Бо роҳбари Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумиии № 6 ба номи Шарифҷон Ҳакимови шаҳри Истаравшан Ҳикматой Мусоева суҳбат кардан гуворост. Ӯ соли 2003 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуровро бо ихтисоси муаллими синфҳои ибтидоӣ ва соли 2021 факултаи таърих ва ҳуқуқи ин Донишгоҳро хатм кардааст, дониши васеъ ва ҷаҳонбинии фарох дорад.
30 сол ба таълиму тарбияи насли наврас машғул будаву дар шуъбаи сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандии шаҳри Истаравшан низ заҳмат кашидааст.
Соли 2012 ӯро мудири кӯдакистони № 9 «Афзун» таъин карданд. Кӯдакистоне, ки вайрону валангор буд. Ҳикматой бо ҷалби волидон кӯдакистонро тармим кард. Бачаҳо дар ду гурӯҳ ба таълиму тарбия фаро гирифта шуданд, 18 нафар бо кор таъмин гашт. Моҳи ноябри соли 2013 Ҳикматойро ба кӯдакистони № 5 роҳбар таъин карданд ва дар ин ҷо низ раванди таълиму тарбия мувофиқи талаботи замон ба роҳ монда шуд ва номи роҳбари он вирди забонҳо гардид.
Дар шуъбаи маорифи шаҳри Истаравшан кайҳо ӯро ҳамчун роҳбари пухта, ташаббускор ва заҳматкаш шинохта буданд ва дилпурона ӯро ба вазифаҳои нави роҳбарӣ пешбарӣ мекарданд. Соли 2016 ба Ҳикматой роҳбарии МТМУ № 5-и шаҳрро бовар карданд. Албатта, идораи мактаби калон назар ба кӯдакистон душвор буд, аммо Ҳикматой дар муҳлати кӯтоҳ ба дили муаллимону хонандагон роҳ ёфт ва рафти таълиму тарбияро комилан ба самти мусбат тағйир дод ва тули 4 соли роҳбарӣ ин муассиса дар шаҳр яке аз беҳтаринҳо шуд.
Соли 2021 дар шуъбаи маорифи шаҳр тасмим гирифтанд, ки Ҳикматойро боз ба як мактаби дигар, МТМУ № 6, ки камбудиҳои зиёд дошт, директор таъин кунанд…
- Ростӣ, бинои куҳнаи мактаб, ки соли 1932 сохта шудааст, бо дарҳои фарсудаву деворҳои рангпарида ба вайронае шабоҳат дошт. Дар қадами аввал бо маслиҳат ва маблағи Ассотсиатсияи падару модарон ҳамаи дарҳои фарсударо бо дарҳои пластикӣ иваз кардем. Инчунин, 24 камераи назоратӣ гузоштем. Акнун ният дорем, ки тирезаҳоро ҳам иваз намоем. Заминҳои атрофи мактабро, ки ба ҳоли худ гузошта шудаанд, тахту ҳамвор ва шудгор карда, сабзавоткорию боғдориро ба роҳ мемонем, - мегӯяд Ҳикматой Мусоева.
Танҳо дар давоми як соли корӣ ба мактаб 13 нафар омӯзгори ҷавони соҳибихтисос ҷалб гардид. 27 нафар хатмкарда ба донишгоҳҳо шомил шуд, аз ҷумла 12 нафар ба муассисаҳои таълимии Федератсияи Россия, ки беҳтарин натиҷаи Муассиса дар солҳои охир ба ҳисоб меравад. Аз ҳама муҳимаш, 100 дарсади духтарон ба зинаи болоии таҳсил фаро гирифта шуданд, ки натиҷаи хуби ҳамкорӣ бо волидон аст.
Ҳикматой Мусоева яке аз бонувони фаъол дар шаҳри бостонии Истаравшан маҳсуб меёбад, ки дар маъракаву маросимҳои фарҳангию сиёсӣ фаъолона ширкат меварзад. Рӯзе, ки мо дар Истаравшан будем, ӯро чун ровии хушбаён ба радиои маҳаллии «Парвин» хонданд, то дар қироати шоҳасари Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» ширкат варзад. Муаллим даъватро бо камоли майл пазируфт.
- Шукр, ки сарварии Тоҷикистони азизи моро муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ ба уҳда гирифтанд, дар як фосилаи кӯтоҳ оқибатҳои ногувори ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро бартараф сохтанд. Дар ҳамаи ҷабҳаҳо, аз ҷумла дар соҳаи маориф ислоҳоти муфид амалӣ гардид. Ман ҳам алоқадри ҳол мекӯшам, то дар ҳар вазифае, ки муносиб мебинанд, софдилона ва поквиҷдонона кор кунам, дар пешрафту ободии кишвари маҳбуб саҳм гузорам, - меафзояд ӯ.
Ҳикматой Мусоева модари дилсӯзи се фарзанди дилбанд аст. Писараш Азимҷон корманди масъули мақомоти корҳои дохилӣ буда, имрӯзҳо, бо вуҷуди яккаписар буданаш, дар ҳифзи марз, дар Исфара хизмат мекунад. Фирӯзабону донишҷӯ ва Дилором мактабхонанд.
Ҷӯра ЮСУФӢ,
шаҳри Истаравшан