19

Мая, 2025
Душанбе

19

Мая, 2025
Душанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

Номвар

 

p 266

 Ӯ дар ҳалқаи зодмандони хеш фарзанди нуҳуми хонавода буду аз қиблагоҳи боҳушу рой андарзи зиндагӣ ва аз модари хирадсолораш низоми рӯзгор омӯхт. Падар, ки аз аҳли зиё буд, ба тадрису тарбияи фарзандон зиёд таваҷҷуҳ мекард. Сари хони тоҷикӣ волидон аз илму фарҳангу маориф сухан пардохта, бад-ин васила дар тинати самарҳои умри хеш тухми меҳру садоқат ва хештаншиносӣ мекоштанд.

  Исрори падар

Меҳрубон Мирализода пас аз хатми мактаби миёна дунболи ҳавову ҳаваси бачагӣ намехост таҳсилро дар донишкада идома бахшад, аммо исрори падар қатъӣ буд, то фарзандон таҳсилдида бошанд. Қиблагоҳаш Миралӣ Нуралиев худ хатмкардаи Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941–1945 солҳои зиёд ҳамчун сардори почтаи ноҳияи Данғара фаъолият дошт. Бо ҳидояти ӯ ҳафт духтару се писари хонавода ҳамагӣ таҳсил карда, дар ниҳодҳои гуногуни кишвар фаъолият меварзанд. Исрори қатъии падар, ки фарзандонро ба таҳсилу донишандӯзӣ ташвиқ менамуд, ояндаи ононро дурахшон намуду ҳар кадоме дар ҷомеа соҳибэҳтиром гардид. Фарзандон дар донишгоҳҳо бо баҳои хубу аъло таҳсил карда, бо маблағи аз ҳисоби стипендия ба дастомада хароҷоти айёми донишҷӯиро рӯйпӯш менамуданд ва мекӯшиданд, ки барои аҳли хонавода сарборие наоранд.

‹ Масъулият

Меҳрубон Мирализода алҳол ҳамчун сардори раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистони шаҳри Душанбе ифои вазифа менамояд. Хатм¬кардаи МТМУ № 2-и ноҳияи Данғара, соли 1988 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ-ташкилотчӣ поён бурд. Ҳамон сол дар комиҷроияи Шурои вакилони халқи ноҳияи Данғара ҳамчун иқтисодчӣ ба фаъолият пардохт. Солҳои 1991 – 1994 ба симати сардори шуъбаи банақшагирии фабрикаи дӯзандагии ноҳия заҳмат кашида, соли 1998 ба тариқи гузариш ба вазифаи муовини сардори идораи Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳри Душанбе таъин гардида, аз соли 2007 то 2019 ҳамчун муовини сардори раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳри Душанбе фаъолият намуд.

Бародари бузургаш Амиршо Мирализода ходими намоёни давлатӣ ҳоло ба симати раиси Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон фаъолият дорад. Ӯ барои фарзандони падар тимсоли намуна ва шоистаи пайравӣ маҳсуб ёфта, дар ташаккулёбии шахсияти фарзандони падар нақши муассир гузоштааст.

- Бародарам моро пайваста насиҳат ва ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят менамуд. Мегуфт, ки шумо бояд ҳамеша бо хоксориву фурӯтанӣ номвар бошед ва ба халқу Ватан хидмати содиқона намоед. «Обруро на талаб, балки сазовор мебояд буд», - таъкид медошт ҳамеша. Аз таҷрибаҳои бародар баҳравар гашта, то ҳол мувофиқи гуфтаҳояш амал менамоем. Танҳо баъди ҳосил намудани таҷрибаи зиёд маро ба вазифаи сардори раёсат таъин намуданд, - гуфт Меҳрубон Мирализода.

Ҳосили умр

Сарвиноз Нурализода, яккафарзанди бону Меҳрубон факултаи иқтисоди ҷаҳони Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо дипломи сурх хатм намуда, ҳоло соли дувум аст, ки ба тариқи буҷетӣ дар зинаи магистратураи яке аз донишгоҳҳои бонуфузи кишвари Италия таҳсил дорад. Донандаи забонҳои русӣ, англисӣ, туркӣ, олмонӣ буда, айни замон ба омӯзиши амиқи забони арабӣ пардохтааст.

- Аз хурдсолӣ фаъол ва то ҳол серталош аст. Ҳини таҳсил дар Донишгоҳ фориғ аз дарс дар ним баст дар Тоҷиксуғурта фаъолият мебурд. Ӯ низ мекӯшид, то аз лиҳози иқтисодӣ ба волидон сарборӣ наорад. Духтари хеле меҳрубон аст, ҳар шаб телефонӣ тамос мегирад. «То хонданро ба итмом нарасонам, оиладор намешавам», - мегӯяд ӯ ва мо низ монеи ин хоҳиши ӯ намегардем, - иброз дошт бону Меҳрубон.

Суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа

Номбурда дар татбиқ ва амалисозии сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат, амалӣ намудани ислоҳоти соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа корҳои муайянеро анҷом додааст. Дар раёсатҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ноҳияҳои шаҳри Душанбе то 1 декабри соли 2022 7876 ташкилоту муассисаҳои давлатӣ, саҳомӣ ва шахсӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин шумора ташкилоту муассисаҳои фаъолиятдошта 6571 ададанд. 6291 корхонаю муассисаҳо ҳисобот пешниҳод намудаанд, ки 95,7 фоизи корхонаҳои фаъолро ташкил медиҳанд ва шумораи кормандони онҳо 212231 нафар мебошад. Фонди умумии музди меҳнат дар ин давра 3699769 ҳазор сомониро ташкил додааст.

- Тибқи таҳлилҳо назар ба соли гузашта шумораи кормандони фаъол 23558 нафар афзуда, фонди музди меҳнат 437083 ҳазор сомонӣ (13,4 фоиз) фузудааст. Дар маҷмуъ, дар раёсатҳои Агентии ноҳияҳои шаҳри Душанбе дар соли 2022 68 771 нафақахӯр ба қайд гирифта шудааст, ки дар қиёс ба соли гузашта 8849 нафар зиёд мебошад (14,8 %). Соли сипаришуда андозаи миёнаи нафақа дар пойтахт 414,6 сомониро ташкил додааст. Дар ин давра 1730 нафақахӯр фавтида, ба 872 оила барои анҷом додани маросими дафн 772,2 ҳазор сомонӣ кумакпулӣ ва нафақаи моҳҳои гузаштаи шахсони фавтида пардохт гардидааст, - иброз намуд М. Мирализода.

Маврид ба ёдоварист, ки дар раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳри Душанбе аз 126 корманд 60 нафарро занону духтарон ташкил медиҳанд. Бонувон дар вазифаҳои роҳбарикунанда 2 нафар, хизматчии давлатӣ – 35 нафар ва ба ҳайси кормандони техникӣ 23 нафар мебошанд.

 Меҳрубон Мирализода аз соли 2019 ҳамчун сардори раёсати мазкур ифои вазифа намуда, дар риштаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа беш аз 25 сол заҳмати содиқона кашидааст. Соли 2018 бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз шудааст.

Ситора АШӮРОВА

:.  Иҷтимоъ 01.02.2023 13:13 492

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz