23-юми июли соли 2022 дар таваллудхонаи рақами 2-и шаҳри Душанбе тифле ба дунё омад, ки шаҳрванди 10-миллионуми Тоҷикистон гардид. Падари навзод Фаридун Баротов муҳоҷири меҳнатӣ буда, модараш Махфират Шокирова бонуи хонашин аст. Ба гуфти модари тифли некбахт, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба навзоди оламафрӯз Фирдавс ном гузоштанд. Фирдавси Фаридун нахустфарзанди cокинони ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Фаридун Баротов ва Махфират Шокирова буда, бо вазни 3 килограмму 250 грамм ва бо қомати 50 сантиметр ба дунё омад.
Ба гӯшаи хаёл ҳам надоштам, ки фарзанди мо шаҳрванди 10-миллионуми Тоҷикистон хоҳад шуд ва дар бораи чунин иқдомҳо хабар ҳам надоштам.
Пас аз валодат муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён ва муовини раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода ба таҳнияти мо омаданд ва ҳадияи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе
Рустами Эмомалӣ, яъне калиди хонаи сеҳуҷрагиро ба мо супурданд. Лаҳзаи ғайриинтизор буд, ки аз ҳаяҷон даступо хӯрдам. Ин хушхабарро нахуст ба шавҳарам расондам, чун ӯ дар муҳоҷирати корӣ буду мо аз надоштани манзили муайяни зист азият мекашидем,- мегӯяд бо ҳаяҷони зиёд Махфират.
Зодмандони тифл маълумоти пурраи миёна доранд. Фаридун Баротов ҳанӯз хонандаи синфи 11 буд, ки модарро аз даст дод. Сӯи пайроҳаи илм гом ниҳод. Бо талошҳо ба донишгоҳ дохил шуд, вале, пас аз фавти падар, ки саробонии оила ба дӯши ӯ афтод, аз таҳсил даст кашид, агарчи мехост шаҳди даврони тиллоии умр бичашад. Ӯ барои додару хоҳараш ҳам падар буду ҳам модар. Онҳоро парасторӣ намуду тарбияи дуруст дод ва кӯшид, ки дар замири онҳо тухми меҳру муҳаббат бикошад ва аз муқаддасот бигӯяд. Ҳамин буд, ки бародараш хизмати Модар-Ватанро сарбаландона адо намудаву ҳоло паҳлуи ӯст. Хоҳари ягонаашро оиладор намудаву доим аз аҳволаш бохабар аст.Аксар чунин мепиндоранд, ки дар шаҳрҳои бузург, мисли шаҳри Душанбе, тарбия намудани фарзандон нисбат ба бачагони деҳот басо душвор аст, вале Фаридун тавонист барои фарзандони падар тарбиятгари хуб бошад.
Ормони модар
Махфират Шокирова дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ба камол расидаву МТМУ № 16-ро бо баҳои хуб хатм намудааст. Ҳаваси табиб шудан дошт, аммо вазъи нохуби иқтисодии оила монеи таҳсил гардид.
- Падару модарам соҳибмаълумот набуданду ҷойи кори доимӣ ҳам надоштанд. Бародарам рӯзирасон буд. Ба ҳар ҳол, дар курси семоҳаи тиббӣ таҳсил намудам, то ёрии аввалини тиббиро дар оила расонда тавонам. То ҳанӯз шарари муҳаббат ба пешаи табибӣ дар қалбам ҷӯш мезанад. Агар имкон даст диҳад, мехоҳам дар риштаи тиб таҳсил намоям, - ифшои роз кард Махфират.
Модари тифл худро хушбахттарин зан меҳисобаду аз баракати қудуми фарзандаш сарфароз аст. Вай аз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ барои таваҷҷуҳу ғамхорӣ ва туҳфаи арзишманд бағоят сипосгузор аст.
Ин оилаи хуштолеъро ҳангоми вуруд ба хонаи нав муовини Сарвазири кишвар Матлубахон Сатториён ва муовини раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода ва наздикону пайвандон ҳамроҳӣ карданд. Хонаи сеҳуҷрагии шаҳрванди хуштолеи Тоҷикистон дар яке аз биноҳои истиқоматии навбунёди пойтахт, воқеъ дар кӯчаи Зарафшон, бо тамоми ашёи рӯзгор муҷаҳҳаз аст.
Табибони Маркази саломатии № 14 тифлро зери назорати доимӣ қарор дода, пайваста аз ҳолаш бохабаранд. Духтури оилавӣ Шаҳрбону Юсуфова саломатии Фирдавсро хуб арзёбӣ менамояд ва мегӯяд, ки ӯ мувофиқи синнаш инкишоф ёфта истодааст.
Оянда
Модари Фирдавс мехоҳад, ки ҷигаргӯшаашро солиму бардам дар руҳияи ватандӯстӣ ба камол расонад.
- Ҷавобан ба ғамхориҳо, мекӯшам, ки писарам нафари нафърасони ҷомеа бошаду хидмати Модар-Ватанро ба ҷой оварда, вазифаи шаҳрвандии худро иҷро намояд. Ҳамеша ба оянда ба назари нек менигарам ва ба ҳама тавсия медиҳам, ки дар зиндагӣ некбин бошанд, зеро покандешон ҳеҷ гоҳ аз муҳаббат бенасиб намемонанд, - иброз намуд Махфират.
Боиси тазаккур аст, ки дар давоми 30 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон шумораи аҳолии кишвар аз 5,5 миллион ба 10 миллион нафар расид. Мувофиқи маълумоти оморӣ ҳар сол дар Тоҷикистон беш аз 200 ҳазор тифл ба дунё меояд.
26 майи соли 2018 сокини нуҳмиллионуми кишвар - духтарчае дар оилаи Назира Муллоҷонова ва Фирӯз Рофиев ба дунё омада буд. Ҳамин гуна шаҳрванди 8 миллионум низ духтарчае буд, ки 5-уми феврали соли 2013 чашм ба дунёи ҳастӣ кушод. Шаҳрванди 7-миллионум писарчае буд бо исми Фаридун, ки 13 августи соли 2006 дар шаҳри Душанбе дида во намуд. Ёдовар мешавем, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе ба волидони ин тифлон манзилҳои нави истиқоматӣ бо тамоми шароитро тақдим карда буданд.
Фарзона ВОСЕЕВА