҳарорати хонаро пайваста гарм нигоҳ дошта, тозагиро ҳамеша таъмин менамоянд, зеро дар ҳолати зарар расондани ҳашаротҳо кирмак бемор шуда, аз танидан бозмемонад. Заҳмати шабонарӯзии аҳли хонавода, ки аз 28 то 40 рӯз тул мекашад, барбод меравад. Ғайр аз ин, зуд-зуд кирмакҳоро бо баргҳои ширадори наврӯида таъмин кардан зарур аст, ки он ҳам вақту заҳмат металабад, - иброз дошт мутахассис.

Ба кирмакпарварӣ асосан бонувон шуғл дошта, аз 2,700 грамм пиллаи тар 1 кг пиллаи хушк мерӯёнанд. Кирмакҳои даруни пилларо, ки ғизонокии баланд доранд, ба коргоҳҳои мурғпарвариву моҳипарварӣ интиқол медиҳанд. Дар хориҷи мамлакат ҳатто аз равғани кирмакҳо, ки арзиши баланд доранд, воситаҳои косметикии босифат истеҳсол менамоянд.

- Мушкилоти асосӣ норасоии дарахтони тут аст. Бо ҷудо гардидани замин барои парвариши тутзорҳо ҳамаи мушкилиҳо бартараф мегарданд. Паҳлуи дигари масъала баланд бардоштани нархи пилла аст, ки ҳоло кишоварзон онро бо арзиши 15 сомонӣ барои 1 кг мефурӯшанд, ки барои ин соҳаи нозуку заҳматталаб арзон аст. Як хонавода дар як мавсим то 20 кг пилла парвариш мекунад, ки ҳамагӣ 300 сомонӣ арзиш дорад ва каме ҳезум ба суди хонавода мемонад, ки ҳамоно кам аст. Барои ҳавасмандсозии кишоварзон мо пешниҳод намудем, ки кори пиллакорон, ки мавсимист, солона ҳисобида шавад. Ҳамчунин, дар вақти тақсими тухмӣ барои ҳавасмандии кишоварзон озмун эълон намуда, ба ғолибон туҳфаҳо, монанди яхдон, телевизор, қолин ва ғайра пешниҳод созанд. Пиллапарварӣ соҳаи сердаромад аст, агар маҳсулот дар ҷумҳурӣ то ҳадди ниҳоӣ коркард гардад, зеро то 70 -80 дарсади маҳсулоти мо ба хориҷи мамлакат содирот мегардад, - афзуд Дилшод Сафаров.

Омина ХОҶАЕВА

 

:.  Иҷтимоъ 02.02.2023 12:26 555

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz